28 Сентябр 2022
Имрўз дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикороти Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо мақсади таъмини дастрасии сокинон бо маводи сӯхти нисбатан арзон дар фасли зимистон дар микроноҳияи 34-и шаҳри Хуҷанд, назди саристгоҳи мусофиркашонии “Абрешим” ярмарка-фурӯши ангишт ташкил карда шуд.
8 адад мошинҳои калони боркаш бо миқдори беш аз 240 тонна аз корхонаи истеҳсолии ангишти КФ Шахтаи «Фон-Яғноб» маҳсулоти худро бо нархи хеле арзон- 70 дирамӣ барои як килограмм пешниҳоди сокинон намуданд.
Бояд қайд намуд, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини талаботи аҳолии мамлакат бо ангишт дар давраи зимистони солҳои 2022-2023, инчунин ҷиҳати ба танзим даровардани нархи ин намуди маводи сӯхт дар бозори истеъмолӣ ярмарка-фурӯши ин маҳсулотро ба роҳ мондааст.
Чунин ярмаркаҳо имконият медиҳанд, ки сокинон барои сипарӣ намудани зимистони имсола миқдори зарурии маводи сӯхтро бо нархи чанд маротиба арзон харидорӣ намуда, захира намоянд.
Ярмарка то санаи 1.10.2022 амал мекунад.
Марҳамат ба ярмарка-фурӯши ангишт!
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд