10 Сентябр 2014
Тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз маҷлиси кумитаи тадорукоти озмунро раиси кумитаи тадорукот, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова доир намуд.
Дар ҷаласаи корӣ дар баробари аъзоёни кумитаи тадорукот роҳбарони якчанд корхонаҳои саноатӣ, соҳибкорони инфиродӣ низ даъват шуда буданд.
Аъзоёни ҷаласаи корӣ нақша-чорабинии баргузории озмун-намоишро тасдиқ намуда, бо мақсади ҳарчӣ бештар ҷалб намудани тарроҳон дӯзандагон ва ҳунармандони мустақил ва корхонаю муассисаҳо тавсия доданд,ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиби ин озмунро бештар намоянд. Пешниҳоди ба озмун даъват намудани гурӯҳи тарроҳону дӯзандагони ҷавон аз муассисаҳои таълимӣ, ки бо чунин ихтисос мутахассисонро омода менамоянд мувофиқи мақсад дониста шуд. Қабули дархост барои иштирок дар озмун то санаи 15 сентябр муқаррар карда шуд.
Ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот санаи 16 сентябр баргузор хоҳад шуд.