(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода, роҳбарияти раёсати маорифи вилоят, аҳли маорифи шаҳр машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид.

Абдураҳмон Шарипов, мудири шуъбаи маорифи шаҳр машваратро оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳамасола баргузории машварати августии омўзгорон ва кормандони соҳаи маориф дар арафаи оғози соли нави таҳсил ва таҷлили ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми нек буда, нишони қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба меҳнати фидокоронаи омўзгорон мебошад. Чун анъана дар машварат бурду бохти соҳа таҳлил ва баррасӣ карда мешавад. Ҳамзамон нақша барои соли нави таҳсил тарҳрезӣ мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар шаҳри Хуҷанд 50 мактаб, аз он ҷумла 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 литсей, 4 гимназия, 15 мактаби хусусӣ, 1 мактаб интернати давлатӣ барои кўдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд, 1 комплекс кўдакистон-мактаби махсус барои кўдакони қувваи босираашон суст ва нобино ва Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамояд.

Шумораи умумии хонандагон 44 793 нафар буда, ба онҳо 2525 нафар омўзгорон таълиму тарбия медиҳанд.

Дар 47 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 468 нафар мураббиён кору фаъолият доранд.

Соли таҳсили 2021-2022 бинои нави муассисаҳои таълимии ғайридавлатии “Мактаби Пўлотов” ва “Мактаби Оксфорд” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Дар муассисаҳои таълимии шаҳр 44 нафар ятимони кулл таълиму тарбия мегиранд. Бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон барои кўдакони ятиму маъюбон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, саховатмандон ва сарпарастон дастархони идона ташкил карда шуд.

Бояд қайд кард, ки давоми 5 сол тибқи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» - 766 адад компютер харидорӣ карда мешуд. Дар соли 2022 бошад, харидории 154 адад компютер ва 13 адад тахтаи электронӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар нимсолаи якуми соли 2022 ба муассисаҳои таълимӣ 154 адад (100%) компютер ва 51(312%) адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда шудааст ва 23 муассисаи таълимӣ бо китобхонаи электронӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Айни замон, дар 50 муассисаҳои таълимӣ 74 синфхонаҳои компютерӣ, 1937 адад компютер, 286 адад принтер, проектор 322 адад ва тахтаи электронӣ 269 адад мавҷуд буда, хамаи синфхонаҳо ба шабакаи Интернет ва шабакаи дохилӣ пайваст карда шудаанд. Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисон ва омўзгорон дар давоми таътили зимистона ва баҳоронаи соли 2022 курсҳои даҳрўза барои 693 нафар омўзгорони муассисаҳо ташкил ва гузаронида шуд. Аз маълумотҳои гирифташуда, омўзгорон маҳорати касбӣ, рушди фарҳанги техникии хешро баланд бардоштанд ва усулҳои нави иноватсиониро азхуд намуданд. Таҷрибаи пешқадами педагогии 36 нафар муаллимони мактабҳо, дастурҳои методии 64 нафар омўзгорон омўхта ва паҳн карда шуданд.

Сипас, Мадина Салимова, мудири кўдакистони №36 ва Ҷӯрабой Бобоҷонов, омўзгори литсейи политехникии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба музокира баромада,доир ба роҳҳои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ андешаронӣ намуданд.

Дар ҷараёни машварат сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода низ баромад намуда, фикру мулоҳиаҳои хешро доир ба пешрафти соҳа баён дошт.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар назди маорифчиён баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки ҳамаи Шумо аз таҳаввулоту равандҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир огаҳӣ доред ва хуб дарк мекунед, ки сатҳи рушди ин ё он давлатро пеш аз ҳама пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад. Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таълимӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм маҳсуб мешавад ва барои расидан ба ин мақсад дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст. Боиси ифтихору сарбаландии аҳли маориф аст, ки дар доираи сафари корӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти томактабии №18-уми ба номи “Шукуфаи Истиқлол”-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат бо мақсади дастгирии мутахассисони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи маориф бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ, ки дар маҳаллаи 8-уми шаҳр воқеъ аст, бунёд гардид ва 11 нафар кормандони соҳаи маориф соҳиби хонаҳои истиқоматӣ гардиданд. Инчунин дар оғози соли нави таҳсил ифтитоҳи Мактаби русӣ, ки бо ибтикори кишвари дӯсти Федератсияи Россия бунёд гардидааст, дар назар аст. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр пешрафти хонандагони лаёқатманд зери назорати махсус қарор дода шуда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати маърифатомўзии онҳо шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Соли равон дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 118 нафар хонандагон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, сазовори диплому ифтихорномаҳо гардиданд. Дар соли таҳсили 2021-2022 ба тариқи онлайн наздик 1000 нафар хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ иштирок намуда, ба гирифтани 441 ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳр ба гирифтани аттестати аъло бо медали тиллову нуқра сазовор мегарданд. Соли таҳсили 2021-2022 - 2 нафар хатмкунандагони литсейи физикӣ-математикии рақами 1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ муассисаро бо аттестатати аъло ва медали тилло хатм намуданд. Соли равон 71 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба гирифтани стипендияи Президентӣ мушарраф гашта, 60 нафар сазовори стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд гардиданд.

Бо мақсади ташаккул додани маърифати хонандагон, ҷалби бештари онҳо ба тадқиқоти илмӣ, иншои мақолаю гузоришҳои пажўҳишӣ ва дар ин замина дарёфти хонандагони болаёқату соҳибистеъдод ҳамасола сессияи Академияи хурди илмҳо баргузор мегардад. Дар даври ҷумҳуриявии сессияи Академияи хурди илмҳо 77 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, 15 нафар аъзо-корреспонденти ҳақиқӣ гашта, 14 нафар ба узвияти вобастаи Академияи мазкур пазируфта шуданд.

Таъкид гардид, ки дар баробари рушди дигар соҳаҳо дастовардҳо дар соҳаи мааориф тайи солҳои охир хеле назаррасанд. Маҳз натиҷаи чунин ғамхориҳо буд, ки имрўз хонандагони мактабҳои мо дар олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайваста ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, эътироф ва қадрдонӣ карда мешаванд. Ин ҳама натиҷаи заҳмати холисонаи Шумо-омўзгорон аст.

Албатта, дастоварду комёбиҳои аҳли маориф хеле зиёданд, аммо то ҳануз ба таври комил онҳо моро қонеъ карда наметавонанд ва муассисаҳои таълимӣ дар ин самт бояд меҳнати фидокорона ва тарбияи шоистаи насли наврасро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, дастоварду комёбиҳои ҳам омўзгорон ва ҳам шогирдонро афзунтар намоянд.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста ҷиҳати бузургдошти шахсияти муаллимону мураббиён ғамхориҳои бузург зоҳир менамоянд, дар яке аз баромадҳои худ дар шаъни омўзгорон чунин фармудаанд: «Муаллимону омўзгорон машъалафрўзони илму дониш буда, дар замири хонандагон шўълаи меҳри хондану аз бар намудан ва омўхтани донишҳои гуногуни муосири ҷаҳониро меафрўзанд. Ба ибораи дигар устодон шаҳсутунҳои низоми таълиму тарбия ва омўзишу парвариш мебошанд».

Дар охир Раиси шаҳр таъкид намуд, ки ҳар яки Шумо-омўзгорон ба ҳама гуна арҷгузорию қадршиносӣ шоиста ҳастед, зеро пешаи омўзгорӣ басе сангину заҳматталаб, вале пурифтихор аст. Устодони маҳбуби мо баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия, шукуфоии имрўзу фардои кишвар ва афзудани обрўю эътибори ҷумҳуриамон дар арсаи ҷаҳон пайваста меҳнати фидокорона мекунанд.

Сипас ба як қатор фаъолону пешқадамон ва собиқадорони соҳа туҳфа ва ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...