(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нўҳ моҳи соли 2019 ҷаласаи васеъи фаъолони шаҳр баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода онро оғоз намуда, иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи имрӯза муовини аввали Раиси шаҳр, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, сардору мудирони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ректорони муассисаҳои олии шаҳр, раисони корхонаву ташкилотҳои марбутаи шаҳр, директорон ва мудирони муасссаҳои таълимии шаҳр ва намояндагони ВАО ҳузур доранд.

Сипас, доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нўҳ моҳи соли 2019 муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки дар марҳилаи татбиқи ҳадафи чоруми Стратегии миллӣ, саноатикунонии кишварамон ва бо мақсади тавсеаи нуфузи шаҳр ҳамчун минтақаи саноатии вилоят ва таъмин намудани рушди босуръати соҳаи пешбарандаи иқтисодиёт, ҷиҳати вусъат бахшидан ба истеҳсолоти воридотивазкунандаю ба содирот нигаронидашуда дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои судманд роҳандозӣ шуда истодааст.Дар давраи ҳассоси ҷаҳонишавӣ, новобаста аз таъсири омилҳои беруна, ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 948,6 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,9 дар сад афзудааст. Дар ин самт саҳми корхонаҳои истеҳсолӣ ба монанди ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Қоғази тоҷик”, “Арча-мебел”, “Мироби Суғд”, “Кимё”, “Раҳимов А”, “Текстилимпекс”, “Таҷпроф” ва “Ариана металлпласт” назаррас мебошад. Боиси қайд аст, ки баҳри рушди соҳаи саноати шаҳр ба маблағи 19,8 миллион сомонӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардидааст. Дар ин давра номгўи намуди маҳсулотҳои истеҳсолшаванда низ зиёд шуда, аз ҷониби 11 адад корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 141,4 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷи дуру наздик содирот карда шудааст. Инчунин аз ҷониби 58 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 237,4 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки ҳиссаи он дар маҷмўи маҳсулоти саноатии шаҳр 25,0 фоизро ташкил менамояд. Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи чораҳои амалии тадбиргардида дар дигар соҳаҳо низ рушду такомули нишондиҳандаҳо ба назар расида, шумораи корхонаю муассисаҳо 1784 ададро ташкил дод. Теъдоди умумии кормандон бошад, 882 адад зиёд шуда, 10 адад корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо теъдоди 98 ҷойи кории нав таъсис дода шуд. Ин омилҳо барои ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ ва кам шудани маҳсулоти қаблан воридшаванда шароити мусоид фароҳам оварда истодааст.

Таъкид гардид, ки корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ яке аз рисолатҳои ниёгонамон маҳсуб ёфта, дар ин самт бо сафарбаркунии тамоми имкониятҳову захираҳо чораҳои судманд андешида шуда истодааст. Ҳаҷми маблағгузории асосии ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 190,1 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 147,8 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта мутаносибан 22,0 дар сад ва 18,1 дар сад афзоиш ёфтааст.

Бо мақсади такмили инфрасохтори минтақаҳои шаҳр дар асоси лоиҳаи банақшагирии дақиқ ва муфассали сохтмони шаҳр 14 иншооти маданию маишӣ, истиқоматию коммуналӣ ва саноатӣ бо арзиши 58,6 млн. сомонӣ сохта расман ба истифода дода шуд. Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059, амри Раиси шаҳр аз 7 июни соли 2018, №109 нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ иборат аз 341 банд бо назардошти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ тасдиқ карда шудааст. Дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ дар асоси 27 банди нақшаи чорабинии мазкур бо харҷи 195,9 млн. сомонӣ корҳо амалӣ шуда, 167 иншоотҳои гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ бунёд шудааст. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 5 иншоот, фарҳангию фароғатӣ 7 иншоот, 8 адад бинои истиқоматии баландошёна ва 147 иншоотҳои ҳаётан муҳим сохта шудааст. Дар ин замина 333 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст. Илова бар ин, дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 1783 адад лампаҳо, фурўзонакҳои каммасраф, чароғакҳои ҳархела ва равшанкунакҳои светодиодӣ, 2500 метр ноқилҳои барқӣ насб карда шуда, 17 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, 14 адад даромадгоҳҳо ва 5 адад лифтхо, 6668 м2 боми биноҳо ва 382 метр қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз карда шуданд. Дар самти ободу зебо ва кабудизоркунӣ дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа 3108 адад дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз ба монанди ардач, санавбар, сарви аризонӣ ва сарвинози шарқӣ шинонида шуданд.

Илова бар ин, 960,9 ҳазор дона гулҳои ҳархелаи ороишию махаллӣ ба монанди буттагули садбарг, петуния, салвия, тагетс ва дигар шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад.

Инчунин аз тарафи корхонаву ташкилотҳо, мактабу донишкадаҳо ва соҳибкорон дар маъракаҳои шанбегӣ 2385 адад дарахтони сояафкан, 9038 дона гулҳои ороишӣ ва 12,1 ҳазор дона қаламчаи гули садбарг шинонида шуданд.

alt

Фирӯза Нуруллозода гуфт, ки дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз 4 январи соли 2019 оид ба тарғибу ташвиқи мўҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар байни аҳолӣ ва ҷомеаҳои меҳнатӣ дар муассисаҳои таълимию тандурустӣ, фарҳангию варзишӣ, кумитаи маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилотҳо вохўриҳо доир гардиданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки иқтибосҳо аз нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои муаззами миллат дар ҳамаи ҷамъомадҳо ва мулоқотҳо истифода гардида, ҳамарўза дар меҳвари кории масъулини соҳа қарор дорад.

Ҷиҳати тарбияи маънавии мардум, шинос намудани сокинон бо сиёсати дохилию хориҷии давлат, дастовардҳои солҳои Истиқлолият, таърих ва анъанаҳои ниёгон дар маҳаллаҳо, қитъаҳои истифодабарии манзил, муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту корхонаҳои ҳудуди шаҳр 9 маротиба Рўзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзўъҳои “Паёми Пешвои миллат–ифодагари ормонҳои сокинони кишвар”, “Ҳифзи Ватан–қарзи шаҳрвандии мост”, “Тоҷикистон ватани Наврўз аст”, “Рушди деҳот–омили муҳими пешравии ҷомеа”, “Ҷавонон – насли ояндасози Тоҷикистон”, “Ваҳдат – сарчашмаи сулҳу суботи кишвар”, “Экстремизму терроризм – хатар ба ҷомеаи башар”, “Истиқлолият рамзи саодат ва нишонаи пойдории миллат”, Забони модарӣ – забони назми оламгири Рўдакӣ ташкил ва баргузор гардид.

Зимни баромади худ Фирӯза Нуруллозода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамзамон доир ба самтҳои соҳаи маориф, фарҳанг, тиб дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ маълумоти муфассал дод.

Ҳамзамон ҷиҳати эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, дар ин самт баҳри ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст. Боиси тазаккур аст, ки дар давоми нўҳ моҳи соли ҷорӣ ба шаҳри Хуҷанд аз рўи маълумоти пешакӣ 3854 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 5535 нафар сайёҳони дохилӣ ташриф оварда, аз мавзеъҳои ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангию истироҳатӣ шиносоӣ пайдо намуданд.

alt

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз муовини аввали Раиси шаҳр, муовини Раиси шаҳр, роҳбарони идораву ташкилотҳо, сохторҳо доир ба самтҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла, дар самти пешгирии ҷинояткории ноболиғону ҷавонон, мудани ҳамкории мактабу волидайни хонандагон, пешгирии бемориҳои хавфноки гузаранда, ҷудошавии оилаҳо, ҷинояткорӣ байни занон, баланд бурдани маърифати оиладорӣ, ҷоннок намудани корҳои идеологӣ, номгузорӣ ва ба низом даровардани номи мағозаву овезаҳо, маъракаи интихоботӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ободонӣ дар маҳаллаҳои шаҳр, бунёди майдончаҳои варзишӣ, мумфаршкунии роҳҳо, шинонидани гул дар хиёбону кӯчаҳои шаҳр, вусъати корҳои нақша чорабиниҳои 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сифатнок иҷро намудани нақшаи буҷет, бакорандозии корхонаҳои саноатии бозистода, таҷдиди истгоҳҳои шаҳр, чароғонкунии кӯчаҳо, пешгирии қонуншикании танзими расму оин, баргардонидани донишҷӯёни ғайриқонунӣ дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда, назорати истифодаи замин, саривақт гирифтани партов аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, тозаву озода нигоҳ доштани соҳили дарёи Сир ва ғайраҳо пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо масъулини дахлдорро вазифагузорӣ намуд.

Сипас Озифхон Шарифзода, мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзодаро доир ба самтҳои гуногуни хоҷагиии халқи шаҳр ба масъулини дахлдор расонд.

alt

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии давраи ҳисоботиро натиҷагирӣ намуда, онро маҳсули азму ташаббускории фаъолон, соҳибкорон ва тамоми меҳнаткашони шаҳр унвон намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки минбаъд низ кулли сокинон бо рўҳияи баланди меҳанпарастӣ ҷиҳати татбиқи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои Робарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят боз ҳам корҳои ободониву созандагиро бо заҳмати софдилона пеш бурда, барои баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии сокинони шаҳр саҳми босазо мегузоранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1617
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3067
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта17338
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20392
mod_vvisit_counterҲамин моҳ54462
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта80782
mod_vvisit_counterҲамагӣ2275078