(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБаъди баромади бўҳтономези президенти ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов аз минбари баланди СММ чунин ба назар мерасад, ки дигар бўйи умеду орзуи аҳди дўстӣ бо кишвари ҳамсоя аз байн рафтааст, аниқтараш қирғизҳо намехоҳанд, ки бо мо дўст бошанд. Ин дар ҳолест, ки 19 сентябри соли 2022 дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» мулоқоти Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев баргузор гардид ва аз ҷониби раисони КДАМ-и ду кишвар протокол имзо гардид, ки тибқи он қувваҳои низомии иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, амнияти сокинон таъмин карда мешавад.

Роҳбари давлате, ки ба ҷойи он, ки ҳимояи амну осиштаи шаҳрвандонаш ҷаҳд намояд, баръакс бо нишондоди вазири балвогараш Қамчибек Тошиев вазъро шиддат мебахшад ва "маъракаи фарогири душмантарошӣ» густурда менамояд, оё мавкеъ ва сухани созанда дошта бошад?. Ё худ ӯро чӣ гуна метавон Президенти як давлат унвон намуд???

Гузашта аз ин 18 сентябр дар наздикии дидбонгоҳи сарҳадии “Сарҳадчӣ” дар ноҳияи Лахши Тоҷикистон 4 адад техникаҳои вазнини ҳарбии зиреҳпуши (“БТР”, “БМП”, “БРДМ” ва “ЗУ”) 22 мм-и Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон ба қайд гирифта шуд.
19 сентябр дар наздикии маҳаллаи аҳолинишини ба номи А.Лоҳутӣ дар шаҳри Конибодом ҷойгиршавии 12 адад техникаҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон ошкор карда шуд.

Ҳамчунин, 19 сентябр дар масофаи начандон дур аз дидбонгоҳи сарҳадии №3 “Нуробод” дар ноҳияи Деваштич ҳузури қушунҳои таъйиноти махсуси Қирғизистон бо шумораи 70 нафар муайян карда шуд.

Ин ҳама нақзи уҳдадориҳои дар протоколи имзошудаи ҷонибҳо нест?

Дў рўзи охир Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бонги изтироб мезанад, ки амалҳои сершумори вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки аз қаламрави Қирғизистон парвоз мекунанд, идома доранд. Якчанд маротиба парвози ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон дар болои шаҳрҳои Исфара, Конибодом, ноҳияҳои Деваштич, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Лахш, Рашт ва Мурғоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида карда шудаанд. Дар посгоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон «Росровут», «Муряк» ва «Нуробод» низ ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон мушоҳида гардиданд. Ин маънои чиро дорад? Ба намоишгузории қудрати техникаи ҳавоии ҳарбӣ? Аксбардории ҳудудҳои кишвари мо бо мақсади ниятҳои нопоки минбаъда??? Агар тасаввур кунед, ки чунин амалро кишвари мо анҷом диҳад, қирғиз то ба Моҳ муроҷиат менамояд.

Ва кишвари мо аз ҷониби Қирғизистон талаб намуд, ки фавран вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъ кунад. Дар акси ҳол, ҷониби Тоҷикистон вазъро ҳамчун омодагӣ ба таҷовузи навбатии Қирғизистон арзёбӣ менамояд, ки масъулияти он бар дӯши ҷониби Қирғизистон вогузор хоҳад шуд.

Дар моддаи якуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, ки "Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – хат ва сатҳи амудии аз ин хат гузарандааст, ки ҳудуди қаламрави давлатии (хушкӣ, обҳо, қаъри замин ва фазоӣ ҳавоии) Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҳадди фазоии амали соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

Ё худ дар моддаи 3-и Қонуни номбурда, ки «Ҳимоя ва муҳофизати Сарҳади давлатӣ» ном дорад, омадааст: «Ҳимояи Сарҳади давлатӣ ҳамчун ҷузъи системаи таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи сиёсати давлатии сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти мувофиқашудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, ки онҳо дар доираи ваколатҳои худ бо роҳи андешидани тадбирҳои сиёсӣ, ташкилию ҳуқуқӣ, дипломатӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ, сарҳадӣ, разведкавӣ, зиддиразведкавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, гумрукӣ, ҳифзи табиат, санитарию эпидемиологӣ, экологӣ ва дигар тадбирҳо ба роҳ мемонанд, иборат мебошад. Дар ин фаъолият мувофиқи тартиби муқарраргардида корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон иштирок менамоянд».

Агар тибқи қонунгузории кишвар ва тамоми мамолики дунё амал намоем, имрӯз воқеан ҳам Ҷумҳурии Қирғизистон қонуни кишвари мо ва қонунҳои байналмилалиро сарфи назар карда, онро дағалона вайрон намуда истодааст.

Таъқиби шаҳрвандони Тоҷикистон, талаби ихроҷи донишҷўёни тоҷик аз Қирғизистон таҳдиду таҳкир ба Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ҳалқаҳои як занҷиранд, ки он хама дар дасти Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев меистад.
Оё ҷониби Қирғизистон ӯҳдадориҳои хешро, ки аз меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бармеоянд, иҷро карда метавонад ё не? Оё ҳокимияти марказии ин давлат вуҷуд дорад ё не?

Аз ҳама аҷибаш он аст, ки бо вуҷуди чандин ин ҳама қонуншиканиҳо ва риоя накардани уҳдадориҳо баъди «зарбаи мушт» ҷумҳурии Қирғизистон боз кишвари моро ба авҷи муноқишаҳои марзӣ гунаҳкор медонад.

Бояд қайд намуд, ки дар тӯли 12 сол дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз 230 ҳодисаи мусаллаҳона сабт шудааст, ки ин ҳама бо иғвоҳои қаблан тарҳрезишудаи кишвари ҳамсоя амалӣ карда мешавад. То ҳадде, ки хабару изҳоротҳояшон қаблан навишта мешавад, ки ин борҳо дар ВАО инъикос ёфтааст. Ва ин ҳама шаҳодати нақшаҳои тираи Тошиев бо ҳадафи дур намудани масоили дохилии кишвараш аз назари аҳолӣ аст.

Солҳои аввал ҷониби Тоҷикистон бо дидани талафоти ҷонӣ миёни аҳолии осоишта ва низомиён аз ҳар гуна иқдоми ҷавобӣ худдорӣ мекард. Гузашта аз ин, Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ борҳо маъракаи халъи силоҳи аҳолиро анҷом дода, маъракаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангиро роҳандозӣ намуд, дар ҳоле, ки ҳамсояҳои мо сиёсати тамоман дигарро пеш гирифта будаанд. Баъди ҳодисаҳои апрели соли 2021 то ба имрўз бар асари вайрон намудани уҳдадориҳои ҷониби қирғиз даҳҳо сарбозон ва аҳолии осоиштаи мо ҷони худро дар сарҳад бохтанд. Кишвари мо ҳамаи инро чашм пўшида, ба хотири сулҳу амният ҷавоби ҳарбӣ надод.

Сиёсати таҳаммулпазирӣ ва пос доштани оини ҳамсоядорӣ низ марзу ҳудуди муайян дорад. Гузашт карданҳо ба ҳар амали иғвогарона ва таҳдиди ҷангиёнаи ҷониби кишвари ҳамсоя маънои нотавонии кишвари муқтадири ҳам аз лиҳози аҳолӣ ва ҳам аз лиҳози ҳарбии моро надорад!

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки ҳамагӣ «ду мушти обдор» моҳи апрели соли 2021 ва сентябри соли 2022 кишвари ҳамсояро то кадом андоза дар ҳолати ногувор гузошт ва ҳатто мустақилияти кишвари ҳамосяро зери суол бурд.

Пўшида нест, ки иқтидори ҳарбии мамлакати мо аз тасаввур бештару беҳтар аст, ба ростӣ то ба ин сатҳ расидани техникаву лавозимоти ҳарбӣ, тартибу низом, аслиҳаву муҳимоти муосири ҷангӣ муҷаҳҳаз намудани Артиши миллӣ ва мақомоти қудратии Тоҷикистони азизамон дар тамоми қаламрави кишвар боиси аҳсану офарин аст.

Табиист, ки ин ҳама бо сайъу талоши Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои шабонарӯзии ин абармарди миллат рўйи кор омадааст. Зеро Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар, яъне дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, дар майдони холӣ аз таъсис дода шуд.

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст.

Бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Яъне афсарону сарбозони ватандӯст ва бонангу номуси мо дар давраи бисёр мураккабу вазнин вазифаи таърихии худро дар назди Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона ва ҷавонмардона иҷро карданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи талхи ҷангро дорад ва дарк менамояд, ки ҳар низоъ ва муҳорибаҳои ҷангӣ то кадом андоза ҳисорот меорад ва дар рушди минбаъдаи ҳар як кишвар то кадом андоза таъсиргузор боқӣ мемонад. Аз ин лиҳоз ҳеҷ гоҳ ҷонибдори авҷи муноқиаҳои марзӣ набуд ва нест.

Аммо кишварҳое, ки бо амалкарди як ду балвогар ва дасти сеюм амал намуда, ба тамоми арзи Тоҷикистон хатар эҷод менамояд, чӣ бояд кард?

Мор хазандаи хеле хавфнок ба саломатии инсон арзёбӣ мегардад. Бо вуҷуди ин бисеёр инсониҳои раҳмдил морро ба ҳолаш мегузоранд, ки то ин ки раваду зиён нарасонад, шуд.

Аммо вақте, ки мори ба ҳолаш гузошташуда, ҳар боре сар бардорад, чӣ бояд кард?

Море, ки сар бардошт….



Маъмури Юсуфзод
Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...