04 Сентябр 2014
Бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд имсол 88 нафар пешқадамони корхонаю муассисаҳои шаҳри Хуҷанд аз ҷумла ба 7 нафар кормандони соҳаи маориф, 18 нафар табибону кормандони соҳаи тиб, 9 нафар аз соҳаи наклиёт ва алока 4 нафар кормандони ҳифзи ҳуқуқ, 12 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии олӣ ва чанде дигарон соҳиби ин мукофоти давлатӣ гардиданд.
Раҷаббой Ахмадзода қабл аз ҳама ҳозиронро бо ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Доири пешрафтҳои шаҳри Хуҷанд ҳарф гуфта, ин хама ободонию пешравиро самараи истиқлилият маънидод кард. Аз чумла қайд кард, ки танхо давоми соли равон дар маркази вилоят сохтмони 20 иншоотҳои варзишӣ ва 30 корхона ба нақша гирифта шудааст.
Раиси шаҳр изҳор намуд, ки дар комёбиҳои шаҳр саҳми фаъолон назаррас буда, соҳиби ифтихорнома гаштани онҳо ин як андоза қадрдонии ин шахсон маҳсуб меёбад.