05 Октябр 2022
Мо мардуми шарафманди шаҳри бостонии Хуҷанд дар остонаи милоди мубораки Шумо-Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пайки тозаву нишотбахш, ин ҳам бошад аз ҷониби Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия бо ордени “Барои хизмат дар назди Ватан” дараҷаи 3 сарфароз гардиданатонро шунида, хурсанду масрур гардидем ва фахру шодмонӣ менамоем, ки ба бахти мо чунин Роҳбар, Пешво, Президент насиб гардидааст, ки аз Шумо шахсиятҳои оламшумул ҳастед.
Воқеан ҳам мо шоҳиди он ҳастем, ки Шумо Пешвои муаззами миллат дар ин муддати хеле кӯтоҳ Тоҷикистонро аз вартаи басо мураккаб ва вазъи ҳассос раҳо намуда, аз оташи чандин буҳронҳои амиқи сиёсию иқтисодӣ гузаронида, ҳамчун як кишвари орому босубот ва ободу шукуфон дар сатҳи ҷаҳонӣ шиносондед.
Мо ифтихор аз он дорем, ки бо Пешвои миллати худ, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сию як соли Истиқлолият пойдевори давлатдории миллиамонро гузошта, ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем.
Дар ин росто муттаҳид шудан дар атрофи Пешвои миллат таъмини амнияту пойдории истиқлолият, сулҳу субот ва инкишофи давлату миллат, роҳ ба сӯи ҷомеаи мутамаддинро вазифаи ҷонии ҳар як сокини шаҳри бостонии Хуҷанд медонем.
Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи ҷадиду пурбор ва пурбаракати милоди накўятонро аз номи мардуми шарифи Хуҷанд таҳният менамоем.
Бароятон саодати дорайн, саломатии бардавом, тавфиқу пирӯзиҳои паёпай, сарбаландии комилро аз даргоҳи Яздони Пок орзумандем.
Мо хуҷандиён бо чунин фарзанди баору номуси миллат, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ном дорад, ифтихору сарфарозию саодатмандӣ менамоем.
Милоди ҳафтоди пурбаракат мубораку поянда бод!