(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар МТМУ №17-и шаҳри Хуҷанд вохўрии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Чорчароғ, №10 ба ивази вакили хориҷшуда баргузор гардид.

Кимё Исматова, раиси комиссияи шаҳрии интихобот мулоқотро оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар асоси қарори иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум аз 13 июни соли 2022, № 171 “Дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум” дар ҳавзаи интихоботии Чорчароғ, № 10 ва тибқи моддаҳои 25 ва 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ва оид ба гузаронидани интихоботи вакилон ба ивази вакили хориҷшуда, ки санаи 7 августи соли 2022 баргузор мегардад, аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз 1 июли соли 2022, таҳти рақами 7 номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Чорчароғ, № 10 Бахтиёр Боқизода- муовини Раиси шаҳри Хуҷанд пешбарӣ гардид.

Ҳамчунин номзад Дилором Маллаева, директори Мактаби санъати ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд худпешбарӣ шуд. Аз ҷониби комиссияи ҳавзаи интихоботии Чорчароғ, № 10 ин 2 номзадҳо ба қайд гирифта шуданд.

Зикр шуд, ки дар вохўрӣ ҳайати комиссияи шаҳрии интихобот, комиссияи ҳавзавии интихобот, комиссияи участкаи интихоботии № 13 ва интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Чорчароғ, № 10- маҳаллаҳои Чорчароғ ва Хуҷанд иштирок доранд.

Сипас шахсони боэътимоди номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода – мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Хизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон, шахси боэътимоди номзади худпешбар ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Дилором Маллаева – муовини директори мактаби санъати ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд Фарангис Норматова дар бораи номзадони пешбаришуда маълумоти муфассал доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ иштирок ва баромад намуд. Сипас номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Чорчароғ, № 10, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода баромад намуда, доир ба нуктаҳои мухими барномаи пешазинтихоботии хеш маълумот дод.

Кимё Исматова-раиси комиссияи шаҳрии интихобот мулоқотро ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла таъкид намуд, дар асоси моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба ташвиқоти пешазинтихоботӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ, ки ба вакилӣ номзад пешниҳод намуданд ва ба намояндагони номзадҳои мустақил ҳуқуқ дода мешавад, ки ба тарафдории номзадҳои худ ташвиқот баранд.

Инчунин ба номзадҳо ба вакилӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки расонаҳои ахбори оммавиро баробар истифода кунанд ва бо интихобкунандагони худ дар маҷлисҳо ва дигар шакле, ки ба интихобкунандагон мувофиқ аст, вохўриҳоро ташкил намоянд.

Бинобар ин ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо метавонанд то 6 августи соли 2022 дар участкаи интихоботии ҳудуди ҳавзаи интихоботии Чорчароғ, № 10 вохўриҳои пешазин-тихоботии худро гузаронанд.

Иттилоъ дода шуд, ки интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд дар ҳавзаи интихоботии Чорчароғ, №10, санаи 7-уми августи соли 2022 баргузор мегардад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...