(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ.Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Хуҷандро Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, ҳайати шӯроро бо рӯзнома шинос намуд. Ба баррасии ҷаласа чор масъала: якум, тасдиқи ваколати аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, ки намояндагони худро дар он иваз намуд; дуввум, татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2008 «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар давраи то соли 2014» дар шаҳри Хуҷанд; саввум, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва чаҳорум, оид ба рафти иҷрои Барномаи вилоятӣ «Дар бораи соли роҳҳои обод» дар шаҳри Хуҷанд пешбинӣ шуд.
Оид ба масъалаи якум Раиси Шӯро Раҷаббой Аҳмадзода изҳор намуд, ки дар натиҷаи тағйироти кадрӣ зарурати дар Шӯрои ҷамъиятӣ иваз намудани аъзои Шӯро пеш омадааст. Дар асоси Амри Раиси шаҳр аз 8-уми январи соли 2014 таҳти №09 Муҳаббат Бобоҷонова бинобар ба вазифаи дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Раиси шаҳр озод гардида, дар асоси Амри Раиси шаҳри Хуҷанд аз 3-юми марти соли 2014 таҳти №102 Умедахон Муродова ба вазифаи муовини Раиси шаҳр таъин карда шуд. Умедахон Муродова намояндаи ваколатдори Раиси шаҳр дар Шӯрои ҷамъиятӣ ва Ҳошим Осимов раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр узви Шӯрои ҷамъиятӣ интихоб гардиданд.
Оид ба масъалаи дуюм сардухтури таваллудхонаи шаҳр Шоира Бузурукова маърӯза карда, аз ҷумла, зикр кард, ки Таваллудхонаи шаҳр бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Барномаҳои давлатӣ ва Қарорҳои ҳукумати ҷумҳуриро дар самти ҳифзи саломатии модар иҷро намуда истодааст. Мувофиқи маълумоти пешакии маркази омори тиббӣ ва иттилоотии назди Раёсати тандарустии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд дар 6 моҳи соли ҷорӣ 1781 таваллуд, нисбати соли 2013-ум 3862 таваллуд, 10 зоиш дар хона, соли 2013 19 таваллуд, фавти модар, хушбахтона, ба қайд гирифта нашудааст, дар ҳамин давраи соли 2013-ум як фавт ба мушоҳида расида буд. Аз рӯи маълумоти соҳавӣ,-афзуд Шоира Бузрукова,- дар қаламрави шаҳр занони қобили таваллуд 46948 нафарро ташкил медиҳанд. Шумораи занони ҳомила 1892 (204 нафар зиёд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) нафар мебошад, ки дар қайд ва назорати диспансерӣ қарор доранд. Занони ҳомила бо бемориҳои экстрагениталӣ дар соли 2014-ум 62,4%-ро ташкил дод, ки ин беморӣ соли 2013-ум 64,8%-ро ташкил медод. Яъне бемориҳо дар занони ҳомила тамоюли камшавӣ доранд, ки мо табибонро хушҳол месозад. Дар ҳарду таваллудхонаи воқеъ дар шаҳри Хуҷанд таҷҳизоти замонавӣ насб карда шуд, ки табобати сифатноки беморон таъмин аст.
Баҳри пешгирӣ, фаҳмондадиҳӣ ва табобати саривақтии занони ҳомилаи бемор,- илова намуд Шоира Бузурукова,- мо дар якҷоягӣ бо тамоми шуъбаву бахшҳои марбута мулоқоту вохуриҳо доир намудем, дар нашрияву телевизионҳои маҳаллӣ мақолаву барномаҳо таҳия кардем, ки ҳама ба манфиати кор буд. Дар ин ҷода силсилаи тадбирро андешидаем, ки давоми сол иҷро хоҳем кард.
Вобаста ба мавзӯи маърӯза аъзои Шӯро аз сартабиби Таваллудхона пурсишҳо карда ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Дар хусуси банди севуми ҷаласа котиби масъули Комиссияи татбиқи қонуни забони назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Гавҳар Умарова маълумот дод. Номбурда зимни сухан изҳор дошт, ки баҳри амалӣ шудани ҳадафҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қарори Раиси шаҳр «Дар бораи тасдиқ намудани ҳайати нави Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»» аз 16 декабри соли 2013 таҳти №810 ба тасвиб расид, ки  иборат аз 14 нафар мебошад. Якҷоя бо ҳайати комиссия дар кули корхона ва муассисаҳои шаҳр санҷишҳо гузаронида шуданд. Муайян гардид, ки коргузорӣ ба забони давлатӣ сурат гирифта, дар баъзе ҳуҷҷатнигориҳо, ба мисли дафтарчаи меҳнатӣ, варақаҳои бақайдгирӣ, мактубҳои воридотиву содиротӣ, амру фармоишот ва ғайра камбудиҳо ошкор карда шуда, ислоҳаш низ таъмин гардид. Баҳри бенуқсон ва бе хато навиштани ҳама гуна ҳуҷҷату аснод 4-уми октябри соли 2011-ум таҳти №458 Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ба имзо расида буд ва аз ҳамон давра ва баъд Қоидаи имлои забони тоҷикӣ тариқи китобчаи кисагӣ, тавассути нашрияҳо дастраси соҳибзабонон гардид ва мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифт.
Боиси зикр аст, ки –афзуд Гавҳар Умарова,-дар мавриди номгузорӣ ба марказҳои савдову шиору овезаҳо ҳанӯз ҳам бемасъулиятӣ нисбати забони давлатӣ зоҳир мегардад. Дар рафти санҷишҳо ҳар соҳибмулк аз хатои навиштаҷоташ огоҳ ва беш аз 45 адади хато ислоҳ кунонида шуд. Баҳри пешгирии хато ва саҳлангорӣ нисбати забони давлатӣ  комиссия ба Кумитаи нозироти андози шаҳр муроҷиат намуд, то ки дар иҷрои талаботи моддаи 18-и Қонун дар бораи «Номгузории ташкилотҳо» ба кори комиссия мадад расонад. Яъне ҳангоми бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ соҳибмулкон аз талаботи ин банди қонун бохабар карда шаванду бо масъулони комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Мақомоти иҷроияи шаҳр машварат намоянд.
Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Раҷаббой Аҳмадзода кори комиссияи мазкурро қаноатманд ҳисобид ва ҳамзамон зикр кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» санади меъёрии ҳуқуқӣ буда, риоя ва иҷрои он ҳатмӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар тамоми муассисаву корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон қонуни мазкур амалӣ шудааст, вале аз ҷониби бархе аз соҳибмулкони марказҳои савдою маишӣ талаботи қонун воқеан ҳам иҷро нашудааст. Аз ин рӯ,-афзуд Раҷаббой Аҳмадзода,-хоҳиш менамоям, ки ба ин масъала аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо Комиссияи татбиқи қонунри забони Мақомоти иҷроияи шаҳр аҳамияти ҷиддӣ дода, баҳри риоя ва иҷрои меъёрҳои ин Қонун чораҳои муассир андешида шавад.
Доир ба масъалаи чаҳоруми ҷаласа дар хусуси рафти иҷрои Барномаи вилоятии «Соли 2014-соли роҳҳои обод» директории генералии Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр Даврон Шокиров маърӯза кард. Зимни баёни корҳои иҷрошуда Даврон Шокиров арз намуд, ки ба ҳисоби ум умӣ дар қаламрави шаҳр 116 км роҳ бояд таъмир ва таҷдид карда шавад. То имруз тӯли 46,2 км роҳ мумфарш карда шуд, ки 46,8%-и нақшаро ифода мекунад. Дар кори мумфаршкунӣ соҳибкорони Хуҷанд, худи сокинон тариқи ҳашар иштирок карда, иҷрои нақшаро тезонданд.Раисони 22 маҳаллаи шаҳр бо мардум кор карда, дар тарғибу ташвиқи ин ҳадафи неки давлату ҳукумат саҳми босазо доранд.
Пас аз шунидани маърӯзаи Даврон Шокиров  аъзои Шӯро дар хусуси бо обод шудани шаҳр, мумфаршшавии роҳҳо, гулкориву сабз шудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ҳарф заданд ва қаноатманд гаштани сокинони ин шаҳри куҳанбунёдро ба Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ расониданд.
Бо қабули Қарорҳои дахлдор ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ ба кори ҷаласа хотима бахшиданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз700
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта5032
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта13630
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта35074
mod_vvisit_counterҲамин моҳ142656
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта166310
mod_vvisit_counterҲамагӣ3184445