(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори ”Қасри ҷавонон”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода, сардори шуъбаи нозироти ташкилии РВКДҶТ дар вилояти Суғд полковники милитсия Раҳимҷон Абдувалиев, фаъолон, имомхатибон, устодону донишҷӯёни макотиби олӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ мулоқоти васеъ ҷиҳати иҷрои талаботи конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, рӯҳияи худогоҳияю хештаншиносӣ, эҳтироми қонунгузорӣ ва арзишҳои миллӣ, ширкати фаъолона дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар маъракаҳои интихоботӣ ва дигар мавзуъоти рӯзмарра баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода мулоқотро оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон то расидан ба Истиқлолияти комил, бахусус Ваҳдати миллӣ аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ва сиёсати раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад. Имрӯз ҳар як фарди тоҷик бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва рушду тараққиёти устуворе, ки имрӯз дар Ватани аҷдодиамон ба даст омадааст, зиндагӣ ба сар мебарад. Ҳадафи мулоқоти имрӯзаи мо низ бо Шумо - фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи шаҳр, бахусус ҷавонон аз он иборат аст, ки ба масъалаи таъмини амну осоиштагӣ, роҳандозӣ намудани тартиботи бомароми ҷамъитӣ ва шукргузорӣ намудан аз фазои муосиди кору зиндагӣ аст. Дар зарфи бисту ҳашт соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари маҳбуби мо таҳти раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани амну осоиштагӣ, рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаву дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки марҳалаи начандон тӯлонии таърихӣ собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд. Имрӯз дар муқоиса бо парокандагиву нифоқ, ки таҷассумгари фоҷиаву мусибатҳост, мазмуну моҳият ва арзиши ваҳдати миллии ба нақди ҷони ҳазорон нафар ҳамватанони мо бадастомада дар қалбҳои пиру барнои кишвар мақому манзалати бештар касб кардааст. Зеро маҳз ваҳдати миллӣ халқи тоҷикро аз хатари парокандагӣ ва давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшида, замина фароҳам овард, ки мо муттаҳид шавем, Ватанамонро соҳибӣ ва обод кунем ва рушди бомароми Тоҷикистони азизамонро таъмин гардонем. Аз ин лиҳоз мо дастоварди бузурги таърихӣ - ваҳдати миллиро гиромӣ дорем, онро эҳтирому эҳтиёт кунем, ояндабину дурандеш бошем, парчами ваҳдатро баланд бардорем, ба Ватани маҳбубамон содиқу вафодор бошем ва ҳар порчаи сарзамини аҷдодиро чун ҷони худ азизу чун модар дӯст дорем.

Шаҳрдор бо ёдварӣ аз маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати мамлакат, ки чанд рӯз қабл дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, таъкид дошт, ки соли 2019 дар маҷмуъ барои мардуми тоҷик соли бобарору таърихӣ ба ҳисоб рафта, бо ҷаҳду талошҳои сокинони мамлакат бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид. Дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи татбиқи ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар як қатор руйдодҳои муҳими таърихӣ ба амал омаданд, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар қадамҳои устувор мегузоранд. Нуктаи меҳварии ин ҷаласаи Ҳукумати мамлакат дар баробари рушд бахшидан ба соҳаҳои мухталифи мамлакат, ҳамзамон таъмини амнияти ҷомеа, боз ҳам пойдор намудани сулҳу Ваҳдат дар қаламрави ҷумҳурӣ буд. Зеро амалҳои террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаю канори гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад. Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд. Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳаҳо, волоияти қонун, таъмини амнияти давлату миллат, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷиноятҳо ва дигар қонунвайронкуниҳо ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов шунида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назарраси ин сохторҳоро дар таъмини амнияти давлату миллат ва пешгирии ҷинояткорӣ махсус таъкид карданд. Дастур дода шуд, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри волоияти қонун, муайяну ошкор кардани ҷиноятҳо, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна гуруҳу созмонҳои ифротгаро корҳо тақвият бахшида шаванд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки дар роҳи ташвиқу тарғиби тундгароии динӣ садди устувор гузошта, ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кунанд ва онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд. Шарти муҳимми ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо дар ин самт мебошад. Воқеан ҳам озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бояд бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона созем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз кунем. Ва ба таъбири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳем”.

Маъруф Муҳаммадзода бо ёдоварӣ аз маъракаи интихоботи зикр дошт, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 1 марти соли 2020 таъин гардидааст. Интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо ҳуқуқи истисноии интихобкунандагон мебошад. Ҳеҷ як ҳизбу созмон ё шахси мансабдор ҳақ надорад, ки ин ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро вайрон карда, иродаи худро ба интихобкунандагон зӯран ё бо роҳҳои дигар таҳмил намояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ зикр доштанд, ки “Интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад“.

Мо ҳеҷ гоҳ солҳои аввали истиқлолиятро фаромўш карда наметавонем, ки барои мардуми мо давраи озмоишии сахту сангин буд. Зеро ибтидои солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистон бар асари мудохилаи баъзе кишварҳои хориҷӣ, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа сурат гирифт, ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ин раванд ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оқибат ба фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонид, ки имрӯз низ чунин таҳдидҳо дар ҳар як кишвари ҷаҳон вуҷуд дорад.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ таъкид доштанд, ки “Мо хуб медонем, ки нооромиву бесарусомониҳо, ба гурӯҳҳои муқобил ҷудо шудани шаҳрвандони кишвар ва ихтилофоти шадид дар ҷомеа аз интихоботи президентии соли 1991 оғоз шуд ва оқибат боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид”. Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро хуб дар ёд доранд, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардид. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд.

Раиси шаҳр гуфт, ки имрўз кишвари мо новобаста аз дигаргуниҳои муносибатҳои ҷаҳонӣ ва амалу кирдори ғайриинсонии душманони миллат, ки аз хориҷи кишвар ба мо санг меандозанд, рў ба таррақӣ ниҳодааст, истиқлолият дорад, тинҷию оромӣ ҳукмфармо аст. Ҳамаи ин дастовардҳо ва омилҳо дар он вақт устувор ва абадӣ мегарданд, ки агар аксарият ба он эҳтиром гузоранд, дарк кунанд ва аз ҳар гуна қувваҳои бегона кишварро ҳифз намоянд. Имрўз падидаҳои шомилшавӣ ва ифротгароӣ, худкушӣ, ҷинояткорӣ, бетарафию фориғболии як гурўҳ шаҳрвандон ба мо маълуманд. Аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ огаҳӣ дорем, ки ҷавононро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гумроҳ намуда, барои тайёр кардан ҳамчун террорист ба мамлакатҳои хориҷа сафарбар намудаанд. Ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурўши инсон ва ғайра ҳаёти ҷамъиятиро халалдор карда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид мекунад. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ вазифаи муқаддас аст. Ҷавононро бояд чунин тарбия намуд, ки дар муқобили хавфу хатарҳои террористӣ муттаҳид шуда, бо зиракӣ ва хушёрии ватандӯстона барои пойдории давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди ҷомеъа пайваста кӯшиш намоянд.

Изҳори нигаронӣ карда шуд, ки вақтҳои охир на фақат ҷавонон, балки ашхоси бознишаста, яъне куҳансол, кӯдакон ва занон низ ба доми бадхоҳони миллат афтода истодаанд. Аз хотир набарорем, ки дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан – модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад. Хусусан, мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хиёнаткоронаи баъзе гурӯҳҳову шахсонеро, ки ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта Ватани аҷдодии моро ба хоку хун кашиданд ва кишвари тозаистиқлоли моро ба коми оташ тела доданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Яке аз сабабҳои асосии гаравидани шаҳрвандон ба чунин созмонҳо орзуи дар муддати кӯтоҳ соҳиби пулу моли бисёр шудан мебошад. Онҳо ба ваъдаҳои бардурӯғи эмиссарҳои хориҷӣ бовар карда, ба чунин роҳи ҳалокатбор раҳсипор мегарданд. Ё худ ба шиорҳои бардурӯғе, ки фақат дар ин набардҳо «дарёфт кардани адолат имкон дорад», фирефта мешаванд. Мо нагузорем, ки ҷонибдорони ҳамагуна ихтилофу тафриқа, ба кадом маънову мазмуну ранг набошад, пешравии босуботи ҷомеаи осоиштаи маро халалдор гардонанд. Нагузорем, ки дигар гурўҳи ифротгаре иродаи худро зўран ба гардани халқи мо бор намуда, мардуми шарифи моро гирифтори балову кулфат намояд.

Маъруф Муҳаммадзода аз фаъолон даъват ба амал овард, ки дар замири шаҳрвандон дастовардҳои истиқлолият, пойдевори давлати миллӣ сулҳу субот, ваҳдат, тинҷию амониро дарк намуда барои боз ҳам мустаҳкамии ҷомеа фарзандони худро дар руҳияи ҳушёр будан, худогоҳу худшинос будан, арзишҳои миллиро пос доштан тарбия намоянд. Дар ҷомеаи мо нафари бегона, ихтилофангез, ситазаҷӯй пайдо шаванд, ба мақомот таслим намоем. Ин рисолати шаҳрвандии мо аст. Бо онҳо суҳбат кунем, ки мо ҳамагон тарафдори сулҳу амният, хоҳони зиндагии шоиста ва ором ҳастем. Душманони хориҷӣ то охири умр бо мо буда наметавонанд. Мо имрўз шукронаи амну осоиштагӣ менамоем, ки кишвари маҳбуби мо таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда, дар қатори кишварҳои рӯ ба мутараққии олам ҷой гирифтааст, сатҳи зиндагии мардум бамаротиб боло рафтааст, шаҳру деҳот марҳила ба марҳила зебову дилрабо гардида, барои мардум зиндагии шоиста таъмин гардида истодааст. Мо аҳли ҷамоатчигии кишвар вазифадорем, ки ба хотири тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрўза дар руҳияи ватандўстиву сулҳхоҳӣ ва ободкориву созандагӣ, инчунин барои наслҳои ояндаи халқамон ба мерос гузоштани ин дастоварди муқадасу нодир фарҳанги сулҳро ҳамчун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагии мардум густариш бахшем.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯзҳо бо мақсади таҷлили пуршукуҳи ҷашни умумимиллии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳри Хуҷанд силсилаи корҳои созандагию бунёдкорӣ авҷи тоза мегирад. Дар соли 2019 ҳаҷми маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 311 миллиону 100 ҳазор сомониро ташкил дода, ба маблағи 215 миллиону 500 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд, ки он нисбат ба соли 2018 мутаносибан 18,1 ва 4,6 дар сад зиёд мебошад. Илова бар ин, ҳаҷми корҳои ба сомон расонидашудаи корхонаҳои пудратӣ ба 188 миллиону 800 ҳазор сомонӣ расидааст.

Дар маҷмўъ дар соли 2019 дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 280 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода изҳори умедворӣ намуд, ки дар таъмину амну осиштагии доимӣ ва рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ ҳар як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла сокинони ватандӯсти шаҳри бостонии Хуҷанд саҳми муносиб мегузоранд.

Сипас, сардори шуъбаи нозироти ташкилии РВКДҶТ дар вилояти Суғд полковники милитсия Раҳимҷон Абдувалиев доир ба вазъи ҷинояткорӣ, бахусуси гаравидани шаҳрвандони синну соли гуногун ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, хусусан бо иштироки ноболиғону ҷавонон, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, оқибатҳои ташвишовари гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористӣ-экстремистӣ дошта, дигарбора ҷиноясодирнамоии шаҳрвандони авфшуда маълумот дода, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ҷоннок намудани маъракаҳои даъват ба хизмати ҳарбӣ, боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳолӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ошкорсозии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, гузаронидани амалиётҳои маданияти шаҳрдорӣ ва ғайраҳо фаъол бошанд.

Сипас дар ҷараёни мулоқот, Дилшод Саломов, устоди ДДҲБСТ, Насиба Ҳамроҳбоева, муҳассили мактаби хусусии Рустамов, Муҳсин Ҷӯраев, донишҷӯйи ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, Мутриба Самадова, донишҷӯйи ДДҲБСТ фикру андеша ва пешниҳодоти хешро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аҳолӣ ва шукргузори аз таъмини амният дар ҷомеа баён доштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз762
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3904
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта21706
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта27621
mod_vvisit_counterҲамин моҳ106694
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта104038
mod_vvisit_counterҲамагӣ2742155