(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар шаҳр 50 мактаб, 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, аз он ҷумла 27 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 литсей, 4 гимназия, 15 мактаби хусусӣ, 1 мактаб – интернати ёрирасон, 1 комплекс кўдакистон - мактаби махсус барои кўдакони қувваи босираашон суст ва нобино фаъолият менамояд.

Дар ин давра, дар маҳаллаи Мевағул ҶДММ Гимназияи “Эҳёи маънавият”, дар маҳаллаи Сирдарё МТҒ “институти таълимии ибтидоии Аркон” вадар хиёбони С.Айнӣ ҶДММ “Эҳёи маънавият” муассисаи таълимии “Камоли Хуҷандӣ” ба фаъолият оғоз намуданд.

Инчунин сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, сохтмони бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби Пўлотов”, муассисаи томактабии дар маҳаллаи Содирхон Ҳофиз ва азнавсозии муассисаи томактабии №35 идома дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр 43419 нафар хонандагон (20401 нафар духтарон) ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 2502 нафар омўзгорон фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 2185 нафарашон занҳо мебошанд.

Барои ба таҳсил фаро гирифтани хонандагоне, ки бе сабабҳои гуногун аз таҳсил дур мондаанд, мунтазам ба дарсҳо иштирок намекунанд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” корҳои фаҳмондадиҳӣбурда мешавад. Баҳри пурра ба зинаи сеюми таҳсил ҷалб намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ҳамкориро бо падару модарон дар сатҳи зарурӣ гузошта истодаанд. Синфи 9-ро 3200 нафар (1515 н. духтар) хатм карда, ба зинаи сеюми таҳсил 2915 нафар (1385 н. духтар) фаро гирифта шуданд, аз ҷумла 136 нафар (68 н. духтар) ба коллеҷҳо, литсейҳои касбӣ-техникӣ, ба курсҳои кўтоҳмуддат 56 нафар (32 нафар духтар), кор мекунанд 57 нафар (14 нафар духтар), 14 нафар бемор, (5 н. духтар) ва 2 нафар фавтидаанд, 20 нафар (11 нафар духтар), бо кори оилавӣ машғуланд, фарогирӣ ба зинаи сеюми таҳсил 97,1 фоиз мебошад.

Баҳри дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2019, №316 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» корбарӣ намуда истодааст.

Дар шаҳр 46 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 32 кўдакистонҳои давлатӣ, 14 кўдакистонҳои хусусӣ: «Дилоро», «Афсона», «Навбаҳор», «Офтобак», «Маркази омўзиш- Академияи бачагона», «Раҳнамо», «Раҳматулло», «Гули Ҳаёт», «Нутқи бурро», «Суғдиён», «Ҷаҳони Орзу», «Ҳушёрак», “Парвози тобон”, “Андалеб” фаъолият менамоянд.

Ҳамагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр 8604 нафар кўдакон фаро гирифта шудаанд. Аз онҳо, дар кўдакистонҳои давлатӣ 8169 нафар тарбиятгиранда, дар кўдакистонҳои хусусӣ 435 нафар кўдакон, дар марказҳои инкишофи кўдакон 132 нафар (МТМУ №3, 11, 12, 17, 20, 25, 26, МТУҒ Паймон) таълиму тарбия мегиранд. Аз 22000 нафар кўдакони синни томактабии шаҳри Хуҷанд, дар кўдакистонҳои шаҳр наздик 40,0 фоизи кўдакон фаро гирифта шудаанд.

Дар муассисаҳои таълимии томактабии шаҳр ба таълиму тарбияи кўдакон 504 нафар мураббиён, аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимии томактабии давлатӣ 450 нафар, дар кўдакистонҳои хусусӣ 54 нафар мураббиён фаъолият мебаранд.

Дар муассисаҳои таълимӣ мониторинги сатҳи дониши хонандагон муайян карда шуд, ки дар ҷамъбасти таҳсили 2019-2020, сифатнокӣ 53,7 ва азхудкунӣ 99,9- ро ташкил дод.

Ҷиҳати ҷорӣ намудани тартиботи қатъӣ ба раванди таълим ҳамарўза муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ назорат бурда мешавад. Дар раванди назорат давомоти омўзгорону хонандагон, омодагии омўзгорон ба дарс, риояи либоси мактабии онҳо, ҳуҷҷатнигорӣ ва ғайра тибқи саволнома санҷида мешавад.

Доир ба иҷроиши “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» дар солҳои 2018-2019 95 адад кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла кабинетҳои физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, суруд ва мусиқӣ пурра таҷҳизонида шуданд.

Дар 2020 муҷаҳҳазгардонии 10 кабинети фаннӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба нақша гирифта шуда, 2 адад кабинети физика, 2 адад кабинети химия, 1 адад кабинети математика ва 4 адад кабинети суруд ва мусиқӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Нақшаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ дар 2020 90,0 фоиз иҷро карда шуд.

Дар 2020 барои аз курси такмили ихтисос гузаштан 406 нафар омузгорони фаннӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар хисоботӣ 343 нафар омўзгорони фаннӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз курси такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф гузашта, савияи дониши худро баланд бардоштанд, ки он 84 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Дар таҳсили соли 2020-2021 бо вуҷуди ба 32 нафар дархост доштани шуъбаи маориф, 68 нафар мутахассисони ҷавон тибқи тақсимоти ВМИҶТ ба шуъбаи маорифи шаҳр фиристода шуданд, ки аз онҳо 56 нафар аз ДДХ ба номи Б.Ғафуров ва 12 нафар аз колеҷи омўзгории шаҳри Хуҷанд мебошанд. Ҳозиршавии мутахассисони ҷавон 94 фоизро ташкил намуда, дар ин самт корбарӣ идома дорад. Дар оғози таҳсил ба ҳамаи мутахассисони ҷавон омўзгорони соҳибтаҷрибаву собиқадор вобаста карда шудаанд. Ҳамчунин, байни шуъбаи маориф, маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ва мутахассисони ҷавон қарордоди меҳнатӣ ба мўҳлати 3 сол баста мешаванд.

Муассисаҳои таълимие, ки таълимашон ба забони русӣ мебошад, ба омўзгорони фанҳои дақиқ эҳтиёҷ доранд.

Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омўзгорон, дарёфт ва ошкор намудани омўзгорони боистеъдод, навовару эҷодкор, тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами омўзгорӣ, қадрдонии меҳнати омўзгорон ва баланд бардоштани мақому манзалати ў дар ҷомеа, озмунҳои «Омўзгори Тоҷикистон» ва “Мураббии Тоҷикистон” дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад. Омўзгори фанни забони англисии литсейи физикӣ-математикии №1 Умарзода Дилафрўз ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Омўзгори Тоҷикистон” ва мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №15 Қодирова Фирўза дар озмуни вилоятии “Мураббии Тоҷикистон” сазовори ҷойи дуюм гардид.

Толибова Заррина омўзгори фанни физикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 дар озмуни вилоятии «Омўзгори Тоҷикистон» сазовори ҷойи дуюм гаридид.

Инчунин, дар озмуни вилоятии “Омўзгори ҷавони сол” омўзгори фанни химияи ЛДП Иброҳимов Мўминҷон ғолиб дониста шуд.

Дар маҳаллаи 12 (Мевағул) ҶДДМ Гимназияи “Эҳёи маънавият” ва дар маҳалаи Сирдарё муассисаи ҶДММ “Институти таълимии ибтидоии Аркон” ба фаъолият оғоз намуданд. Сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, сохтмони бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби Пўлотов”, муассисаи томактабии дар маҳаллаи Содирхон Ҳофиз ва азнавсозии муассисаи томактабии №35 идома дорад.

Тибқи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ оиди рўй овардан ба китобу китобхонӣ дар китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ омўзгорону хонандагон аъзо буда, мунтазам аз китобҳои бадеиву методӣ самаранок истифода мебаранд

Иштироки фаъолонаи омўзгорону хонандагон дар озмунҳои “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Шеърхони беҳтарин”, “Рўдакихонӣ”, “Камолхонӣ”, “Шукўҳихонӣ” бозгўи суханҳои болост. Ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати омўзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои муассир андешида шуда истодааст. Ҳар ҳафта рўзҳои душанбе дар мактабҳо бо ташаббуси иттиҳодияи методии омўзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик сафороӣ, чорабиниҳо гузаронида шуда, омўзгорон дар самти покизагии забони миллӣ, омўзиш ва гиромидошти он дар ниҳоди хонандагон тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд.

Дар тамоми муассисаҳои таълимӣ гўшаҳои махсус, нашрияҳои деворӣ ва моҳномаҳои забони тоҷикӣ ва ам ин ташкил карда шуда, дар ин замина силсилаи маҳфилу чорабиниҳои адабӣ, илмӣ, мулоқотҳои шоирону нависандагон бо омўзгорону хонандагон гузаронида мешаванд.

Қайд кардан зарур аст, ки новобаста аз нақша-чорабинии аз тарафи маъмурияту иттиҳодияи методии мактаб ва шуъбаи маориф тартиб дода, омўзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик барои тозаву беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ва барои бенуқсону зебо ҳарф задани ҳам шогирдону ҳам ҷомеаи омўзгорӣ ва дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамарўза корбарӣ мекунанд. Моҳи июл тибқи мактуби Раёсати филиали МД “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф” дар вилояти Суғд № 34 аз 01.07.2020 байни омўзгорони муассисаҳои таълимӣ озмуни иншо ва эссеи беҳтарин бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ таҳти унвони “Аз сухан машҳури олам шуд Камол”ва ба муносибати таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ дар мавзўи “Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва густариши ҳофизаи таърихӣ дар даврони истиқлолият”гузаронида шуд. Дар озмун омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики “Литсейи Рустамов” Ҷўраева Муяссар ва МТУҒ “Паймон” Темирова Биробия сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 427 аз 03.07.2014, қарори Раиси вилояти Суғд №411 аз 23.09.2014 ва қарори Раиси шаҳр №647 аз 05.11.2014 дар бораи тасдиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020» дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайян ба сомон расонида шудааст.

Мактабҳои таълимашон бо забони русӣ гимназияҳои №13, Гёте “Эҳёи маънавият”, Институти таълимии “Аркон” мебошанд. Ғайр аз ин боз дар 14 мактабҳои шаҳр синфҳои таълимашон бо забони русӣ фаъолият мебаранд, инчунин дар мактабҳои №7, №16, гимназияи «Гёте» дар баробари забони англисӣ, забони немисиро низ меомўзанд. Дар ҳамаи мактабҳо махфилҳои омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, дарсҳои иловагӣ барои хонандагони сустхон ва болаёқат ташкил карда шудаанд. Ҳамзамон дар назди 22 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 46 гурўҳ бо забони русӣ фаъолият бурда, дар боқимонда кўдакистонҳо дарсҳои иловагӣ аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ ҷорӣ карда шудаанд.

Санаи 17.12.2020 дар фестифал- озмуни вилоятии “Русская песния” хонандагони муассисаи таълимии №15 Самева М ва муассисаи таълимии №16 Урунова З иштирок намуда , сазовори сипоснома ва тўҳфа гардиданд.

12.7. Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, сарпарастон ва шахсони воқеии муассисаҳои таълимӣ фонди китобҳои бадеиро ғанӣ гардонида истодаанд. Ҳамчунин дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ низ ташкили китобхонаҳо ба нақша гирифта шудааст. таҳсили 2019-2020 аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 427 адад китобҳои бадеӣ ворид гардид, ки он пурра барои ғанӣ гардонидани маҳзани китобхонаҳои муассисаҳои томактабӣ равона карда шуд.

Баҳри таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар ҳисоботӣ 24 номгўйи китобҳои дарсӣ ба миқдори 49805 адад ба маблағи 800,7 ҳазор сомонӣ ворид шуда, саривақт дастраси муассисаҳои таълимӣ гардидааст.

Инчунин 18 номгўи китоби бадеӣ ба теъдоди 467 адад ба маблағи 7,5 ҳазор сомонӣ ворид шудааст. Маблағи китобҳои дарсии иҷоравӣ аз тарафи мактабҳои шаҳри Хуҷанд сари вақт пардохт карда мешаванд.

Алҳол эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ бо назардошти панҷ оянда 97485 ададро ташкил медиҳад, ки асосан китобҳои дарсии забони англисӣ барои синфи 10; геометрия, технологияи иттилоотӣ барои синфи 7, физика, химия, барои синфи 8, физика, география, технологияи иттилоотӣ барои синфи 9, ҳуқуқи инсон, химия барои синфи 10 мебошанд.

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, №АП-1339 аз 5 феврали 2020 ва фармоиши шуъбаи маориф, №139 аз 7 апрели 2020, озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, фаъолгардонии доираи забондонӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавии хонандагон ташкил ва гузаронида шуд.

Баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” тарбиятгирандагон ва толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳр омодагии ҳаматарафа дида, 122 нафар ғолибони даври муассисавӣ тибқи дархост (32 нафар тарбиятгирандагони ширхоргоҳ-кўдакистонҳо ва 90 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ) иштирок намуданд. 4 нафар тарбиятгирандагони ширхоргоҳ-кўдакистонҳои №20,33,24,18 ва 14 нафар толибилмони мактабҳои №8,21,16, 10, 18,МБХБ, ДХБ, Гимназияҳои №1,24,ДХБ, литсейи физикӣ-математикии №1, МТҒ Пўлотов, ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, қадрдонӣ карда шуданд.

Даври вилоятии озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» санаи 23-юми сентябр дар Мактаби Президентии шаҳри Бўстон гузаронида шуд. Дар озмун лаёқат, малака, маҳорати иштирокчиёнро таҳлил, натиҷагирӣ ва ғолибони даври вилоятиро муайян намуд.

Дар Озмун ҳамагӣ 13 нафар аз муассисаҳои таълимӣ, аз он ҷумла 3 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, 9 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 нафар омўзгори литсейи барои хонандагони болаёқат иштирок намуданд.

Ғолибони даври вилоятии озмун, аз ҷумла:

1 нафар ҷойи 1 (МТТ№20-10.000 сомонӣ)

1 нафар ҷойи 2 (омўзгори ЛХБ-7.000 сомонӣ)

3 нафар ҷойи 3 (МТМУ №8, 15, МТТ №33)

1 нафар бо Сипосномаи Раиси вилоят (ЛХБ-Шодвари Бахтиёр) кадрдонӣ карда шуданд.

Ғолибони даври вилоятии озмун санаҳои 7-8-9 декабри равон дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намудаанд. Имориддинов Сарфарозиддин омўзгори литсейи барои хонандагони болаёқат дар номинатсияи хондан ва азёд намудани осори адибони классикии тоҷик ҷойи 1-умро ишғол намуда , бо 30 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Ҳамчунин Қўзибоева Лайло муҳассилини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, Шодвари Бахтиёр муҳассилини литсейи барои хонандагони болаёқат ва Азизов Муҳаммадсолеҳ тарбиятгирандаи муассисаи таҳсилоти томактабии №20 бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида 1000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.

Дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои рушди эҷодиёти техникӣ махфилхои “Робототехника”, барои баланд бардоштани заковати зехнии хонандагон “Шохмот”, ки ба онхо омузгорони пуртачриба рохбарӣ мекунанд, амал мекунад. Ба ин махфилхо хонандагони сохибистеъдод чалб карда шудаанд. Дар ҳамаи муассисахои таълимӣ махфилхои эҷодиёти техникӣ ба монанди техникони наврас, физикони ҷавон ва ихтироъкорони ҷавон амал мекунад. Ҳамзамон, МДРИ-и назди шуъбаи маориф аз имкониятхои муассисаҳои таълимии шаҳр истифода мебарад:

Кабинети физика - МТМУ №19, ЛДП

Кабинети химия -МТМУ №16, 17, ЛДП

Кабинети забони хориҷӣ - гимназияи №1 (лингафонӣ), №24, гимназияи «Гёте»

Кабинети математика - МТМУ №19, 22, ЛДП, Литсейи №1, МТҒ «Ирфон»

Кабинети технологияи иттилоотӣ- литсейи №1, МТМУ №5, 15, 19, Литсейи хонандагони болаёқат

Кабинети биология- Литсейи донишгоҳи политехникӣ, МТҒ «Ирфон»

Барои таъсиси студияи сабти аудио ва видеоӣ то пайдо шудани имконияти молиявӣ аз имкониятҳои телефони мобилӣ истифода шуда истодааст. Дастур ва адабиётҳои методӣ аз ҷониби омўзгорони варзида аз фанҳои таърихи халқи тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, ҳуқуқи инсон, география, биология, тартиб дода шудааст. Дар рўзномаи муаллимон ва толибилмони шаҳр «Оламоро» хабару мақолаҳо оиди фаъолияти марказ ва дастовардҳои хонандагони болаёқат чоп мегардад.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо шабакаи умумиҷаҳонии ИНТЕРНЕТ пайваст буда, почтаи электронӣ (email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ) фаъол аст.

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни хонандагони синфҳои 11-ум 38 нафар ғолибони даври вилоятӣ иштирок намуда, 18 нафар ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд: ҷойи 1- 4 нафар, ҷойи 2- 3 нафар, ҷойи 3-11 нафар мебошад. Дар умум, дар олимпиадаи вилоятӣ 63 нафар хонандагони синфҳои 9-11 сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дар олимпиадаи байналмиллалии “Hippo-2020”- 238 нафар хонандагони 3-11 иштирок карданд ва ба даври ҷумҳуриявӣ 14 нафар роҳхат гирифта, 1 нафар хонандаи ЛБХБ ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт.

Дар олимпиадаи вилоятӣ оид ба шоҳмот ду нафар хонандагони МТҒ “Файз” ва МТҒ “Гимназияи Гёте” ғолиб омада ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар олимпиадаи вилоятии «Spelling Bee» 2 нафар хонандагони МТМУ №31 ва ЛБХБ ғолиб омада, дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд.

Моҳи сентябри 2020 озмуни барандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид, ки дар он 34 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, 6 нафар хонандагони муассисахои таълимии шахр аз МТМУ №5,7,22, гимназияҳои №1,4, литсейи №1 барои гирифтани Стипендияи президентӣ ноил гардиданд.

Дар моҳи декабри 2020 56 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимӣ барандагони Стипедияи Раиси шаҳри Хуҷанд гардидаанд.

Дар таҳсили 2019-2020 - 7 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд бо аттестати аъло ва медали тиллою нуқра хатм карданд. Аз онҳо 2 нафар хонандагони литсейи №1, 1 нафар хонандаи гимназияи №1, 1 нафар хонандаи гимназияи “Гете” бо медали тилло, 2 нафар хонандаи ЛДП, 1 нафар хонандаи литсейи ДДҲБСТ бо медали нуқра сазовор шуданд.

Дар ҷамъбасти таҳсили 2019-2020, дар машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилоят ба 7 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр, ки ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанҳои дақиқ мебошанд,аз он ҷумла ба 3 нафар хонандагони литсейи №1, 2 нафар хонандагони МТҒ Гулчини маърифат”, 1 нафар хонандаи ЛБХБ, 1 нафар хонандаи МТМУ №2 ва ба омўзгори фанни химияи МТҒ “Гулчини маърифат” Қодиров Умедҷон,омўзгори фанни технологияи иттилоотии литсейи №1 Очилов Ҳусейн, ба литсейи физикӣ-математикии №1 барои омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои гуногун тўҳфаҳои пулии Раиси вилояти Суғд супорида шуданд.

Дар 2020 аз тарафи Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо якчанд озмунҳо: “Иншои беҳтарин”, “Расми беҳтарин”, “Ҳикоянависи беҳтарин”, “Шеърнависи беҳтарин” дар мавзўҳои “5500 солагии Саразми бостонӣ”, ”Модар бақои ҳаёт аст”, “Тоҷикистон-хонаи ободи ман”, “Истиқлоли тоҷик поянда бод”, “Рўдакӣ рафту монд, ҳикмати ўй...”, “Парчамат парафшон бод,Точикистон!”, макола ва буклет дар мавзуи “Пешвои миллат-ифтихори мо”, рўзномаи деворӣ дар мавзуи “Ман бо Тоҷикистони маҳбубам ифтихор дорам!” гузаронида шуданд.

Тибки Низомномаи Вазорати маориф ва илми ЧумхурииТочикистон аз 30.09.2020,№ 12/53 дар хамаи муассисахои таълими даври аввали олимпиадаи фанни байни хонандагони синфхои 5-11 гузаронида шуд, ки дар он 22 146 нафар, аз он чумла 13 548 нафар духтарон иштирок намуданд. Санахои 2.11.2020 то 7.11.2020 сол дар МТМУ №23 даври интихобии олимпиадаи фаннии шахрӣ байни хонандагони синфхои 9-11 гузаронида шуд, ки дар он 1166 нафар хонанда иштирок намуданд ва ба даври чамъбасти зиёда 400 нафар роххат гирифтанд. Санахои 21.11.2020 сол ва 28.11.2020 сол олимпиадаи фаннии шахрии наврасон аз фанхои табиӣ-риёзӣ ва чамъиятӣ - гуманитарӣ барои синфхои 5-6, 7-8 гузаронида шуд, ки дар он 767 нафар хонанда иштирок намуданд.

Дар олимпиадахои фаннӣ байналмилалӣ ва лоиҳавӣ дар 2020 то санаи 11 декабри равон 140 нафар хонандагон ба қайд гирифта шуда, 35 нафари онҳо ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардидаанд.

Ҳамчунин хонандагони шаҳр дар олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ тариқи шабакаҳои интернетӣ қувваозмоӣ менамоянд. Дар 2020 240 нафар хонангданон дар чунин озмунҳо ширкат варзида, 154 нафари онҳо ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардидаанд.

Кароматулло Аҳроров, хонандаи синфи 10-и гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии Ҳусейн Очилов, омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ ва Гулчеҳра Ҳамидова омӯзгори фанни забони англисӣ, гимназияи №4, шаҳри Хуҷанд барномаи мобилӣ-луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия намуданд, ки...
10 ноябри соли 2022 дар толори Гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Набизода Мадина Раҳмат бо иштирокчиён ва ғолибони олимпиадаи байналмилалии “Дониш” баргузор гардид. Дар мулоқот, ҳамзамон директорони Марказҳои дарёфт ва рушди...
  Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и шаҳри Хуҷанд дар озмуни шаҳрии иншои беҳтарин бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Маҳмудова Мухлиса (аз синфи 9а) дар мавзӯи "Истиқлол-неъмати бебаҳо"  сазовори Дипломи дараҷаи 1-ум,...
Санаи 20 октябри соли 2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи «Зайниддин Осимов»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки нозири шуъбаи ташвиқотию тарғиботии ШБДА РВКД дар вилояти Суғд, майёри милитсия Ч.Ҳакимзода ва мушовири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри...
Аз санаи 18 то 21 октябри соли 2022 дар пояи гимназияи 1 шахри Хучанд мусобикаи футболи хурд байни духтарон барои дарёфти Чоми  мудири шуъбаи маориф бахшида ба 30 солагии Ичлосияи 16 Шурои Олии Чумхурии Точикистон баргузор мегардад.
Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ба таълим ва омӯзиши забони русӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, забони русӣ барои тоҷикон забони дуюми модарӣ аст...

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...