(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раёсати молия дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» аз 26 ноябри соли 2019, №1650 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №639 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» дар соли 2020 як қатор силсила корҳоро ба анҷом расонид.

Дар ин давра ба даромади буҷети маҳаллӣ 196629,4 ҳазор сомонӣ малағҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ворид карда шуданд, ки ин таъмини иҷрои нақшаро бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба андозаи 100 фоиз ташкил медиҳад. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда маблағи 13161,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 107,2 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 10 намуди сарчашмаҳои даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 2 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида мебошанд, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷети маҳаллӣ 7426,6 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид гардид.

Дар ин марҳила даромади умумиӣ буҷети шаҳри Хуҷанд бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маблағи 403055,9 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин нисбат ба нақша 3380,1 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 100,8 фоизро ташкил медиҳад. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағи 12025,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 103,1 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 11 намуди даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 2 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида мебошанд, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷети умумӣ 17449,3 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Бақияи қарзи андози андозсупорандагони шаҳр бо назардошти қарзи андози андозсупорандагони калон ба ҳолати 1 декабри соли 2020 маблағи 20620,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати аввали соли сипаришуда ба маблағи 2197,3 ҳазор сомонӣ афзудааст.

Қисми хароҷоти буҷети шаҳри Хуҷанд дар соли 2020 бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маблағи 198705,3 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он маблағи 196492,4 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд, ки ин 98,9 фоизро ташкил намуд.

Дар давоми соли 2020 барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ алалхусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағи 130787,2 ҳазор сомонӣ ва ё 66,6 фоизи маблағҳои харҷгардидаи буҷетӣ равона карда шуда, барои таъмини кормандони муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда, ба истиснои соҳаи Хоҷагии манзилию коммуналӣ, ба маблағи 102121,6 ҳазор сомонӣ музди меҳнат якҷоя бо андози иҷтимоӣ пардохт карда шуд, ки ин 52,0 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил намуда аз ин ҳисоб қарздориҳо ҷой надорад.

Дар соли 2020 барои сохтмони асосии иншоотҳои сохташавандаи шаҳри Хуҷанд нақша бо тағйиру иловаҳояш маблағи 28630,7 ҳазор сомонӣ муайян карда шуда, иҷроиши амалии он маблағи 28630,7 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки 100,0 фоиз иҷроиши маблағгузории сохтмони асосии иншоотҳои сохташавандаи шаҳрро ташкил медиҳад.

Дар соли 2020 мувофиқи буҷети аниқкардашдаи соҳаи маориф ҷиҳати маблағгузории сарикасии муассисаҳои таълимии шаҳр барои 35838 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳр 36091,3 ҳазор сомонӣ маблағ пешбини карда шуда, дар ин давра барои ин мақсад 35911,1 ҳазор сомонӣ ва ё 99,5 фоизи хароҷот нисбати нақша, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнати омўзгорон якҷоя бо андози иҷтимоӣ 33118,3 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шудаанд, ки ин 92,2 фоизи хароҷоти умумии муассисаҳои таълимии шаҳрро ташкил медиҳад.

Дар соли хониши 2020-2021-ум 32 адад мактабҳои таҳсилоти умумии аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд маблағгузоришаванда фаъолият намуда, мувофиқи нақшаи соли ҷорӣ дар мактабҳои шаҳр 1178 синф бо миқдори 35838 хонандагон ва ё ба ҳисоби миёна дар як синф 30,0 нафар талабагон таҳсил намуда истодаанд.

Дар соли 2020 мувофиқи буҷети аниқкардашудаи соҳаи маориф ҷиҳати маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти томактабиӣ шаҳр барои 8593 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии шаҳр маблағи 15782,5 ҳазор сомонӣ пешбини карда шуда, дар ин давра барои ин мақсад 15571,1 ҳазор сомонӣ ва ё 98,7 фоизи хароҷот нисбати нақша, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнати мураббиён якҷоя бо андози иҷтимоӣ 13735,2 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шудаанд, ки ин 88,2 фоизи хароҷоти умумии муассисаҳои томактабии шаҳрро ташкил медиҳад.

Дар ин давра тибқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр аз ҳисоби буҷети шаҳр ҷиҳати пешгирӣ, интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус (COVID-19) 1354,6 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои расонидани кӯмаки моддии яквақта ба кормандони муассисаҳои тибби шаҳр, барои харидории маводҳои зидди вирусӣ аз ҷумла, хокаи хлор, гази окиген, либоси муҳофизатӣ, айнаки муҳофизатӣ, маҳлули антисептики, дастпӯшаки яккарата ва автомакс, корҷомаи муҳофизатии тиббӣ, таҷҳизоти оксигенбарорӣ, гиппохлориди натрий, маводи сӯзишворӣ, зарф барои таҳлил (пробирка) оиди муайян намудани гумонбарони беморони “COVID-19” ва барои гузаронидани корҳои профилактикии пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус “COVID-19” ба Беморхонаи касалиҳои сироятӣ 131,0 ҳазор сомонӣ, ба Таваллудхонаи шаҳрӣ 126,0 ҳазор сомонӣ, ба Стансияи ёрии таҷилию тиббӣ 27,0 ҳазор сомонӣ, ба Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ 510,8 ҳазор сомонӣ, ба Маркази саломатии шаҳрии №1 – 111,6 ҳазор сомонӣ, ба Маркази саломатии шаҳрии №2 – 97,4 ҳазор сомонӣ, ба Маркази саломатии шаҳрии №3 – 79,9 ҳазор сомонӣ, ба Маркази саломатии шаҳрии №4 – 117,7 ҳазор сомонӣ, ба Маркази саломатии шаҳрии №5 – 100,3 ҳазор сомонӣ ва ба Маркази саломатии шаҳрии №6 – 52,9 ҳазор сомонӣ, маблағҳои иловагӣ ҷудо ва равона карда шуданд.

Инчунин, тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд 267,4 ҳазор сомонӣ иловапулӣ ба музди меҳнати кормандоне, ки дар пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус (COVID-19) фаъолият доранд, аз ҷумла ба Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 – 42,8 ҳазор сомонӣ, ба Беморхонаи шаҳрии №2 – 21,4 ҳазор сомонӣ, ба Беморхонаи касалиҳои сироятӣ 77,8 ҳазор сомонӣ, ба Таваллудхонаи шаҳрӣ 58,5 ҳазор сомонӣ ва ба Стансияи ёрии таҷилию тиббӣ 66,9 ҳазор сомонӣ, маблағҳои иловагӣ ҷудо ва равона карда шуданд.

Ҳамзамон, дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, №АП-1378 аз ҳисоби буҷети ҷумҳариявӣ 1194,9 ҳазор сомонӣ барои кормандоне, ки дар пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус (COVID-19) фаъолият намуданд, аз ҷумла ба Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 – 112,9 ҳазор сомонӣ, ба Беморхонаи шаҳрии №2 – 93,6 ҳазор сомонӣ, ба Беморхонаи касалиҳои сироятӣ 144,7 ҳазор сомонӣ, ба Таваллудхонаи шаҳрӣ 105,5 ҳазор сомонӣ, ба Стансияи ёрии таҷилию тиббӣ 158,6 ҳазор сомонӣ, ба Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ 55,7 ҳазор сомонӣ, ба Маркази саломатии шаҳрии №1 – 77,2 ҳазор сомонӣ, ба Маркази саломатии шаҳрии №2 – 92,1 ҳазор сомонӣ, ба Маркази саломатии шаҳрии №3 – 54,9 ҳазор сомонӣ, ба Маркази саломатии шаҳрии №4 – 136,8 ҳазор сомонӣ, ба Маркази саломатии шаҳрии №5 – 136,7 ҳазор сомонӣ ва ба Маркази саломатии шаҳрии №6 – 26,2 ҳазор сомонӣ, музди меҳнати иловагӣ ҷудо ва пардохт карда шуданд.

Тибқи муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №232 “Дар бораи тасдиқи тартиби таъин ва пардохти кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони то синни 16 сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масъуният мебошанд”, дар соли сипаришуда аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони то синни 16 солаи шаҳри Хуҷанд, ки мубталои вируси норасоии масъунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масъуният мебошанд 23,1 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо ва ба ин мақсад равона гардидааст.

Дар ин давра барои маблағгузории корҳои ободонии шаҳр аз ҷумла, р-ўбучини кўчаҳои марказӣ, аз кўчаҳо баровардани партовҳо, дар майдонҳо шинонидани гулҳои ороишӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабзу ороиши, таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилӣ, таъмири намои берунаи хонаҳои дар кўчаҳои протоколӣ ҷойгиршуда, фаъолияти бомароми фаввораҳо ва корҳои равшаннамоии кўчаҳо, бо воситаи КВДК “Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳр, ки ҳачун фармоишгари асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба корҳои ободонӣ ба ҳисоб меравад, 25091,5 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба харҷ дода шуданд.

Мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, дар давоми соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида 5 фоиз барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ маблағи 67,2 ҳазор сомонӣ ҳисоб ва равона гардид.

Ҷиҳати таъмини қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199, қарори Раиси шаҳр аз 8 майи соли 2020, №203 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021” ба тавсиб расонида шуда, эҳтиёҷот ба ангишт дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 барои муассисаҳои соҳаи тиб ба миқдори 420 тонна ва муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр ба миқдори 801,1 тонна, ҳамагӣ ба андозаи 1221 тонна муайян карда шуда, то ба ин давра аз ҳисоби маблағҳои буҷетии соҳаи маорифи шаҳр ба маблағи 541,3 ҳазор сомонӣ барои харидории 818 тонна ангишт равона шуда, аз тарафи муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр бошад ба маблағи 251,0 ҳазор сомонӣ барои харидории 424 тонна ангиш равона карда шуданд. Дар умуман, барои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва сарпарастон 1283 тонна ангиштсанг захира карда шудааст.

Дар соли сипаршиудаи 2020 барои рушду нумўъ ва тараққиёти соҳаҳои мухталифи шаҳр дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳр маблағи 1092,9 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла ба соҳаи «Ҳокимият ва идоракунии давлатӣ» маблағи 185,8 ҳазор сомонӣ, ба соҳаи «Мудофиа» маблағи 50,0 ҳазор сомонӣ, ба соҳаи «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиби ҳуқуқ» маблағи 32,3 ҳазор сомонӣ ба соҳаи «Тандурустӣ» маблағи 263,4 ҳазор сомонӣ, ба соҳаи «Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ» маблағи 254,6 ҳазор сомонӣ, ба соҳаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» маблағи 276,1 ҳазор сомонӣ ва ба соҳаи «Фарҳанг ва варзиш» маблағи 30,6 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст.

Мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи Ҷамъияти «Иттифоқи Чернобил»-и шаҳри Хуҷанд барои соли 2020 ҷиҳати барқарорсозии саломатии 76 нафар иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерўгоҳи барқии атомии Чернобил маблағи 231796 сомони пешбини карда шуда, иҷроиши он 231796 сомониро ташкил дод.

Дар соли сипаришуда баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, №514 «Дар бораи тасдиқи Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нўшокӣ барои солҳои 2008 – 2020» як қатор корҳоро ба сомон расонида шуданд. Аз ҷумла, ҷиҳати таъмини аҳолии шаҳри Хуҷанд бо оби тозаи нўшокӣ дар соли 2020 дар буҷети маҳаллии шаҳр 2685,5 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ ва маблағи мазкур ба андозаи 100 фоиз аз худ гардида, барои обтаъминкунии аҳолии маҳаллаи Чашма – Арзанаи шаҳри Хуҷанд, дар мувофиқаи бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо вобаста ба обтаъминкунӣ аз тарафи Маъмурияти корхонаҳои сохташавандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амалӣ карда шуд.

Дар шаҳри Хуҷанд 3 лоиҳаҳои сармоягузории хориҷӣ бо маблағи 55,1 млн. доллари ИМА, аз ин ҳисоб 27,8 млн. доллари ИМА малағҳои қарзӣ ва 27,3 млн. доллари ИМА маблағҳои грантӣ мебошанд ва бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (минбаъд БАТР) ҷалб карда шуданд, амалӣ гардида истодааст.

Дар соли 2020 аз рӯи Созишномаи қарзии № 38746 аз 18 майи соли 2008 (марҳилаи 2) ва аз рӯи Созишномаи қарзии №44753 аз 16 октябри соли 2014 (марҳилаи 3) ва мувофиқи ҷадвали пардохти қарзи навбатии КВДК “Хуҷандобуканал” дар назди БАТР то санаи 15 май ва то санаи 16 ноябр мутаносибан 68383,38 ва 68796,28 ЕВРО, то санаи 12 феврал ва то санаи 12 август мутаносибан 186174,56 ва 193974,66 доллари ИМА аз ҳисоби хизматрасониҳои коммуналии корхона қарз бояд пардохт мегардид, ки ба ҳолати 31 декабри соли сипаришуда бо пуррагӣ пардохт гардидааст.

Аз рӯи Созишномаи қарзии №46288 аз 24 декабри соли 2015 ва мувофиқи ҷадвали пардохти қарзи навбатии КДК «Нақлиёти мусофиркашон»-и шаҳри Хуҷанд дар назди БАТР аз ҳисоби буҷети шаҳри Хуҷанд то санаи 20 май ва 20 ноябр мутаносибан маблағи 773226,38 ва 704292,03 доллари ИМА бояд пардохт мегардид, ки ба ҳолати 31 декабри соли сипаришуда бо пуррагӣ пардохт гардидааст.

Аз рӯи Созишномаи қарзии №41769 аз 25 ноябри соли 2011 (марҳилаи 1) ва аз рӯи Созишномаи қарзии №47477 аз 13 майи соли 2016 (марҳилаи 2) ва мувофиқи ҷадвали пардохти қарзи навбатии КВДК «Хизматрасони нақлиёти санитарӣ »-и шаҳри Хуҷанд дар назди БАТР мутаносибан то санаи 20 апрел 60979,79 доллари ИМА, то санаи 4 июн 130143,29 доллари ИМА, то санаи 20 октябр 84094,58 доллари ИМА, то санаи 4 декабр маблағи 118864,59 доллари ИМА аз ҳисоби хизматрасониҳои коммуналии корхона қарз бояд пардохт мегардид, ки ба ҳолати 31 декабри соли сипаришуда бо пуррагӣ пардохт гардидааст.

Дар ин давра аз тарафи мутахассисони Раёсати молияи шаҳр тибқи нақшаи корӣ асоснокии пардохти хизматрасонии коммуналӣ ба шахрвандони имтиёзгиранда таҳлил гузаронида шуда, маблағи 10,6 ҳазор сомонӣ нодуруст ба рўйхати имтиёзгирандагон ворид кардани шаҳрвандон муайян карда шуда пардохти маблағи мазкур боздошта шудааст.

Раёсати молияи шаҳр минбаъд низ барои сари вақт маблағгузорӣ намудани муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд маблағгузоришаванда ва назорати маблағҳои харҷгардидаро зери назорати доимӣ қарор медиҳад ва тамоми чораҳои таъхирнопазиро меандешад то, ки маблағҳои буҷетӣ мақсаднок ва сарфакорона ба харҷ дода шаванд.

Председатель города

Заместители Председателя

Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Фируза Нуруллозода Фируза Нуруллозода Заместитель председателя города Фируза Нуруллозода родилась 9 февраля 1983 года в городе Худжанде. В 2004 году окончила ХГУ имени академика...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Алимов У. С. Алимов У. С. Алимов Усмон Собирджонович. Родился 20 мая 1958 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1979 году окон...
Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Миркамолов М.Н. Миркамолов М.Н. Миркамолов Мухсин Насруллоевич родился 10 ноября 1959 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 1980 окончил Таджикский Государств...
Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Самадов Сухробджон Абдусамадович Самадов Сухробджон Абдусамадович Самадов Сухробджон Абдусамадович родился 29 декабря 1976 года в городе Худжанде. По национальности таджик, имеет высшее образование. В 1998 ...
Собитова М.А. Собитова М.А. Собитова Мунзифа Ахматовна родилась 14 сентября 1960 года в городе Худжанде. По национальности таджичка, имеет высшее образование, в 1982 го...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Рахимхуджаев М. А. Рахимхуджаев М. А. Рахимхуджаев Музаффар Анварович родился 8 августа 1982 года в городе Худжанде. По национальности таджик. Имеет высшее образование. В 2003 го...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Недоступен ни однин перевод.Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи да...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Согласно решению председателя города Худжанда Маъруфа Мухаммадзода от 30 июля текущего года Мухбира Дониёрова назначена заведующим отделом З...
Солизода Рахим Солизода Рахим Солизода Рахим Рашиди решением Председателя города Худжанда с июля 2017 году назначен заведующим сектором транспорта и связи. Солизода Рахи...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Недоступен ни однин перевод.Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз...
Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Т. Ҳ. Недоступен ни однин перевод.Усмонова Таҳмина Ҳасановна 23 октябри соли 1982 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зи...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...

Посетители

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз261
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта4051
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта21556
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта37141
mod_vvisit_counterҲамин моҳ21556
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта146383
mod_vvisit_counterҲамагӣ4557050