26 Сентябр 2022
Тоҷикистону Қирғизистон тайи музокироти 20-сола дар масоили марзӣ даҳҳо протокол имзо намудаанд, аммо ҷониби Бишкек танҳо бандҳоро амалӣ мекунад, ки мақбулашанд.
Даҳҳо санади имзошуда миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз имзо шудаанд, аммо бо гузашти вақту тағйири қувваҳои сиёсӣ дар қудрат дар Бишкек, ин санадҳо таҷдиди назар мешаванд.
Ин нуктаро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронияш дар иҷлосияи 77-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баён дошта, афзуд ҷониби Бишкек танҳо бандҳоеро иҷро мекунад, ки мақбулашанд.
"Ба ҳолати имрӯз, ҳар ду кишвар тавонистанд, то 602,5 км-и сарҳадро ҳамоҳанг намуда, шарҳи лоиҳавии онро омода намоянд, ки ин 61% аз дарозии умумии онро ташкил медиҳад", - гуфт вазир.
Вай афзуд, Тоҷикистон, бо такя ба таҷрибаи байналмилалии муайянсозии сарҳадҳо, борҳо ба ҳамсояҳо пешниҳод намуд, то натиҷаҳои кори бисёрсоларо дар ин самт тавассути имзои шартнома дар бораи қитъаҳои алоҳидаи сарҳад аз лиҳози юридикӣ қайд намояд. Аммо ҳамсояҳои мо ин пешниҳодро қатъиян қабул надоранд, гуфт ӯ.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин аз гузашти Душанбе дар масоили марзӣ суҳбат кард.
Ӯ гуфт, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати шарҳи гузариши хатти сарҳади давлатӣ мутобиқ ба тақсимоти марзӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ба созиш расидаанд. Маҳз ҳамин санадҳо ҳамаи тартиботу равишҳои конститутсиониро гузашта, аз ин лиҳоз заминаи ягонаи ҳуқуқии идомаи раванди музокиротро ташкил медиҳанд гуфт ӯ.
"Новобаста ба ин, ба мақсади нишон додани ҳусни ният ва хушоҳангии ҳадди аксар мо бо ҳамсояҳо розӣ шудем, ки ҳамчунин маводди комиссияи баробарии соли 1989-ро, ки Қирғизистон пешниҳод кард, истифода намоем", - илова намуд Сироҷиддин Муҳриддин.
Вай таъкид намуд, ки ҷониби Тоҷикистон омода аст, музокиротро идома диҳад ва муътақид аст, ки мардумони тоҷику қирғиз ҳақ доранд ҳамроҳ дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ҳамоҳангӣ зиндагӣ намоянд.