22 Сентябр 2022
Бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии аҳолии аз низоъҳои ахири наздисарҳадӣ зарардида ва аъзои оилаи қурбониёни шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.
Он аз маводи хурока, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, фанер ва гипсокартон 1500 метри мураббаъ, 5 тонна мехҳои гуногун, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тонна ангишт, 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ ва 25 тонна шакар иборат аст.
Гуфта мешавад, ки кӯмаки зикршуда асосан ба оилаҳои сокинони ҷамоатҳои Чоркуҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро расонида шуд.