(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва фаъолон ҷаласаи ҷамъбасти нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2020 баргузор гардид.

Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаи фаъолонро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар он нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2020 баррасӣ гардида, вазифаҳо барои соли 2021 муайян карда мешаванд.

Сипас, Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2020 маълумоти муфассал дода аз ҷумла афзуд, ки дар соли сипаригардида Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои босифату саривақтии дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бармеоянд, инчунин супоришҳои Раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода чораҳои амалӣ андешид.

Таъкид шуд, ки соли 2020 аз ҷониби тамоми тоҷикистониён Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона интихоб шудани мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҷлили 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ барои ҳамватанон ҳамчун соли таърихию хотирмон ба ҳисоб рафта, дар ин ҷода кулли сокинони шаҳр бо руҳияи баланди меҳанпарастӣ дар самти тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои рўзафзун андешида, давраи ҳисоботиро бо нишондиҳандаҳои назаррас натиҷабардорӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ новобаста аз таъсири омилҳои манфии дохилию беруна ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 1 млрд. 492 миллиону 800 ҳазор сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешина 15,2 фоиз афзудааст. Таҳлили нишондиҳандаҳо собит менамоянд, ки дар ин давра дар соҳаи саноат 17 адад корхонаҳои нави истеҳсолӣ 427 ҷойи кории нав таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои истеҳсолии калону хурд ба 169 адад расидааст. Дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр бошад, шумораи умумии корхонаю муассисаҳо ба 1747 адад расида, теъдоди умумии кормандон 38,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Зикр гардид, ки баҳри рушди соҳаи саноати шаҳр ҳамчун шартҳои асосию муҳим ҷалби сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли пешина 2 маротиба афзоиш ёфта, ҳаҷми умумии мабалағгузориҳо ба 49,3 миллион сомонӣ расидааст. Маблағҳои ҷалбгардида асосан барои таъсиси корхонаҳои нав ва таҳким додани иқтидорҳои истеҳсолии маҳсулотҳои воридотивазкунандаю ба содирот нигаронидашуда, инчунин ба ворид намудани технологияҳои нав масраф гардидааст.

Фирўза Нуруллозода вобаста ба самти соҳаи маориф иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ, дар маҳаллаи Мевағул ҶДММ Гимназияи “Эҳёи маънавият”, дар маҳаллаи Сирдарё МТҒ “Институти таълимии ибтидоии Аркон” ва дар хиёбони С.Айнӣ муассисаи таълимии “Камоли Хуҷандӣ” ба фаъолият оғоз намуданд. Инчунин сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, сохтмони бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби Пўлотов”, муассисаи томактабӣ дар маҳаллаи Содирхон Ҳофиз ва азнавсозии муассисаи томактабии №35 идома доранд. Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омўзгорон, дарёфт ва ошкор намудани омўзгорони боистеъдод, навовару эҷодкор, тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами омўзгорӣ, қадрдонии меҳнати омўзгорон ва баланд бардоштани мақому манзалати ў дар ҷомеа, озмунҳои «Омўзгори соли Тоҷикистон» ва “Мураббии соли Тоҷикистон” дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд баргузор гардиданд.

Вобаста ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва безараргардонӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии КОВИД-19 иттилоъ дода шуд, ки дар ин самт ситод ва гурўҳҳои корӣ ташкил карда шуда, дар миқёси шаҳр, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои савдо, боғҳову мавзеъҳои гаштугузори одамон корҳои тарғиботӣ-фаҳмондадиҳӣ дар самти риояи қоидаҳои гигиенӣ мунтазам ба роҳ монда шуд. Аз тарафи табибони оилавии марказҳои саломатӣ дар самти пешгирӣ ва дарёфти илтиҳоби шуш навбатдории шабонарўзӣ ташкил карда шуда, ҳамарўза гардиши хона ба хона ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷа сафи беморон муайян гардида, сари вақт ёрии тиббӣ расонида шуд.

Баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва фаҳмонидани мазмуну муҳтавои қонуни мазкур дар байни аҳолӣ ва ҷомеаҳои меҳнатӣ мунтазам вохўриву мулоқотҳо гузаронида шуда истода, ҳамкорӣ бо васоити ахбори омма низ доир ба ин масъала зич ба роҳ монда шуда, дар ин давра якчанд барномаҳо намоиш ва мақолаҳо рўи чоп оварда шуданд.

Тибқи ҳисоботи оморӣ дар соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд 1128 адад маърака ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 335 адад маърака кам мебошад. Хароҷоти маъракаҳои гузаронидашуда ба таври умумӣ тақрибан 5 млн 832 ҳазорро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 млн 115 ҳазору 600 сомонӣ кам масраф гаштааст. Дар ин давра 10 ҳолати вайронкунии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби шаҳрвандон ошкор карда шуда, нисбати онҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суди шаҳри Хуҷанд ирсол гардид.

Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд аз масъулини дахлдор пурсиш ба амал оварда, ҳамзамон ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи хонандагон, таҳкими инфрасохтори соҳаи маориф, таъмини китобҳои дарсӣ, иштироки фаъолона дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, пешгирии қонуншиканиҳо, баланд бурдани маърфати ҳуқуқӣ, ҷалби соҳибкорон барои бунёди муассисаҳои таълимӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайраҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар баромади Хайрулло Ғайбуллозода, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд масоили марбут ба ободонии шаҳр ва рушди саноат, дар маърўзаи Аюб Раҳматзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд мавзуъи тадбирҳои 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Таъкид гардид, ки баҳри тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва амалӣ гардонидани нақшаи чорабинии мазкур, ки аз 341 банд иборат буда, сохтмон, бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 510 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба назар гирифта шудааст, танҳо соли 2020 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 6 маротиба ситоди корӣ гузаронида шуда, ба масъулину аъзоёни гурўҳи корӣ вазифагузориҳои мушаххас дода шуд. Дар соли 2020 дар асоси 88 банди нақшаи чорабинӣ корҳо амалӣ шуда, 4 адад корхонаҳои истеҳсолӣ, 2 муассисаи ташхисию табобатӣ, 1 боғи фарҳангию фароғатӣ, 1 расадхона, 2 маркази хизматрасонӣ, 4 бинои истиқоматии баландошёна, 1 иншооти хати обрасонӣ, 74 нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ ба маблағи 121 миллиону 754 ҳазор сомонӣ бунёд ва таъмиру таҷдид гардида, дар ин замина 605 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд. Илова бар нақша дар ин давра дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд зиёда аз 71 адад иншоотҳои гуногуни истеҳсолию маишӣ, аз ҷумла кошонаҳои ҳусн, марказҳои таълимӣ-омўзишӣ, устохонаҳои таъмирӣ ва марказҳои савдо ва хизматрасонӣ бунёд, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдид гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмўъ давоми солҳои 2018-2020 208 банди нақшаи чорабинӣ амалӣ гардонида шуда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 473 адад иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта шуданд, ки ин иҷроиши 92,7 фоизи иншооти ба нақша гирифташударо дар бар мегирад.

Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулини ободонӣ, саноат ва сохтмон ҷиҳати таҷдиди назар намудани нақшаҳои самти фаъолият, суръатбахшии корҳои ободонию хуррамгардонӣ, бакорандозии иқтидорҳои мавҷуда, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, ҷоринамоии технологияи муосир, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, тақвияти корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо дастуру супоришҳо дод.

Дар ҷараёни ҷаласа муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ баромад намуда, роҷеъ ба соҳаҳои дахлдори шаҳрдорӣ изҳори назар намуда, барои ислоҳи камбудиҳо масъулини дахлдорро муваззаф намуданд.

Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаро ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки натиҷаҳои назарраси нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии давраи ҳисоботӣ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ноил гашта, дар натиҷа бо азму ташаббускории сокинон, соҳибкорон ва фаъолони шаҳр рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин шудааст. Кулли сокинони шаҳр дар соли ҷорӣ низ, бо ҳисси баланди ватандорӣ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боз ҳам корҳои ободониву созандагиро бо заҳмати софдилона пеша намуда, барои бо дастовардаҳои назаррас ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо мегузоранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Тошматов М. Тошматов М. Тошматов Мӯъмин. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро   бо   ихтисо...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...
Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Таҳмина Ҳасановна 23 октябри соли 1982 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Миллата...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1029
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта5209
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта35602
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта35651
mod_vvisit_counterҲамин моҳ81982
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта117123
mod_vvisit_counterҲамагӣ4330217