15 Октябр 2022
Субҳи имрӯз бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёди шаҳрвандон шанбегии умумишаҳрӣ ва ташкил ва баргузор карда шуд.
Ҳашарҳои дастҷамъона бо ҷалби коллективҳои меҳнатии ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеъият дар атрофи муассиаҳо, роҳу кӯчаҳо, хиёбону гулгаштҳо, ҷойҳои ҷамъият, ҷӯйборҳо муташаккилона гузаронида шуданд.
Ҳамзамон бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар ҳарду соҳили дарёи Сир аксияи “Тозагии соҳил” бо ҷалби донишҷӯён ташкил гардид, ки ин рӯди зеборо боз ҳам мунаввар намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд