26 Март 2022
Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва мунисипалӣ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатии худро солҳои 2018-2020 дар вазифаи раиси иттифоќи касабаи ҶДММ «АКМА» дар шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст, соли 2020 ба вазифаи мудири хоҷагии ҶДММ «Уқобча»-и Кўдакистони «Насли ориён» дар ноҳияи Б. Ғафуров таъин гардида, соли 2021 аз моҳи январ то сентябр мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буд.
Аз 27 сентябри соли 2021 тибки Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд ба вазифаи мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъин гардид.
Оиладор