(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt24 март сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ба Боғи Камоли Хуҷандӣ ташриф оварда, дар Иди асал, нон ва картошка иштирок намуданд.

Намоишгоҳ аз се қисми асосӣ — намоишгоҳи нонҳо, асал ва картошка иборат буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастовардҳои сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ва ҳунари намояндагони аҳли фарҳанги вилоят шинос шуданд.

Дар Иди асал, нон ва картошка сокинони шарафманди вилояти Суғд маҳсули дастранҷи худро бо ороишоти гуногун ба намоиш гузоштанд, ки хеле дилкаш ва бошукуҳ буд.

Гушаи аввали намоишгоҳро маҳсулоти нонии кадбонуҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз қабили кулчаю қалама, чапотию фатир ва дигар анвои хурокворӣ зиннат медод.

Зимни суҳбат бо иштирокчиёни иди асал, нон ва картошка Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару маҳорати баланди кадбонувон баҳои баланд доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бонувон барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи дурусти фарзандон ва ба омӯзиши ҳунарҳо ҷалб кардани духтарон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Мардуми тоҷик аз азал фарҳангпарвар, тамаддунофар ва ҳунарманд буданд ва бо масъулияту дарки баланд то имрӯз анъанаи неки аҷдодон ва ҳунарҳои халқиро риояву пос дошта, поку бегазанд ба насли имрӯза расондаанд.

Бонуҳои ҳунарманд дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз бо маҳорати баланди дастархонороӣ нонҳои гуногунро муаррифӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки ҷашнгирии Иди асал, нон ва картошка ба даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам” рост омада, омили муҳими рушд ва эҳтиром нисбат ба маҳсулоти асосии ғизоӣ — нон ба шумор меравад.

Озмуни мазкур дар се давр — ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

Дар даври ноҳиявии озмун, ки дар Боғи Камоли Хуҷандӣ сурат гирифт, иштирокчиён дар чор бахш — нони бомазза, нони калонҳаҷм, ороиши беҳтарини нон ва зуволатоби беҳтарин ҳунару маҳорати кадбонугии худро ба ҳозирин пешкаш намуданд.

Дар доираи эълони солҳои 2019 — 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳунармандони вилояти Суғд бо офаридаҳои худ як гӯшаи зебои Иди асал, нон ва картошкаро оро доданд.

Аз азал ҳунару ҳунармандӣ дар вилояти Суғд равнақ ёфта, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳунармандон тавонистанд анъанаҳои ниёгон, ҳунарҳои халқӣ ва расму оини миллати куҳантамаддуни тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намоянд.

Дар гушаи дигари ин боғи зебову замонавӣ, ки фазои идона дошт, иди асал баргузор шуд, ки дар он занбуриасалпарварони ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ширкати фаъолона доштанд.

Хоҷагиҳои занбурпарварӣ дар ин рӯз миқдори зиёди асали тозаи табииро ба намоиш гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи занбурпарвариро яке аз бахшҳои сердаромад арзёбӣ намуда, ба занбурпарварон ва масъулини соҳа ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани он дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои табиати нотакрор ва гулу гиёҳҳои зиёди шифобахш мебошад ва дар он имконияти хуби зиёд намудани оилаҳои занбури асал ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли ин навъи маҳсулоти фоидаовару бозоргузар фаровон аст.

Зимни суҳбат иштирокчиёни намоиш ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки дар боз ҳам рушд додани соҳа саъю талош менамоянд ва аз ҳама имкониятҳои табиати ғании кишвар ва имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат самаранок истифода мебаранд.

Соли 2019 дар ҳама шаклҳои хоҷгидории вилоят 1 ҳазору 417 тонна асал истеҳсол гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2018 35 дарсад зиёд мебошад.

Дар гушаи дигари намоиши дастовардҳо хоҷагиҳои картошкапарвари вилоят фаъолона иштирок карда, навъҳои гуногуни картошка ва таомҳои аз картошка омодашударо ба маъраз гузоштанд.

Ба ақидаи картошкапарварон обу ҳавои мусоиди кишвари мо ба истеҳсоли навъҳои серҳосилу босифати картошка мувофиқ буда, интихоби тухмии навъи аъло имкон медиҳад, ки ҳосили фаровон ба даст овард ва ба ин васила дар татбиқи яке аз  ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати мамлакат — ҳифзи амнияти озуқаворӣ саҳм гузошт.

Маврид ба зикри хос аст, ки ҳаҷми истеҳсоли картошка то якуми январи соли 2020 — 450 ҳазору 322 тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли 2018 ин рақам 34 ҳазору 360 тонна афзоиш ёфтааст.

Хоҷагиҳои картошкапарвари шаҳру ноҳияҳои вилоят 12 навъи ин маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили Тоҷикистон, Файзобод, Заррина, ред, гала, якка, пикассо, розара, ред фантазия, шукрона, овчиро ба намоиш бароварданд.

Тибқи иттилои масъулон то якуми январи соли 2020 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд наздик ба 8,1 миллиард сомонӣ расидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 108 дарсадро ташкил мекунад.

Сарвари давлат ба сокинони вилоят барои истифодаи самараноки замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулот, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат дастуру супоришҳо доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охир ба ҳамаи иштирокчиёни Иди асал, нон ва картошка аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки дар ин чорабинӣ бо дастовардои арзанда иштирок карданд, баҳои баланд доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...