(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки беш аз 20 нафар расонаҳои дохилию хориҷии кишвар нишасти матбуотӣ аз рўйи нишондиҳандаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли ҷории ин муассисаи олии таълимӣ баргузор гардид.

Дилафрӯз Саидӣ, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд нишастро оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, дар амал роҳандозӣ намудани барномаҳои давлатии амалкунанда ва инчунин стратегияҳои давлатӣ вобаста ба таҳсилоти олии касбӣ, баланд бардоштани таълиму тадрис, омода намудани мутахасисони баландихтис ва ғайра тадбирҳо таъхирнопазир андешида, дар ин самт ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии донишкада қадамҳои устувор гузошта шуд. Дилафрўз Саидӣ гуфт, ки имрӯз дар дар сохтори донишкада 4 факултет, 12 кафедра, 4 марказ ва 9 шуъба амал менамоянд. Дар донишкада ба миқдори умумӣ: 167 синфхонаи таълимӣ, 36 озмоишгоҳи таълиму таҳқиқотӣ, 26 синфхонаи компютерӣ, 5 синфхонаи лингафонӣ, 2 толори варзишӣ, 2 майдончаи варзишӣ, 1 технопарк, 3 толори маҷлисӣ, 3 китобхона, 3 қироатхона мавҷуд аст ва дар умум, ба як донишҷӯ 7,03 метри мураббаъ рост меояд. Дар донишкада факултети информатика ва энергетика, муҳандисӣ-иқтисодӣ, факултети муҳандисӣ-технологӣ, факултети сохтмон ва нақлиёт ва якчанд кафедраҳои умумидонишкадавӣ амал менамоянд. Ба ғайр аз ин, маркази таҳсилоти фосилавӣ нисбат ба ихтисосҳои тарзи таҳсилашон фосилавӣ ҳам функсияи факултет ва ҳам функсияи кафедраро иҷро менамояд. Донишкада аз рӯйи 21 ихтисоси зинаи бакалавриат (5 ихтисос дар шуъбаи ғоибона (фосилавӣ) ва аз рӯйи 29 ихтисоси бакалавриатура таҳсилоти дуюм (фосилавӣ)), 18 ихтисоси зинаи магистратура, 9 ихтисоси зинаи докторантура (PhD), инчунин 13 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва барои парки технологӣ 10 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ фаъолият мебарад. Онҳо ихтисосҳои самтҳои технологияи иттилоотӣ, энергетика, сохтмон, нақлиёт, меъморӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ, бофандагӣ, маҳсулоти хӯрока, агротехнология ва иқтисодиёт мебошанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар донишкада амалишавии якчанд лоиҳаҳо бо шарикони хориҷӣ ҷараён дорад, аз ҷумла: озмунҳои грантии Эраcмус + (қисми “Такмили имконот дар соҳаи таҳсилоти олӣ”), Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ), сафоратхонаҳо, Бонки Умумиҷаҳонӣ (WB), Бонки Рушди Осиё (ADB), Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Департаменти рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID), Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA), Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA), Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) ва Котиботи Давлатии Шветсария оид ба иқтисодиёт (SECO) ва ғайра мебошад.

Дилафрўз Саидӣ гуфт, ки дар давоми соли хониши 2019 – 2020, 7 маротиба устодони ДПДТТХ дар доираи барномаи Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ – GIZ (лоиҳаи “Таҳсилоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ”) дар семинар оиди татбиқи барномаҳои таълимӣ, семинар оиди коркарди стандартҳои касбӣ, конференсияи илмӣ – амалӣ ва конференсияи байналмиллалии илмӣ-амалӣ оиди ҳалли инноватсионии муаммоҳои муҳандисӣ-технологии истеҳсолоти муосир дар шаҳрҳои Тошканд ва Бухоро иштирок намудаанд. Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишкада барои солҳои 2019-2024 тасдиқ карда шуд. Аз рӯйи нақша 14 мавзӯъҳои илмиро аз рӯйи 6 самт дар бар мегирад.

Иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, хукуқбунёду дунявӣ, шарҳу тафсири нутқу маърӯзаҳои Президенти кишвар, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармонҳои раёсати донишкада, гузаронидани вохӯриву сӯҳбатҳо ва соатҳои тарбиявӣ яке аз бахшҳои асосии корҳои тарбиявии донишкада ба ҳисоб меравад. Шуъбаи тарбия бо чунин ташкилотҳои ҷамъиятии донишкада ба монанди: созмони ҷавонон, бахши кор бо занону духтарон, шӯрои собиқадорони меҳнат, кумитаи иттифоқи касабаи донишкада дар алоқаи зич фаъолият мебарад. Шуъбаи тарбия аз рӯи нақшаи кории тасдиқгардида дар якҷоягӣ бо аъзоёни шӯроҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ кӯшиш менамоянд, ки самти корҳои тарбиявиро пурзӯр намуда, талаботу иҷроиши супоришҳоро дар сатҳи лозимӣ ба роҳ мондааст.

Дилафрӯз Саидӣ, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба саҳми устодону донишҷўёни донишкада алайҳи мубориза бо короновирус иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки дар марҳилаи пайдоиш ва шиддат гирифтани бемории сироятии короновирус бо нангу номус ва ҳисси ватандўстӣ бо таъсиси гуруҳҳои ихтиёрӣ аз ҳисоби ҷавонон дар паҳлуи мақомоти маҳаллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ қарор гирифтем. Устодони днишҷӯён дар ин вазъияти ҳассос бетараф наистода, бо истифода аз тамоми имконот корҳои тарғиботию ташвиқотӣ байни аҳолӣ ҷиҳати худмуҳофизатӣ аз сироятёбӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳо сарҷамъона ба пеш бурданд. Ҳамзамон барои дӯхти ниқобу корҷомаҳои тиббӣ самаранокии фаъолиятро дар сехи дӯзандагии назди Парки технологӣ ба роҳ монда, дар биноҳои таълимӣ тамоми тадбирҳои безараргардонӣ ва чораҳои беҳдоштиро андешида шуданд. Алҳол бо мақсади омодагӣ ба соли нави хониши 2020-2021 аз ҷониби роҳбарияти донишкада ҷиҳати пешгирии бемории фарогири короновирус тадбирҳо зарурӣ, аз ҷумла захира намудани маводҳои зарурии муҳофизатию доруворӣ ва безараргардонӣ андешида шуданд.

Сипас аз ҷониби намояндагони расонаҳои хабарӣ доир ба вазъи қабули донишҷўён ба донишгоҳ, заминаи моддиву техникӣ, ҳолати хобгоҳҳо, истифодаи озмоишгоҳҳо, таъсиси ихтисосҳои нави ҷавобгў ба замони муосир, мубодилаи донишҷўён бо дигар муассисаҳои олӣ ва ғайраҳо саволу ҷавоб дода, ҷавобҳои муфассал дарёфтанд. Дилафрӯз Саидӣ, директори Донишкадаи политехникии Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таъкид дошт, ки донишкада бо муосиртарин озмоишгоҳҳо таҷҳизонида шуда, донишҷўён дар азхудкунии илми муосир амалан бархурдоранд. Муҳимтар аз ҳама донишҷўёни донишкада дар идоракунии ин муассиаи олӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Дилафрўз Саидӣ гуфт, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар оянда низ бо дарки баланди масъулият, тамоми имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омода намудани мутахасисон баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи замони муосирро сармашқи фаъолият қарор дода, барои рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми босазо мегузорад.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба 10 нафар хатмкунандагони зинаи бакалавр ва магистр дипломҳои аъло супорида шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ҷараёни нишасти матбуотӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Шуъбаи кор бо ВАО

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...