24 Апрел 2021
Имрўзҳо шаҳри Хуҷанд дар раванди робитаҳои иқтисодӣ, бо 35 мамолики дуру наздик ҳамкории судмандро ба роҳ монда, дар натиҷа ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ 234,7 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла воридот 198,0 миллион доллар ва содирот 36,7 миллион долларро ташкил намудааст. Зарур аст қайд намоем, ки ҳаҷми содироти мол нисбат ба ҳамин давраи соли пешина 26,5 фоиз афзоиш ёфта, барои устувории нишондиҳандаҳо мусоидат карда истодааст.
Баҳри таъмини бомароми рушди иқтисодиёти шаҳр барои сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ муҳити солим омода карда шуда, дар ин давра 21,4 миллион доллар, аз ҷумла сармояи хориҷӣ 3,8 миллион доллар ва сармояи дохилӣ бошад, 17,6 миллион долларро ташкил менамояд.
Бояд қайд намуд, ки дар раванди рушди соҳаи сармоягузорӣ татбиқи 3 лоиҳаҳои давлатӣ, аз ҷумла, лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд” бо маблағи умумии 26,8 миллион доллар, лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд” марҳилаи 2-юм бо маблағи умумии 5 миллиону 910,0 ҳазор доллар ва лоиҳаи “Барномаи беҳтаргардонии низоми таъминоти оби нўшокӣ ва рафъи партовоб” марҳилаи сеюм бо маблағи умумии 10,03 млн. доллар татбиқ шуда истодааст.
Маблағи умумии азхудшудаи ин се лоиҳаҳои давлатӣ 27 млн. 318,0 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 2 млн. 804,0 ҳаз. доллари амрикоӣ ба давраи ҳисоботӣ рост меояд.