(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд соҳаи саноат рушд мекунад.

Мусаллам аст, ки шаҳри Хуҷанд чун маркази вилоят ва яке аз шаҳрҳои саноатии кишвар баҳри пешрафти соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад. Маҳз бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ин соҳа ҳамарӯза тамоюли рушд дорад.
Назар ба маълумоти оморӣ дар нимсолаи авали соли равон дар шаҳри Хуҷанд саноат пайваста пеш меравад.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд 14 корхонаҳои саноатии нав ба фаъолият оғоз намуданд.
Дар давоми моҳҳои январ – июни соли 2014 бошад, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти тақсимоти қувваи барқ, тақсимоти газ, истеҳсол ва тақсимоти об 231,8 миллион сомониро ташкил намуд, ки вусъати афзоиш нисбати соли гузашта 122,5% иҷро гардид, ки ба маблағи 41,3 миллион сомонӣ маҳсулот зиёд истеҳсол шуд. Аз 93 корхонаҳои саноати 75 корхона (80,6%) вусъати афзоишро нисбати ҳамин давраи соли гузашта таъмин намуданд.
Дар моҳҳои январ – июни соли 2014 матои пахтагини дурушт – 3047,7 ҳаз.м.кв, маҳсулоти дӯхта – 49,9 млн. сомонӣ. Маҳсулотҳо ба монанди: нон ва маҳсулоти нони – 7526,7 тонна, маҳсулоти шири -341,0 тонна, маҳсулоти макарони – 121,3 тонна, спирти хом (этилӣ)- 3733,0 дал, маҳсулоти қаннодӣ – 1309,9 тонна ва дигарон.
Бояд қайд намуд, ки фаъолияти корхонаҳои хурд дар моҳҳои январ – июни соли 2014  низ назаррас мебошад. Ё ин ки аз тарафи корхонаҳои хурд ва сектори хусусӣ ба маблағи 117,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд ки, вусъати афзоиш ба 128,3% расонида шуд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ин бунёди корхонаҳои нав мебошад.
Дар моҳи апрели соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду корхонаи саноатӣ аз ҷумла ҶДММ «Афзали Суғд» ва Маркази таълими истеҳсоли «Шероз» кушода шуда ба истифода дода шуд, ки 250 нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин шуданд.
Номгӯи намуди маҳсулотҳои истеҳсолшаванда низ зиёд шуданд, ки ба онҳо профилҳои алюминӣ, сарпӯш барои бонка, ранги акрелӣ, сим, қурти барои партов, коркарди зарфҳои полиэтиленӣ, мех ва масолеҳи оҳану бетонӣ, ки ба давлатҳои муштараку манофеъ содир карда мешаванд. Аз ин ҳисоб шумораи корхонаҳои саноатии молсодироткунанда зиёд шуда истодаанд.
Ҳоло сохтмони якчанд корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ оғоз гардидааст, ки ин коргоҳҳо бо таҷҳизотҳои истифодаи нерӯи барқашон каммасраф таҷҳизонида мешаванд. Фаъолияти ин коргоҳҳо бо технологияи нави муосир ба роҳ монда мешаванд. Дар якчанд корхонаҳо соли ҷорӣ таҷҳизотҳои навъи муосир васл карда шуд. Аз ҷумла таҷҳизоти истеҳсоли профилҳои алюминӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди чӯб барои истеҳсоли дару тирезаҳо ва дар дигар корхонаҳои хӯрока ва ғайри хӯрока низ модернизатсияи таҷҳизотҳо гузаронида шуд.
Дар моҳҳои январ – июни соли 2014 ба миқдори – 1375,5 тн нахи пахта коркард карда шуд.
Аз ҳисоби корхонаҳои нав таъсис дода шуда дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 635 нафар шаҳрвандони вилоят ва шаҳр бо ҷои нави корӣ таъмин карда шуданд.
Барои омӯзиши маркетинги бозорҳои хориҷӣ, пайдо намудани ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ, пешниҳоди маҳсулоти саноатии ватанӣ ба хориҷи кишвар, васеъ намудани бозори фурӯши маҳсулоти саноатӣ ва зиёд намудани маҳсулоти содиротӣ ба давлатҳои дуру наздик коргоҳҳои саноатии шаҳр дар намоишгоҳҳои байналхалқӣ дар кишварҳои Фаронса, Итолиё, Олмон, Руссия, Чин ва дигар давлатҳои хориҷӣ иштирок намуда, барои ба имзо расондани  шартномаҳо, воридоти технологияи нав, таъсиси корхонаҳои муштарак чораҳои амалӣ андешида мешаванд.
Музди маоши миёнаи кормандони соҳаи саноат дар давоми 5 моҳи соли 2014 – 814,85 сомониро ташкил намуд, ки нисбати соли гузашта ба маблағи 98,48 сомонӣ зиёд мебошад.
Масъалаҳое, ки дар маҷлиси машваратии назди Раиси шаҳр, баррасӣ мешаванд оиди амали гардонидани дастуру супоришҳои Президенти Чумхурии Тоҷикистон сари вақт иҷро шуда истодааст. Аз ҷумла оиди таъмини мунтазами корхонаҳо бо барқ, баланд бардоштани музди меҳнат, таъсиси ҷойхои нави корӣ, вориди технологияҳои нав ва истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти саноатӣ аз тарафи бахш корбари рафта истодааст.
Дар стратегияи рушди кишвар афзалияти бештар ба рушди соҳаи энергетика дода шудааст. Дар ин ҷода агар аз як тараф бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна, таъмиру таҷдиди иншооти  гидроэнергетикӣ ва барқарорсозии иқтидори онҳо нақши муассир дошта бошанд, аз дигар тараф ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ аҳамияти рӯзафзун дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи маълумоти идораҳои фурӯши барқ аз тарафи шабақаҳои барқи шаҳр ба миқдори 307,2 миллион кВт/соат нерӯи барқ интиқол карда шуд. Маблағи пардохти умумии он 36,2 миллион сомонӣ, ё 95,9 фоиз, аз ҷумла пардохти он аз тарафи аҳолӣ 15,9 миллион сомонӣ, 92,6 фоизро ташкил дод.
Бо максади рушди минбаъдаи соҳаи саноат, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, истифодаи ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти ба стандарти ҷаҳони ҷавобгӯ буд ва ба кор андохтани иқтидорҳои бозистода, дар таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Айни замон 13 корхонаҳои Хуҷанд иҷроиши нақшаро таъмин карда натавонистанд. Нишондиҳандаҳои аз ҳама ташвишовар дар ҶС «Комбинати консервабарори» бо 38,9%, «Атласи Хуҷанд» бо 5,2%, ҶДММ «Нонпази Хуҷанд» бо  23,7%, ҶДММ «Реал» бо  51,4% ва дар ҶСП «Сомон Суғд»бо 43,2% ҳаҷми истеҳсолот нимсоларо ҷамбаст намуданд. Ин боис шуд, ки дар мӯхлати нишондодашуда ба маблағи 6,4 миллион сомонӣ истеҳсоли маҳсулот кам шуд.
Пешибинӣ шудааст,ки барои зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот фароҳам овардани имконият барои ҷойҳои нави корӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд нақшаю тадбирҳои мушаххаси боз хам таҳким бахшидани соҳаи саноатро дорад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз394
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта5032
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта13324
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта35074
mod_vvisit_counterҲамин моҳ142350
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта166310
mod_vvisit_counterҲамагӣ3184139