(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд маҷлиси фаъолони шаҳр доир ба натиҷаҳои рушди хоҷагии халқи шаҳр дар семоҳаи аввали соли равон баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, итилоъ дод, ки дар он муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини аввали Раиси шаҳр, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони идораву ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлати шаҳр, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва дигар фаъолон ҳузур доранд.

Сипас, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2020 иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ баён намуда буданд, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чораҳои амалӣ андешида, ҷиҳати рушди бонизоми иқтисодии шаҳр ҳамчун қисми таркибии иқтисоди миллӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба нишондиҳандаҳо ва дастовардҳои назарраси соҳаҳои хоҷагии халқ ноил гардид.Новобаста аз таъсири омилҳои манфии беруна, ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 283 миллиону 500 ҳазор сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 фоиз афзудааст. Таҳлили нишондиҳандаҳои давраи ҳисоботӣ собит намуд, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ шумораи корхонаю муассисаҳо ба 1718 адад расида, теъдоди умумии кормандон 396 адад зиёд шудааст, 5 адад корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо назардошти соҳибкорони инфиродӣ бо теъдоди 82 ҷойи кории нав таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои калону хурди саноатӣ бошад, 9 адад зиёд шуда, ба 170 адад расидааст. Боиси қайд аст, ки баҳри рушди соҳаи саноати шаҳр ба маблағи 5 миллион сомонӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 72,4 дар сад афзудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли ҳисоботӣ аз тарафи 16 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 74 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шуда, ҳиссаи он дар маҷмўи маҳсулоти саноатӣ 26,2 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин аз ҷониби 63 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба маблағи 101 миллиону 400 ҳазор сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ё 49,2 фоиз зиёд мебошад.

Фирӯза Нуруллозода гуфт, ки имрўз шаҳри Хуҷанд бо 23 мамолики дуру наздик ҳамкорӣ дошта, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 69 миллиону 500 ҳазор доллари амрикоӣ, аз ҷумла воридот 59 миллиону 500 ҳазор доллари амрикоӣ ва содирот 10 миллион доллари амрикоиро ташкил менамояд. Бо мақсади таъмини рушди итисодиёти шаҳр барои сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ муҳити солим омода карда шуда, дар ин давра 5 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла сармояи дохилӣ 3 миллиону 600 ҳазор доллари амрикоӣ ва 1 миллиону 400 ҳазор доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки нақшаи қисми даромади умумии буҷети шаҳр бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо дар давоми семоҳаи аввали соли 2020, ба маблағи 96 миллиону 900 ҳазор сомонӣ таъмин гардида, афзоиши даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 913 ҳазору 500 сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 101 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин марҳила даромади буҷети маҳаллӣ бошад, бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маблағи 46 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши амалии он 46 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ва ё 100,5 фоиз таъмин гардид, ки ин нисбати нақша ба маблағи 232 ҳазору 900 сомонӣ зиёд мебошад.

Таъкид гардид, ки мардуми сарбаланди шаҳри бостонии Хуҷанд дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, ҳамчун рисолати шаҳрвандӣ, ба раванди корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ таваҷҷуҳ ва тақвияти бештар дода шуда, дар шаҳр бо истифода аз тамоми имконоту захираҳо бо маблағгузории давлатию бахши хусусӣ чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст. Дар ин давра ҳаҷми маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 47 миллиону 100 ҳазор сомониро ташкил дода, ба маблағи 40 миллиону 300 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шудааст. Ҳаҷми фондҳои асосӣ бошад, зиёда аз 26 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил дода, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 74,3 дар сад афзоиш ёфтааст.

Инчунин дар ин давра, дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 646 адад лампаҳо, фурўзонакҳои каммасраф, чароғакҳои ҳархела ва равшанкунакҳои светодиодӣ, 4 ҳазору 340 метр ноқилу симҳои барқӣ насб карда шуда, 36 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, 1 ҳазору 298 метри мураббаъ боми биноҳо, 30 адад даромадгоҳҳо, 4 адад лифтҳо ва 344 метр қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз карда шуданд. Дар самти таъмини устувории экологӣ ҷиҳати кабудизоркунӣ дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа 2 ҳазору 419 адад дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз, 738 ҳазору 900 дона гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ ба монанди буттагули садбарг, хризонтема, виола, кана, тагатес ва 471 ҳазору 200 дона пиёзаки гули лола шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад. Илова бар ин аз тарафи корхонаву ташкилотҳо, мактабу донишкадаҳо ва соҳибкорон дар маъракаҳои шанбегӣ 810 адад дарахтони ороишӣ, 8 ҳазору 125 дона гулҳои ороишӣ ва 5000 ҳазор дона қаламчаи гули садбарг шинонида шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 7,8 киллометр роҳҳо аз таъмиру мумфаршкунӣ бароварда шуданд, ки аз он 1,5 киллометр таъмири асосӣ мебошад.

Фирӯза Нуруллозода гуфт, ки дар се моҳаи аввали соли равон дар муассисаҳои таълимӣ 18 адад компютер, 3 адад принтер, 3 адад тахтаи электронӣ ва 4 адад проектор харидорӣ карда шуда, айни замон, дар 47 муассисаҳои таълимӣ 71 синфхонаҳои компютерӣ амал мекунанд, ки дар он 1610 компютерҳо, принтерҳо 220 адад, тахтаи электронӣ 161 адад ва проектор 215 адад мавҷуд буда, ҳамаи синфхонаҳо ба шабакаи Интернет ва шабакаи дохилӣ пайваст карда шудаанд.Ҳамагӣ шумораи онҳо ба 1610 адад компютер, 220 адад принтер, 161 адад тахтаи электронӣ ва 215 адад проектор расида, ҳамаи компютерҳо пурра ба шабакаи Интернет пайваст мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соҳаи тандурустӣ баҳри баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ва таъмини шароити хуб ба кормандони соҳаи тиб, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои зарурӣ ба роҳ монда шуда, ҳамасола маблағгузорӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим зиёд карда мешавад. Новобаста аз ин, то ҳол вазъи сироятёбии шаҳрвандон аз бемориҳои гуногуни сироятӣ ташвишовар мебошад.

Аз ҷумла, дар се моҳаи аввали соли 2020 бемории вируси норасогии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар шаҳр 6 нафар дарёфт карда шуд, ки аз инҳо 4 нафар мард ва 2 нафар зан буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 нафар зиёд мебошад.

Дар муассисаи давлатии Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили шаҳри Хуҷанд дар се моҳаи аввали соли ҷорӣ 13 нафар бемор ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 7 нафарашон беморони ғайри шуш мебошанд. Дар умум дар Марказ 249 нафар бемор дар қайд меистанд, ки аз онҳо 78 нафар беморон ғайри шуш ҳисобида мешаванд.

Дар се моҳаи аввали соли ҷорӣ 1 ҳазору 161 адад муроҷиати хаттии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2 адад муроҷиат кам мебошад. Ҳамаи муроҷиатҳои бақайд гирифташуда сари вақт баррасӣ гардида, ба шаҳрвандон ҷавобҳои хаттӣ пешниҳод карда шуд.

Илова бар ин, рўзи қабули шаҳрвандон тибқи системаи хизматрасонии “Равзанаи ягона” ҷараён гирифта, аз ҷониби роҳбарияти шаҳр 204 нафар шаҳрвандон қабул карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 нафар шумораи муроҷиаткунандагон кам шудаанд.

Мавриди тазаккур аст, ки эълон гардидани солҳои 2019-2021 соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳаёти иҷтимоии сокинон таккони ҷиддӣ бахшида, дар ин самт низ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст.

Баҳри рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр расадхона ба номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ, боғи фарҳангию фароғатӣ дорои шаҳраки афсонавӣ, нуқтаҳои фурўши обҳои ташнашикан, яхмос, дастгоҳҳои машқу тамрин, ва дигар инфрасохтори зарурӣ барои истироҳати шаҳрвандону сайёҳон сохта ба истифода дода шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода як қатор роҳбарону масъулини дахлдор, аз ҷумла мудири шуъбаи маориф Муҳайё Акмалхӯҷаева, масъул оид ба соҳаи тандурустӣ Абдулмуталиб Каримов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Абдувосит Ғафуров, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Усмонҷон Юсуфӣ, мудири бахши танзими расму оин ва анънаҳои миллӣ Муҳсин Миркамолов, директори генералии КВД “Хуҷадобуканал” Носир Ғафурзода, мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳо Мурод Раҷабов, директори генералии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии коммуналӣ Иброҳим Қаландаров, мудири бахши нақлиёт ва алоқа Раҳим Солизода, мудири бахши саноат ва энергетика Муъмин Тошматов ва дигаронро доир ба самтҳои фаъолият, иҷрои уҳдадориҳо, муаммои соҳа ва ғайра пурсиш ба амал оварда, барои бартараф намудани камбудиҳо муҳлатҳо дода шуд.

Дар ҷараёни маҷлис муовини аввали Раиси шаҳр Хайрулло Ғайбуллозода, муовини Раиси шаҳр Асрор Шарифзода ва Аюб Раҳматзода низ доир ба корҳои анҷомдодаи идораву сохторҳои зери сарпарастиашонро ҳисобот доданд.

Эҳсон Саидов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эидемологии шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба масъалаҳои омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи коронавирус, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани сироятёфтагон, захираи маводҳои тамизгардонӣ, таъмин намудани духтурон бо либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳо, айнакҳо ва ғайраҳо маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки ки айни замон дар шаҳри Хуҷанд 3 адад беморхонаҳо барои қабули гумонбарон ба сирояти коронавируси COVID-19 муайян карда шудааст ва дар ҳолати зарурат мувофиқ ба имконияташ гумонбарон он ҷо ҷой карда хоҳанд шуд. Дар ин беморхонаҳо тамоми шароити табобат пешбинӣ гардидааст.

Эҳсон Саидов гуфт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал овардааст, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои беасоси сироятёбии шаҳрвандон бо коронавируси нав бовар накунанд ва танҳо ба маълумотҳои мақомоти расмӣ, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон такя намоянд. Инчунин, шаҳрвандони кишвар метавонанд зимни пайдо гардидани суол ва дастрасии тавсияҳо нисбати сирояти коронавируси нав, тавассути телефони 511, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври шабонарўзӣ фаъолият менамояд, муроҷиат намоянд. Таъкид намудан ба маврид аст, ки дар ҳолати ба қайд гирифтани сирояти коронавирус дар мамлакат Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман онро тасдиқ ва эълон хоҳад кард, зеро ба ҳеҷ ваҷҳ пинҳон нигоҳ доштани ин сироят ба нафъи ҳеҷ кишваре нахоҳад буд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба масъулини дахлдор доир ба боз ҳам чоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, захираи маводҳои тиббӣ ва дигар масъалаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сипас, Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд андешаҳои хешро роҷеъ ба натиҷаҳои нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд мусбат арзёбӣ намуда, онро маҳсули азму ташаббускории фаъолон, соҳибкорон ва тамоми меҳнаткашони шаҳр арзёбӣ карда, изҳори умедворӣ намуд, ки ҷашни Ваҳдати миллӣ, 700 солагии Камоли Хуҷандӣ, 5500 солагии Саразми бостонӣ ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст менамоянд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаи фаъолонро натиҷагирӣ намуда, ҷиҳати татбиқи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, боз ҳам вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии сокинони шаҳр ва таъмини зиндагии шоиста ба мардум дастуру супоришҳо дод.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3648
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта8051
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта27030
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта41640
mod_vvisit_counterҲамин моҳ126388
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта187141
mod_vvisit_counterҲамагӣ3751445