(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Субҳи имрўз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешво миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон корвони иттилоотии журналистон иборат аз намояндагони расонаҳо аз тамоми минтақаҳои кишвар вориди шаҳри Хуҷанд шуданд.

Дар даромадгоҳи ҷанубии шаҳр ҳайати корвони иттилоотии журналистонро бо анъанаҳои хоси миллӣ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода, раиси бахши суғдии иттифоқи журналистон Илҳоми Ҷамолиён ва мудири шуъбаи иттилоот ва таҳлили дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов истиқбол намуданд.

Нахуст меҳмонон аз корхонаи навтаъсиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Текстилимпекс” боздид намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии коргоҳи истеҳсолии мазкур наздики 1 гектар буда, дар он биноҳои сехи истеҳсолӣ ва маъмурӣ бунёд шудааст. Ҳангоми азнавсозии корхона тамоми биноҳои он бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифати ватанӣ ва ҷалби сохтмончиёни ботаҷрибаи маҳаллӣ бо тарҳи муосиру замонавӣ таъмиру таҷдид карда шуд. Таҷҳизоти истеҳсолии корхонаи саноатӣ истеҳсоли Федератсияи Русия ва фаъолияти асоси коргоҳ - истеҳсоли матои бахмал мебошад. Коргоҳ дар як шабонарӯз, ки ба се баст тақсим карда шудааст, 120 метри мураббаъ матои бахмал истеҳсол мекунад.Баъди ба истифода додани коргоҳ наздики 40 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардид. Дар оянда таҷдид ва аз азнавсозии бинои сехи истеҳсоли иловагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Текстилимпекс” ва васлу насб намудани таҷҳизоти бофандагӣ имкон фароҳам меорад, ки боз 15 ҷоий корӣ дигар ташкил шавад. Ҳамзамон истеҳсоли матои бахмал боз ба андозаи 60 метри мураббаъ зиёд ва иқтидори коргоҳ дар як шабонарӯз ба 180 метри мураббаъ баробар карда мешавад.

Сипас ҳайати корвони иттилоотии журналистон аз корхонаҳои саноатии Минтақаи саноатии Суғд, аз ҷумла «Арча-мебел», ҶСК «Ариана Металл Пласт» корхонаи муштараки "SilcoЛТ", «Таҷпроф» боздид намуданд.

Зимни муаррифии Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча - мебел” иттилоъ дода шуд, ки он аз тарафи муассисон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва Компания”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “УчЮлдиз” - и Туркия бунёд шудааст.

Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Саҳмгузорон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва Компания”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “УчЮлдиз” - и Туркия ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мебошанд. Масоҳати умумии корхона беш аз 7 ҳазор метри мураббаъ, аз ҷумла масоҳати биноҳои истеҳсолӣ наздики 3 ҳазор метри мураббаъ мебошад.

Таҷҳизотҳои технологии замонавии корхонаи нав аз Туркия, Италия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст. Барои истеҳсоли маҳсулот 80 фоиз ашёи хоми ватанӣ истифода шуда, боқимонда аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Федератсияи Россия, Белорусия, Туркия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мегардад.

Истеҳсолот дар ду бахш ба роҳ монда мешавад, дар бахши аввал мебел бо истифодаи профилҳои гуногуни оҳанӣ, верзалит барои муассисаҳои томактабӣ, таълимгоҳҳо, шифохонаҳо ва дар бахши дуюм бо истифодаи тахтачубҳои гуногун фурнитура ва дигар мебелҳои умумӣ, биноҳои маъмурӣ, маишӣ ва ғайра сохта мешаванд.

Номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда - мебелҳо барои муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимӣ ва таълимии махсус, муассисаҳои маишӣ, хонаҳои шахсӣ, муассисаҳои маъмурӣ, корхонаҳо ва дар оянда мебел барои муассисаҳои соҳаи тандурустӣ.

Корхонаи «Ариана Металл Пласт» , ки дар майдони 4 гектар доман густурдааст, бо саҳми соҳибкорони ватанӣ-Алишер ва Мирзо Умаровҳо бунёд гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он беш аз 120 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шуданд. Баъди фаъол гардидани марҳилаи дуюми корхона боз 150 нафари дигар бо шуғли доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки истеҳсоли 36 намуди маҳсулот, аз қабили бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва таҷҳизоти маишӣ, ба монанди яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, инчунин қисмҳои эҳтиётии автомобил тариқи 8 хати муосири технологӣ сурат гирифта, дар як сол тақрибан ба маблағи зиёда аз 20 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид карда мешавад.

Соҳибкорон бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти дар бозор рақобатпазир ва аз лиҳози экологӣ безарар бо харҷи 6 миллион сомонӣ технологияи корхонаро аз бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ харидорӣ намуда, пеш аз оғози фаъолият ҳамаи коргарону мутахассисонро ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифтанд, ки ба гуфти коршиносони масоили иқтисодӣ ин омил боиси пешрафти кор, хусусан истеҳсоли маҳсулоти хушсифат мегардад.

Дар ин корхона кор дар ду баст ба роҳ монда шуда, ашёи хом қисман аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Федератсияи Россия, Чин, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид мегардад ва ба таъкиди мутахассисон дар мамлакат ин аввалин корхонае ба ҳисоб меравад, ки тамоми қисмҳои бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва дигар таҷҳизоти маишӣ дар дохил истеҳсол карда мешавад.

Дар баробари таъмини бозори дохилӣ дар оянда молу маҳсулоти ин корхона ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон содирот хоҳад шуд.

Сафари ҳайати корвони иттилоотии журналистон ба шаҳри Хуҷанд идома дорад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...