(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва фаъолзанон Рўзи модар бо шукуҳу шаҳомати хос ва мутантан таҷлил карда шуд.

Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ номаи табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла зикр омадааст: “Дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии Модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накўкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст. Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буда, ин рисолат раҳнамои рўзгори бонувони мост. Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд. Бо назардошти хусусиятҳои хоси фарҳанги оиладории шарқӣ, аз ҷумла суннату ойинҳои неки тоҷикон ҳар як модари тоҷик вазифадор аст, ки ҷиҳати ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, хусусан духтарон, дар вуҷуди онҳо парвариш додани эҳсоси баланди фарҳанги оиладорӣ ва иззуту эҳтироми ҳамдигарӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва сабру таҳаммул пайваста таваҷҷўҳ намояд. Боварии комил дорам, ки занону модарони арҷманди мо ин рисолати азалии худро амиқу дуруст дарк намуда, барои татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони огоҳу хушахлоқ, соҳибмаърифату донишманд ва ташаккули ҷомеаи ормонӣ ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд».

Сипас иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо баромади пурмуҳтаво кулли бонувони шаҳрро бо Рўзи модар табрику таҳният намуда, аз ҷумла афзуд, ки боиси хушҳоливу сарфарозист, ки дар кишвари соҳибистиқлоламон Рӯзи модар ҳамчун ҷашни расмии давлатӣ эълон гардидааст, ки ин гувоҳи равшани мақому манзалати баланди Шумоён – модарони гиромӣ ва занону бонувони азиз дар ҷомеаи мо маҳсуб меёбад. Аслан сиришти занону модарони рўйи олам аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш офарида шудааст. Аз ин рў, мо ин рўзи фараҳбахшро ҳамеша бо хушҳоливу нишоти хоса истиқбол мегирем, зеро нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рўзгор ниҳоят бузург аст. Зан – модар мураббии аҳли башар ва устоди нахустини ҳар инсон мебошад. Аз ин лиҳоз пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ў қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст.

Таъкид гардид, ки дар тамоми таърихи тўлонии миллати тоҷик низ рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ, рўҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида ва муҳаббату садоқати бепоёни зан – модар дар осори бузургони гузаштаву муосири тоҷик ситоиш гардидааст. Бо арҷгузории самимона ва эҳтирому эътиқоди баланд ба хираду заковат ва бузургии Шумо – модарону бонувони иззатманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Имрўз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову Шумо мебошад.»

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки имрўз занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар руҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандўстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа мебошанд. Воқеан, модар натанҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад. Барои мардуми соҳибфарҳанги тоҷик занону модарон чун сарчашмаи меҳру вафо, намунаи олии меҳрубонӣ, арзандатарин ҳастии ҳаёт буданду ҳастанд ва боқӣ хоҳанд монд. Аз ин ҷост, ки модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорӣ мебошанд, зеро онҳо меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба ҳисоб мераванд.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба хотири таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон тамоми тадбирҳоро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар амал татбиқ намуда истодааст. Тавре маълум аст, вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ як силсила асноди меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо ба беҳбудии минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияти занон дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Шаҳрдор гуфт, ки имрўз бонувон дар зинаҳои гуногуни ҳамаи шохаҳои ҳокимият, яъне мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, ҳамчунин дар кулли сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд. Боиси тазаккур аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин радиф бо ғамхорию таваҷҷӯҳи рўзафзуни Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода баланд бардоштани мақому манзалат ва мавқею мартабаи занону бонувон дар ҷомеа вусъати тоза гирифта, он ҳамарӯза дарку эҳсос мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ фаъолгардонии нақши занону бонувонро дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии шаҳр дар фаъолияти доимии хеш қарор дода, минбаъд низ баҳри фароҳам овардани шароити мусоид тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ зикр намуданд: «Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.»

Лозим ба ёдоварист, ки садҳо занони фаъолу пешқадами Хуҷандро, ҳам метавон дар арсаи сиёсат ва ҳам дар самтҳои иқтисодиёту иҷтимоёт ном бурд, ки дар қатори кулли бонувони мамлакат ва мардуми сарбаланди кишварамон бо заҳмати худ дар рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, болоравии маънавият, авҷи корҳои ободонӣ ва дар маҷмӯъ пешбурди кулли паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми сазовор гузошта, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат будани худро собит месозанд.

Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои худ ба нерўи занону модарон ва ҷавондухтарон такя карда, онҳоро борҳо «Нигини пурҷилои тоҷи миллат» гуфтаанд.

Имрўз ман дар ин толори пуршукўҳ нафаронеро мебинам, ки бо фаъолияти самараноку садоқатмандӣ ба Ватани маҳбуб бо маънои томаш идомабахшандаи кору пайкори қаҳрамонмодарони мо гардидаанд.

Фирдавс Шарифзода вобаста ба як аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрўзаи мо, ки алалхусус ба ҷавонону духтарон тааллуқ дорад, танзими оила андешаронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳадаф аз тадбирҳои танзими оила пеш аз ҳама ҳифзи саломатии занону модарон, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва таҳким бахшидани мавқеи онҳо дар ҷомеа, инчунин тарбияи насли солим ва ташкили оқилонаи оила мебошад. Зеро ташаккули тарзи зиндагии солим, модару фарзанди солим ва оилаи солим дар маҷмўъ ба манфиати ҷомеа ва давлат мебошад. Ҳамчунин тақвият додани соҳибкории хурду миёна барои бонувон яке аз василаҳои беҳтар намудани шароити иқтисодии занон ва оила буда, аз самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба дастгирии занону духтарон ба ҳисоб меравад.

Ҷиҳати амалӣ сохтани ин ҳадаф ва дастгирии бонувони соҳибкор грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд, Раиси шаҳри Хуҷанд ва дигар имтиёзҳои зарурӣ ба роҳ монда шудаанд, ки бонувон бо истифода аз чунин ғамхориҳои давлату Ҳукумат ба соҳибкорӣ машғул гардида, дар ин самт ба пешрафту дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

Шаҳрдор дар анҷоми суханронии худ, занонро тавсифу ташбеҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар домони сабзи табиат Шумо – бонувон низ монанди гулҳои зебову шукуфоне ҳастед, ки бо таровату малоҳати хоса, дастони ҳунарофар ва меҳру шафқати худ ба он ҳусни тоза мебахшед. Такя ба нерўи созандаи Шумо – занону бонувони ватандўсту соҳибмаърифат, эътимоди комил дорам, ки ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаи худ ҷашни мубораку муқаддаси 30 – солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамонро боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани худ ва бо дастовардҳои назаррас таҷлил менамоем.

Сипас барномаи рангини аҳли ҳунари шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ табъи ҳозиринро болида намуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ҷараёни таҷлили Рўзи модар маҳфили «Ширу шакар» бо иштироки Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзонаю Озарахш, раиси Иттифоқи мамлакат Амирбек Мўсоев ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев ва Исроил Файзиддинов сурат гирифта, ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...