29 Август 2014
Роҳбарияту мутахаасисони ширкати номбурда ба Раиси шаҳри Хуҷанд доири таҷҳизоти нав ва иқтидору имконияти он маълумот дода зикр намуданд, ки ҳоло коргоҳ 28 намуди маҳсулоти гӯштиро ба харидорон пешкаш намуда, айни замон омодаи ба кор даровардани боз як хатти нави истеҳсоли ҳасибчаҳо тибқи стандартҳои аврупоӣ ҳастанд. Дар натиҷа номгӯи маҳсулоти ҳасибии ширкат ба 32 номгӯй расонда шуда, дар ин замина имконияти ташкили ҷойҳои нави корӣ пайдо хоҳад шуд.
Ба фаъолият шурӯъ намудани хатти нави технологӣ имкон медиҳад,ки бозори дохилии вилояти Суғд ва кишвар аз маҳсулоти босифати ватанӣ таъмин гардад. То имрӯз ин намуди маҳсулот аз хориҷи кишвар,-Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Канада ворид мегардид. Таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Белорус, Федератсияи Россия ва Олмон оварда шуда, сифати онҳо ҷавобгӯи талаботу меъёрҳои байналмиллалӣ аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дод,ки ҳамкориро бо Ҷумҳурии Белорус зиёдтар намоянд, зеро маҳз бо кушиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ барои ҳамкории кишварҳои хориҷ алалхусус Ҷумҳурии Белорус фароҳам оварда шудааст.
Лозм ба ёдоварист,ки ҳоло дар коргоҳи мазкур наздик 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин буда, иқтидори истеҳсолии коргоҳ ба коркарди то 800 кг гӯштро ташкил медиҳад.