24 Сентябр 2014
Колеҷи мазкур дорои ду намуди таҳсил 3 моҳа ва 3 сола буда таҳсил ба таври шартномавӣ сурат мегирад. Барои таҳсили 3 моҳа сертификат ва барои таҳсили 3 сола шаҳодатномаи ҳатмӣ нопурра дода мешавад. Ҳамчунин ин муассиса барои ошхонаву тарабхонаҳо пешхизматони касбиро омода мекунад.
Дар коллеҷ мутахассисони пуртаҷриба аз рӯи ихтисосҳои техник-иктисодчӣ, техник-технолог, техник –барномасоз, техник доир ба ташкил ва идоракунӣ, технологӣ маҳсулоти қаннодӣ, техник – технологӣ соҳаи хӯрока ва техник сохтмончӣ омода карда мешаванд. Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд бо донишкадаи шаҳри Москва, Донишкадаи техники шаҳри Симферопол ва Донишкадаи политехники Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шартномаҳои ҳамкорӣ бастаанд, ки дар асоси он хатмкунандагони коллеҷ метавонанд дар донишкаҳои номбаршуда таҳсилашонро идома диҳанд.
Таҷрибаомӯзии донишҷуён бевосита дар синфхонаҳои махсусгардонишудаи коллеҷ, ки дорои таҷҳизотхои муосир ва технологияҳои инноватсионӣ мебошанд, гузаронида мешавад. Қабули ҳуҷҷатҳо аз 23 сентябр оғоз гардида, то 2 октябр давом меёбад. Довталабон баъди хатми синфи 11 қабул карда мешаванд.