26 Сентябр 2014
Соли равон як гурӯҳ волидайне,ки фарзандонашон нуқсони шунавоӣ ва нутқ доранд ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо дархости ташкили синфҳои махсуси таълими барои чунин кӯдакон муроҷиат намуда буданд. Зеро дар шаҳри Хуҷанд барои таълими кӯдакони нуқсон дошта шароит мавҷуд набуд.
Бо назардошти ин дархост дар мактаб-парваришгоҳи ёрирасони маркази вилоят дар ду синфи махсуси таълимӣ бо тамоми шароитҳои мавҷуда ташкил карда шуда, 19 нафар кӯдакони синни мактабӣ,ки иллати шунавоӣ ва нутқ доранд имконияти мактабравиро пайдо намуданд. Ба онҳо 2 нафар омӯзгор ва як нафар нуқсоншинос таълим медиҳанд. Раиси шаҳри Хуҷанд баъди шиносии ҳаматарафа аз рафту сифати таълими ин кӯдакон изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳангоми сӯҳбат тарбиятгарон аз Раҷаббой Аҳмадзода дархост намуданд, ки барои қабули духтур-асабшинос ва таъмини доруворӣ мусоидат намояд. Раиси шаҳри Хуҷанд ба мудири маорифи шаҳр ва роҳбари дастгоҳ супориш дод,ки барои ҷудо намудани воҳиди корӣ,қабули духтур асабшинос ва таъмини доруворӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чораҳои фаврӣ андешанд.
Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд аз ҷараёни барои кӯдакони ақлан сустинкишофёфта, низ ошно шуд. Ҳоло дар ин парваришгоҳи махсус 208 нафар чунин наврасон ба таълиму нигоҳубини махсус фаро гирифта шудаанд.Ҳайати кормандон 70 нафар буда, ба ғайр аз таълим бо усули махсус наврасони имконияташон маҳдуд ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб карда мешаванд.
Раҷаббой Аҳмадзода аз маҳсули меҳнати таълимгирандагони мактаб ва синфхонаҳои махсусгардонишуда, ки барои омӯзиши ҳунарҳои либосдӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ пешбинӣ шудаанд дидан намуд.
Дастур дода шуд,ки ба мактаби мазкур ду дастгохи адрасбофӣ низ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд харидорӣ карда шуда, таълими ин ҳунари мардумӣ низ ба роҳ монда шавад.Ҳамчунин тибқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд иқтидори дегҳои гармидиҳии мактаб-парваришгоҳ зиёд карда шуда, барои дар ҳарорати лозима нигоҳ доштани ҳуҷраҳои хобу таълими мактаб шароит фароҳам оварда мешавад.
Ба Раиси шаҳри Хуҷанд ду нафар волидайни тарбиятгирандагони мактаби мазкур яке аз шаҳри Истаравшан ва дигаре ноҳияи Ҷаббор Расулов аз шароиту имкониятҳои таълиму тарбия ғизонокӣ, фаъолияти омӯзгорон сипосмандии худро изҳор намуданд.
«Огоҳ шудан ва фароҳам овардани тамоми шароитҳои мавҷуда барои ин муассисаҳои таълимии иҷтимоӣ тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистгон, Ҷаноби Олӣ, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Зеро ғамхорӣ нисбати кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд, таҳти назорати доимӣ ва бевоситаи сарвари давлат аст.»-қайд намуд Раиси шаҳр ҳангоми сӯҳбат бо омӯзгорон ва волидайн.
Раиси шаҳри Хуҷанд барои эътибори ҷиддӣ додан ба саломатӣ ғизонокии хӯроки наврасон ва ғамхорӣ нисбати онҳо ҳайати омӯзгорон ва мутасаддиёни соҳаро вазифадор намуд.