19 Сентябр 2014
Сокинони шаҳри Хуҷанд Шарифа Сайфиддинова ва Наргиза Норматова, ки модари танҳо маҳсуб ёфта фарзандони маюб доранд, дар рӯзи қабули Раиси шаҳри Хуҷанд барои сохтмони манзил аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кӯмак хоста буданд.
Шаҳрвандони мазкур баъди соҳиб шудан ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ имкони бунёди манзил надоштанд. Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳамроҳии роҳбарони идораҳои сохтмонӣ меъморӣ ва заминсозӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. « То фаро расидани фасли сармо сокинони мазкур бояд дар манзили нав истиқомат намоянд»-таъкид намуд Раиси шаҳри Хуҷанд. Оилаи Иброҳимов таи чанд сол, аз фарсуда ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани манзили истиқоматии худ азият мекашид. Дар баробари синни нафақа доштани зану шавҳар онҳо як фарзанди маюбро ба воя мерасонанд. Бо кӯмаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд то имрӯз манзили зисти ин оилаи ниёзманд пурра аз нав ва бо тарҳи замонавии хушсохт бунёд гардида, барои зиндагии сазовору осоиштаи онҳо тамоми шароитхо фароҳам оварда шудааст. Аз рӯи корҳои ба анҷомрасида, пешбинӣ мешавад,ки то интиҳои моҳи равон оилаи Имроҳимовҳо дар манзили нав бурёкӯбон хоҳанд кард.
Корҳои сохтмонӣ дар оилаи Хайрӣ Ғаниева низ дар марҳилаи анҷомёбист. Бо кӯмаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шуд, ки он барои то фасли зимистон бунёди манзили ин оила мусоидат намуд. Айни замон танҳо корҳои тунукапӯш намудани манзили боқӣ мондаасту халос. Оилаи мазкур низ рузҳои наздик дар хонаи нав зиндагии худро идома хоҳанд дод.