(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Боздиди Раиси вилояти Суғд аз корхонаҳои саноатӣ.Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз якчанд корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд боздид ба амал оварданд. Нахуст Абдураҳмон Қодирӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш бо фаъолияти кунунии коргоҳи «Нассоҷии Хуҷанд» ошноӣ пайдо намуданд. Коргоҳ соли гузашта дубора ба фаъолият оғоз намуда, барои харидорон маҳсулоти гуногуни ватаниро аз нахи пахта пешкаш менамояд. Раиси вилояти Суғд аз намоиши маҳуслоти корхона дидан кард. Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар коргоҳ зиёда аз 30 намуд маҳсулот аз ҷумла, куртаҳои мардона ва занона, сару либоси мактабиву корӣ, рахти хоб ва ғайра истеҳсол карда мешавад, ки сифати он дар бозори имрӯза рақобатнок аст. Тамоми матоҳои истифодамешуда, пурра аз нахи пахта буда, ба саломатии инсон муфид мебошад. Сарвари вилоят ба масъулин дастур дод, ки дар ин радиф бояд ашёи хоми ватанӣ, ки аз пахта гирифта мешавад мавриди истифодаи бештари сокинон карор гирад. Давоми чанд рӯзи охир фаъолияти як қисми корхона бинобар ба итмом расидани шартнома бо фармоишгар қатъ гардидааст. Роҳбари коргоҳ иброз дошт, ки айни замон гуфтушунид бо ширкатҳои давлати Федератсияи Руссия, Ҷумҳурии Белорус ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Туркия ҷараён дошта, рӯзҳои наздик шартномаи тарафайн ба имзо расонида хоҳад шуд. Дар натиҷа коргоҳ имкон пайдо мекунад ба маблағи умумии 5 милион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, ба ин мамлакатҳо содироти онро ба роҳ монад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур то 4 ҳазор тонна нахи пахтаро дар як сол ташкил медихад. Дар сехи дузандагии корхона асосан дӯхти либосҳои мактабӣ, низомӣ, корҷомаҳо ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин тибқи шартнома коргоҳ сарулибоси махсус барои ширкати «Росатом»-и Федератсияи Россия омода месозад. Алҳол маҳсулоти корхона аз ҷониби коршиносони ин ширкати ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ин ширкат корхона имкониятҳои хеле калони содиротӣ пайдо мекунад. Дар корхона 7 намуди мато барои сарулибоси мактабӣ тайёр карда мешавад.
Дар назди корхона ҳамчунин мағозаи фирмавии он кушода шудааст, ки дар он навъҳои сершумори либосвории хушсифати пахтагин бо нархҳои нисбатан дастрас ба фӯруш гузошта шудааст. Роҳбари вилоят таъкид дошт, ки бо маҳсулоти омодагаштаи ватанӣ бозори дохилиро таъмин гардад. Зеро сару либос ва дигар матоҳои комилан аз пахта истеҳсол шуда, дар таркиби он нахҳои сунъӣ мавҷуд нест. Дар ҳамин мавзеъ сарвари вилоят аз мағозаи «Дунёи атлас» боздид ба амал овард. Чи тавре зикр ёфт, дар ин ҷо намуди зиёди атлас ва адрас, бо нақшу нигори гуногун ба фурӯш гузошта шудааст. Раиси вилояти Суғд ҷихати ба роҳ мондани адрасбофӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ масъулинро муаззаф намуд. Бо ин мақсад ба роҳ мондани меҳнати хонагӣ ва ба омӯзиши адрасбофӣ фаро гирфтани шумораи харчи бештари занон мувофиқи матлаб арзёбӣ гардид. Аз ҳамин хотир сарвари вилоят фаъолияти имрӯзаи коргоҳи «ВТ Силк»-ро мавриди назар карор дод. Айни замон 11 дастгохи адрасбофи насб гардида барои бозомӯзӣ духтарони маҳаллӣ ба ин кор ҷалб шудаанд. Абдураҳмон Қодирӣ бо тарзи бофти адрас шинос гардида, барои зиёд намудани шумораи дастгоххо ва ба омузиш фаро гирифтани шумораи харчи бештари занону духтарон ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти коргоҳ супориш дод. Қайд гардид, ки ба касбомузи ҷалб намудани бонувон имкон медихад, то сатхи зиндагонии онҳо хело беҳтар гардад. Дар ояндаи наздик дар ин коргоҳ 50-адад дастгохи адрасбофи насб карда шуда, бо чалби устохои соха занону духтарон аз тамоми шахру навохии вилоят ба касбомузи фаро гирифта мешаванд.
Айни замон дар корхонаи мазкур қабули пиллла ва хушккунии он ҷараён дошта, аз мохи июл нахгирии он огоз меёбад. Тибки супориши Раиси вилоят соли равон пиллаи истехсол гардида ба пурраги дар вилоят коркард хоҳад шуд.. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳбарони корхонаҳоро вазифадор намуд, то коркарди абрешимро то маҳсулоти ниҳоӣ дар вилоят ба роҳ монанд. Бо ин мақсад атласи тоҷик, ки ватани он щаҳри Хуҷанд мебошад ду бора барқарор ва эҳё карда шавад. Бо ин мақсад ба роҳбари корхонаи «Хуҷандатлас» Азим Ғафуров дастур дода шуд то бо истифода аз абрешими маҳаллӣ фаъолияти пурраи корхонаи мазкурро ба роҳ монад. Раиси вилоят қайд намуд, ки алҳол дар бозори ҷахонӣ матоҳои абрешимӣ хеле арзиши баланд дорад ва вилояти Суғд имкониятҳои истеҳсоли ин гуна матоҳоро дорад. Тараққӣ додани ин соҳа ҳам ҷойи корӣ ва ҳам иқтисодиёти вилоятро рушд медихад. Дар ниҳояти шиносоӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарони корхонаҳои саноати сабуки маркази вилоят машварати корӣ доир намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...