(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Мардуми ориёӣ, ки тоҷикон низ ба он шомиланд, аз сапедадами таърих ба ҳодисаҳои табиат, ба гулу рустаниҳо, ба дарёву дарахтон, ба обу хокубоду оташ эҳтироми фаровон зоҳир мекарданд. Ҳар соат ва ҳар лаҳзаи умри худ, рафтору кирдори худро ба воқеаҳо ва ҳодисаҳои табиат мутобиқ карда, зиндагии хуррамона доштанд. Барои гузаштагони мо рустани гиёҳ, гул кардани дарахт, боридани борон, фаровонии оби руду ҷўйборҳо ҷашну хуррамӣ буд. Пўшида нест, ки ниёгони мо гардиши Хуршеду Моҳ ва ситорагонро ба мушоҳида гирифта, нахустин тақвимҳои кишоварзиро ихтироъ кардаанд. Таҷрибаи ҳосилкардаи як насл ба насли дигар гузашта маҷмўи донишҳои астрономӣ, астрологӣ, кишоварзӣ, боғдорӣ ва амсоли инҳо арзи ҳастӣ намуданд.

Вобаста ба ҳодисаҳои табиат ҷашнҳо доштанд. Масалан, дар баробаршавии шабу рўз – Наврўз ҷашн гирифта мешуд. Ба ғайр аз ин ҳар моҳ як ҷашн доштанд, ки дар бораи онҳо дар мақолаҳои соли 2017 дар ҳамин рўзнома нашршуда маълумот дода будем.

Вобаста ба мавсим агар гирем, дар зимистон низ гузаштагони мо ҷашнҳои зиёд доштанд. Масалан, шаби 22 декабр, ки дарозтарин шаб аст, «Шаби Ялдо» ҷашн гирифта мешавад, баъдан ҷашнҳои Баҳманҷана, Сада, Бодбара ҷашнҳоеанд, ки дар фасли зимистон таҷлил мегардиданд.

Дар Шаби Ялдо одамони бомаърифат гирди сандалӣ ҷамъ омада менишастанд ва ба хондани китобҳои ахлоқиву маънавӣ машғул мегардиданд. Дар Шаби Ялдо хўрдани тарбуз ва ҳам анор тавсия дода мешуд.

Моҳи ёздаҳуми солшумории ҳиҷрии шамсӣ – Баҳман ном дорад ва он санаи 21-уми январ оғоз гашта, санаи 22 феврал ба поён мерасад. Дар санаи 2-уми моҳи Баҳман дар гузашта ҷашне доштем, ки онро Баҳманҷана (Баҳмангон) мегуфтанд. Дар баҳманҷана хўрдани таомҳо бо истифодаи гиёҳу рустаниҳои аз зери барф чидашуда тавсия мегашт.

Ҷашни дигаре, ки ба хотири гиромидошти бод баргузор мегашт, санаи 22-уми моҳи баҳман, ки ба санаҳои 10 ё 11 феврал мутобиқ аст, ҷашн гирифта мешуд. Дар ин ҷашн бодбаракпаронӣ аз амалҳои идона дониста мешуд.

Аз ҳамаи ҷашнҳои зимистонии ориёӣ ҷашни Сада шукўҳу шаҳомати бештар дорад. Он ҳамчун ҷашни оташ, ҷашни Хуршед ва оғози гармӣ дониста мешавад.

Ҳаракати Хуршед – асоси пайдоиши ҷашнҳо

Дар замонҳои бостонӣ ягона манбаи нур ва гармӣ – Офтоб, Хуршед буд. Ин ҷисми осмонӣ ба мардум равшанӣ ва гармӣ мебахшид. Аз зулумоту торикӣ аз ҷонварони ваҳшӣ нигаҳ медошт. Ҳаракати онро мардум дар самти осмон мушоҳида мекарданд. Дар замонҳои бостонӣ аксарияти миллатҳо Хуршедро ҳамчун Худо эътироф мекарданду онро парастишу ситоиш менамуданд.

Эътидоли баҳорона ва тирамоҳии Хуршед, яъне баробаршавии шабу рўз фоли нек дониста шуда, дар аввал эътидоли тирамоҳӣ ва баъдан эътидоли баҳорӣ оғози соли нав дониста мешуд.

Дар пайдоиши Сада низ ҳаракати Офтоб ба назар гирифта шудааст. Санаи 22-уми декабр нурпошии офтоб давоми се рўз кам мешавад, баъд санаи 25-уми декабр тадриҷан нурпошӣ ва гармидиҳии он зиёд мешавад, ки он нишонаи зиндашавии Хуршед аст. Пас аз чил рўз, яъне дар ҷашни Сада нурпошии офтоб боз ҳам бештар гардида, рўзҳо нисбатар дарозтар мешаванд. Чил рўзи сармо ва камнур ба поён мерасанд.

Сада, ки баргирифта аз шумораи сад аст, панҷоҳ шаб ва панҷоҳ рўз пеш аз Наврўз аст. Ду панҷоҳро ҷамъ кунем, сад мешавад. Дар баъзе китобҳо Садаро 100 рўз пеш аз тобистон навиштаанд, ки ба ҳақиқат рост намеояд.

Митро аз ғор берун мегардад

Дар устураҳои бостонӣ ва ҳам дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ пайдоиши ҷашни Сада ба рўзгори Ҳушанги Пешдодӣ марбут дониста мешавад. Садаро ҳамчун рўзи ихтирои оташ медонанд.

Дар байни ориёиҳо Митро мавриди парастишу эътиқод қарор мегирифт, ки аз як нуқтаи назар пайдоиши ойинҳои Сада ба митроизм низ иртибот дорад. Парастиши Митро ё худ Меҳр дар ҳазораи чоруми қабл аз мелод ба амал омадааст. Минбаъд митроизм аз ориёиҳо ба румиҳо низ интиқол меёбад ва доир ба он устураҳои фаровон ба вуҷуд омадааст.

Митро дар байни римиҳо низ муқаддас дониста шуда, номи ўро агар бо ҳарфҳои римӣ навишта ҳисоб кунем, 365 ҳосил мешавад, ки миқдори рўзҳои солро мефаҳмонад. Юнониҳо Митроро – Гелиус, яъне Офтоб номидаанд.

Зодгоҳи Митро – Аирянам Ваэҷаҳ – Фарохнои ориёӣ аст. Аз ин рў, дар Авасто ва Ригведо бениҳояд зиёд мавриди ситоиш қарор гирифтааст.

Ба гуфти фолклоршинос Дилшод Раҳимов ҷашни Сада рўзе аст, ки Митро баъди чил рўзи тавлид гаштанаш аз ғор берун мебарояд. То кунун баъди тавлид ёфтани тифл чил рўз ўро эҳтиёт кардан дар байни қавмҳои гуногун ва ба хусус тоҷикон ҷой дорад, ки решааш ба ҳамин устура мепайвандад.

Агар аз устура дур шавем ва бо ҳаёти кунунӣ муқоиса кунем, ҳақиқатан баъди санаи 22-уми декабр ҳаво сард мешавад ва мардум дар хонаҳо қарор мегиранд. Дар охири моҳи январ бошад, бештар ба берун мебаромадагӣ мешаванд.

Сада дар фарҳанги мардумӣ

Хушбахтона, ҷашни Сада эҳё гардид ва ҳамчун иди расмӣ эътироф гашт. Шояд аксарияти мардум номи Садаро надонанд, аммо дар фарҳанги мардумӣ ин ҷашн бо номи дигар қайд мегардид ва дар тўли ҳазорсолаҳо аз ниҳоди мардум фаромўш нагаштааст. Фарҳанги мардумӣ бештарини ойинҳои ҷашни Садаро нигаҳ дошта омадааст. Гарчанд ки номи Сада аз хотирҳо зудуда гаштабуд, лекин номи дигари он «чиллабароӣ» то кунун дар байни оммаи халқ ҷорӣ аст.

Дар фарҳанги мардумӣ агар дар чиллаи зимистон истеъмоли ғизоҳои пурқувват ва нигоҳдорандаи тан ба мисоли равғани думбаву гўшти гўсфанд тавсия мегашта бошад, пас дар ҷашни Сада номгўи хўрокҳо ҳам дигаргун мешавад. Дар ин ҷашн истеъмоли ғизоҳои бо истифодаи рустаниҳо ба монанди самбўсаи алафин ва ё кадугин беҳтарин дониста мешавад. Яъне гузаштагони донишманди мо медонистанд, ки дар ин фасли сол дар организми инсон камбудии витаминҳо ба назар мерасад ва хўрдани ғизоҳои витаминдор тавсия мегашт. Таф дода хўрдани биҳӣ ва ё онро дар таом гузоштан, хўрдани шалғам пеш аз фарорасии Наврўз аз одатҳои беҳтарини ҷашни Сада аст. Дар боло гуфтем, ки инсон худро дар иҳотаи табиат ва дар тавозун бо табиат нигаҳ медошт ва ҷашни Сада ҳам ҳаминро инъикос мекард.

Сада аз ғор баромадани Митроро мефаҳмонад. Дар шаҳри Хуҷанд дар фарорасии ин ҷашн бачаҳо ба теппакўҳи Рухак мебароянд ва бойчечак ҷамъ мекунанд. Дар шабу рўзи Сада гули бойчечак аз зери барф қад кашидааст. Бачагон онро ҳамчун муждагонии баҳор бо пиёзакаш чида ба маҳллаҳо ва кўчаҳо гардиш медиҳанд. Бойчечак ва ё худ онро ман «баҳманчинак» мегўям, ин ҳам як рукни ҷашни Сада дар Хуҷанд аст. Он аз қаъри қарнҳо то ба замони мо омада расидааст. 

Ҳангоми чидани бойчечак дар теппакўҳи Рухак ба назар мерасад, ки зоғони сиёҳ қар-қаркунон парвоз доранд, аммо баҳманчинаки бачагон ба он зоғи сиёҳ ҳушдор медиҳад, ки салтанати ту ва хунукии ту ба поён мерасад, баҳор наздик аст.

Бо баробари фарорасии ҷашни Сада ҳаво гармтар мешавад ва ҳикмати халқӣ мегўяд, ки агар кас баъди баромадани чилла, яъне баъди ҷашни Сада ба зери барф ва ё тарма монад, хавфи вафот карданаш аз байн меравад.

Ҳангоми ҷашни Сада дар гузашта занони куҳансол баъди пухтани як танўр самбўсаи алафин ва ё кадугин ба болои бом ва ё танўр нўкча (чўбчаи дарахти бед,ки ба он пахтапечонида шудааст ва пахта бо равған тар гаштааст) фурўзон мекарданд, ки ин ҳам нишонаи эҳтиром ба оташ аст.

Гулханафрўзӣ ва ҷамъ гаштан гирди он ва шунидани таронаҳо ва сурудҳои мардумӣ низ яке аз одатҳои қадимаи ҷашни Сада буд.

Сада ва кишоварзӣ

Ориёиён аз қавми кишоварзон буда, дар фарҳанги онҳо истеъмоли гўшти ҷонварон ҷойгоҳи асосӣ надошта, балки истеъмоли ғалладона, ҳубубиёт ва меваву сабзавот мақоми муайянро дошт. Дар гузашта яке аз рамзҳои ҷашни Сада оро додани дарахти ҷашнӣ буд. Аксарияти ойинҳои митроӣ имрўзҳо дар Аврупо боқӣ мондаанд. Ҳамон оро додани арча дар соли нави масеҳӣ аз дарахти ҷашни Сада гирифта шудааст. Ба шохаҳои хушки дарахт ба хотири фаровон гаштани ҳосили соли омадаистода ҳар гуна меваву сабзавот меовехтанд.

Ҷашни Сада барои кишоварзон мавсими омода кардани тухмиҳо барои кишти наврўзӣ аст. Дар хонаҳо занону кадбонуҳо тухмиҳоро аз кодокҳо гирифта тоза мекунад, аз хасту партовҳо онро тоза карда мемонанд.

Дар гузашта баъди баромадани чилла мардуми деҳқон ба тоза кардани ҷўйборҳо ва бо поруҳои маҳаллӣ пур кардани заминҳои кишт машғул мегардиданд.

Бо баробари бештар нурпошӣ кардани офтоб саркорхои номӣ ва деҳқонони кордида ба сари замини кишт мерафтанд. Намии замин, обталаб будан ва ё набудани онро мефаҳмиданд.

Ҷонварони барои киштукор зарурӣ – барзаговҳо, хару аспро гоҳо ба берун бароварда гардиш медоданд ва бо ин роҳ онҳоро ба кишти наврўзӣ омода месохтанд.

Сада барои кишоварзон ба хукми ҳушдор аст, яъне он мегўяд, ки ай деҳқон омода бош,ки мавсими кор дар пеш аст.

Ба ҷои хотима

Наврўз, Меҳргон, Сада имрўзҳо аз ҷашнҳои расмӣ ва эътирофнамудаи Тоҷикистон аст. Имрўзҳо ҳар фарди солимақли тоҷикистонӣ бояд дарк кунад, ки ҳар ҷашни миллӣ мантиқ ва мақсади хоси худро дорад. Орзу мекунем,ки ниятҳои Тоҷикистон дар бораи ба феҳрасти мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид гаштани ҷашнҳои Сада ва Меҳргон амалӣ гардад. Гумон мекунад, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидани Сада ва Меҳргон эътирофи байналмилалии тоҷикон ва фарҳанги чандҳазорсолаи миллати мо мебошад.

Бо шукўҳу шаҳомат ҷашн гирифта шудани ҷашнҳои номбурда дар Тоҷикистон боз аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати мо ба фарҳангу арзишҳои маънавии худ таваҷҷуҳи бекарон дорад. Акнун ҳамаи моро зарур аст, ки дар муаррифии ҷашнҳои Сада ва Меҳргон дар муҳити оила, дар байни ҳаммаҳаллаҳо, дар байни сайёҳони хориҷӣ саҳми арзандаи худро гузорем.

Ислом Раҳимов, номзади илмҳои филологӣ

Председатель города

Заместители Председателя

Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Фируза Нуруллозода Фируза Нуруллозода Заместитель председателя города Фируза Нуруллозода родилась 9 февраля 1983 года в городе Худжанде. В 2004 году окончила ХГУ имени академика...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Алимов У. С. Алимов У. С. Алимов Усмон Собирджонович. Родился 20 мая 1958 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1979 году окон...
Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Миркамолов М.Н. Миркамолов М.Н. Миркамолов Мухсин Насруллоевич родился 10 ноября 1959 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 1980 окончил Таджикский Государств...
Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Самадов Сухробджон Абдусамадович Самадов Сухробджон Абдусамадович Самадов Сухробджон Абдусамадович родился 29 декабря 1976 года в городе Худжанде. По национальности таджик, имеет высшее образование. В 1998 ...
Собитова М.А. Собитова М.А. Собитова Мунзифа Ахматовна родилась 14 сентября 1960 года в городе Худжанде. По национальности таджичка, имеет высшее образование, в 1982 го...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Рахимхуджаев М. А. Рахимхуджаев М. А. Рахимхуджаев Музаффар Анварович родился 8 августа 1982 года в городе Худжанде. По национальности таджик. Имеет высшее образование. В 2003 го...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Недоступен ни однин перевод.Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи да...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Согласно решению председателя города Худжанда Маъруфа Мухаммадзода от 30 июля текущего года Мухбира Дониёрова назначена заведующим отделом З...
Солизода Рахим Солизода Рахим Солизода Рахим Рашиди решением Председателя города Худжанда с июля 2017 году назначен заведующим сектором транспорта и связи. Солизода Рахи...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Недоступен ни однин перевод.Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз...
Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Т. Ҳ. Недоступен ни однин перевод.Усмонова Таҳмина Ҳасановна 23 октябри соли 1982 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зи...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...

Посетители

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз39
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта4051
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта21334
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта37141
mod_vvisit_counterҲамин моҳ21334
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта146383
mod_vvisit_counterҲамагӣ4556828