(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Кохи фарҳанги “Суғдиён» бо ворид намудани Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии Фестивал – озмуни «Суруди сарбоз» бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Нахуст, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода афсарон ва сарбозони шуҷоъ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳро бо бисту ҳаштумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол табрику таҳният намуда, барояшон дар иҷрои вазифаи муқаддасу пуршараф - ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат комёбиҳо орзу намуд.

Фирдавс Шарифзода дар идомаи суханронии худ таъкид дошт, ки мо имрўз ба ифтихори яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол 28 – умин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ, ки рукни муҳимтарини давлат ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад, ҷамъ омадаем.

Хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, ки асоси пешрафту тараққиёти кишварамон мебошад, нақши барҷаста ва бузург доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солонаи хеш ба мақомоти олии қонунбарори мамлакат Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳи махсус нисбат ба ҷавонони мамлакат, ки қувваи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, таъкид доштанд: «Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.»

Иттилоъ дода шуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он рўзҳои вазнин сар карда, дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, кўшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, дар ин раванд борҳо бо ҷасорату шуҷоат ва далериву матонати худ ватандўстони асил буданашонро собит намуданд. Набояд фаромӯш сохт, ки ҳазорон нафари онҳо дар ин роҳ ҷони худро қурбон кардаанд, ки хотираи неки муборизони роҳи озодиро ҳеҷ вақт фаромӯш нахоҳем кард ва мо хотираи некашонро ҳамеша пос медорем.

Имрўзҳо, Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо рў ба рушд оварда, рўзгори мардум обод гаштааст ва сокинони кишвар шукри осмони софу мусаффо ва сулҳи бебозгашт карда, ба ояндаи дурахшон дилпурона менигаранд.

Дар натиҷаи ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии кишвар соҳиби инфрасохтори замонавӣ, техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва кадрҳои миллии афсарии дорои тахассуси олӣ мебошанд.

Дар ин радиф баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо азму кўшишҳои назарраси Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода такмили фаъолияти қисмҳои низомии ҳудуди вилояту шаҳр, беҳтар гардонидани шароити зиндагии афсарону сарбозон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.

Бо таваҷҷўҳи пайваста айни замон Артиши миллӣ қодир аст, ки амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд. Зеро, қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои мусаллаҳ қодир ҳастанд, ки имрӯз дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо бо садоқату мардонагӣ вазифаи пурмасъули хешро иҷро намоянд. Мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи хеш чун нерўи тавоно ва таъмингари осоиши ҳаёт ифтихор мекунанд.

Фирдавс Шарифзода бо ифтихормандӣ зикр дошт, ки Халқи тоҷик баъди ҳазор соли маҳрумият аз давлати соҳибихтиёр маҳз дар охири асри бистум аз нав соҳиби давлати соҳибистиқлоли миллӣ гашта, ба орзуву ормони деринаи аҷдодони озодихоҳи хеш расидааст. Ин бахти бузург ва имконияти таърихӣ, яъне бунёди давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ба насли имрўз насиб гардид.

Ҳоло барои он ки ин давлат, ин марзу бум ва ин сарзамини муқаддаси воқеан биҳиштосо насиби ҷовидонии миллати куҳанбунёди тоҷик бошад, мову Шумо ва насли ҷавони имрўза бояд бо эҳсоси гарми ифтихор аз давлати соҳибихтиёри худ, онро самимона дўст дорем, бо таъмини волоияти қонун, таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ҳар зарраи хоки он ва ҳар ваҷаб замини онро чун гавҳараки чашм ҳимоя карда, ба хотири ободиву шукуфоияш талош намоем. Аз ин рў, ҳамаи афроди низомӣ – аз сарбозони қаторӣ то афсарони олирутба ўҳдадоранд, ки ба иҷрои вазифаи бевоситаи худ дар назди Ватан бо масъулияти фарзандӣ ва садоқату эътиқод ба халқи хеш муносибат намоянд. Ҳамзамон, садоқати худро ба халқу Ватан бо устуворӣ ба қасами ҳарбӣ бояд нишон диҳанд.

Бояд таъкид кард, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат натанҳо қарзи хизматчиёни ҳарбӣ, балки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.

Маҳз бо боварию эътимоди қавӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш иброз намудаанд: «Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинанд, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша содиқу вафодор ҳастанд».

Дар анҷоми суханронии худ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода гуфт, ки баргузор гаштани Фестивал – озмуни «Суруди сарбоз» ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бедор гаштани ҳисси ватандўстиву меҳанпарастии ҷавонон заминаи воқеӣ гузошта, изҳори боварӣ мекунем, ки афсарону сарбозони шуҷоъ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ ҷавонмардона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд.

Сипас, довталабони даври ниҳоии Фестивал – озмуни «Суруди сарбоз» аз қисмҳои низомӣ ва муассисаҳои таълимии низомӣ бо сурудани сурудҳои ватандӯстона бо ҳам рақобат намуданд.

Ҳамин тавр ғолибият мутаносибан насиби қисми низомии 0235-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети 4-уми Академияи ВКД ҶТ, қисми низомии 051056 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми низомии 3501-и ВКД ҶТ гардид. Ба ғолибон туҳфа ва сипосномаҳо аз ҷониби иҷрокунандаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода тақдим карда шуд.

Сурудҳои ватандўстонаи аҳли санъат ва сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...
Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Таҳмина Ҳасановна 23 октябри соли 1982 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Миллата...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз191
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта6566
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6757
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта27630
mod_vvisit_counterҲамин моҳ49178
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта158241
mod_vvisit_counterҲамагӣ4742913