(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАввалин парчаме, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд, тӯли 28 сол аст, ки дар шуъбаи таърихи нав ва навтарини толори «Истиқлолият»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон манзури тамошобинон мегардад. Андозаи парчами аввалин 145 ба 85 см мебошад, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 2007 дар рӯзҳои таҷлили 15-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд.

Доир ба аввалин Парчами давлатӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ бо номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи таърихи ватан ва археологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷурабек ИСОМИДДИНОВ ҳамсуҳбат гардид. Мавсуф андешаҳояшро ин гуна баён дошт:

Яке аз рамзҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатдории тоҷикон — ин Парчами давлатии он мебошад, ки 24 ноябри соли 1992 қабул карда шудааст. 28 сол инҷониб мардуми шарафманди мамлакат зери партавафшонию ҷилваи Парчами давлатӣ — яке аз муҳимтарин муқаддасоти миллию давлатӣ кору зиндагонӣ доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои худ ба шарафи Рӯзи Парчами давлатӣ гуфта буданд, ки «оини парчамдорӣ миёни мардуми куҳанбунёди мо мақоми шоиста дорад ва ҷузъи муҳими фарҳанги давлатдории миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад».

Баъд аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Шӯрои Олии мамлакат комисияи корӣ таъсис ёфта, оид ба қабули Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ қарор қабул мегардад.

То санаи қабули Нишон ва Парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда мешавад, ки роҳбарии онро академик Муҳаммад Осимӣ ба уҳда мегирад. Кори комиссия ба таври пӯшида ҷараён мегирад. Ба озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешниҳод шуда буданд, ки ҳар кадоми онро комиссия мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Ҳамин тавр, комиссия лоиҳаи Парчами давлатиро, ки аз ҷониби рассомон Зуҳур Ҳабибуллоев ва Александр Заневский пешниҳод гардида буд, интихоб мекунад.

Рассом Зуҳур Ҳабибуллоев дар хотираҳои худ навиштааст, ки «ҳангоми омода намудан ва тарҳрезии парчам мо аз маслиҳат ва машварати олимони соҳаи фарҳангшиносӣ, аз қабили Лариса Додхудоева, Н. Игнатушина ва М. Сайдалиев истифода намудем».

Сипас аввалин парчам 24 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар ҳамон иҷлосия «Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд, ки дар асоси онҳо ба моддаҳои 169 ва 170 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардиданд. Мувофиқи он «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлоли давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад».

Мавсуф зикр намуд, ки он замон бо супориши Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчаме, ки аз ҷониби ҳайти корӣ пешниҳод ва қабул гардида буд, дар муддати як рӯз омода ва дар пештоқи Қасри арбоб насб гардид.

Тавре дар хотираҳои рассом Зуҳур Ҳабибуллоев омадааст, «ин парчам дар Комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд омода гардидааст. Онҳо аз соати 4-и бегоҳ то 3-и саҳар бо бофандагон ва ҳунармандони ин Комбинат нахустин парчамро омода намуданд ва 25 ноябр он ба толори Қасри арбоб ворид карда шуда, Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои Шӯрои Олӣ ин Парчами давлатиро бӯса намуда, бо он савганд ёд мекунанд».

Рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон рамз ва решаҳои қадимии суннатӣ доранд. Ранги сурх рамзи мубориза, шуҷоат, шараф ва ҷоннисорӣ дар роҳи меҳан, сарзамин, мардум, ғояҳои олӣ; ранги сафед рамзи рӯҳи тавоно, покӣ, муқаддасот ва хушбахтӣ; ранги сабз рамзи зиндагӣ, ҷавонӣ ва шукуфоӣ мебошанд. Тоҷ рамзи истиқлолу озодии мамлакат мебошад.

Тавре академик Муҳаммад Осимӣ дар муаррифии тарҳи Парчами давлатӣ 24 ноябри соли 1992 гуфта буд, «ҳафт ситора - ин рамзи ҳафт макони таърихии зебоманзари ватанамон ба ҳисоб меравад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон».

Парчами давлатии мамлакат симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчам на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандӯстию худшиносиву худогоҳӣ, андешаву асолати миллӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳувияти миллии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб мешавад. Парчам ҳамчун ахтари тобон раҳнамо ва ҳидоятгар ба сӯи фардо ва ояндаи дурахшон аст.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...