(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Хуҷанд… Ин шаҳрест, ки дар домонаш моро мепарварад, моро водор месозад, ки барои ободиву нашъунамояш беш аз пеш заҳмат кашему кўшишҳо ба харҷ диҳем. Зеро Хуҷанд яке аз шаҳрҳои ободтарин ва зеботарини Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таърихи он таваҷҷўҳи олимону муҳаққиқон, нависандагону шоирон, санъаткорон, аҳли қалами халқу миллатҳои мухталифро ба худ ҷалб кардааст.

Олимон унвони Хуҷандро таҳлил намуда, исбот кардаанд, ки решаи он аз калимаи мураккаби забони қадимаи эронии "Хваканта" гирифта шуда, маънояш "шаҳри офтобӣ" ё худ "офтобшаҳр" мебошад. Ин ном дар китоби муқаддаси "Авесто" қариб 3 ҳазор сол муқаддам зикр шудааст. Пас, метавон гуфт, ки шаҳри Хуҷанд таърихи беш аз сеҳазорсола дорад.

Хуҷанди бостониву ҳамешаҷавон бо суръати кайҳонӣ пеш меравад ва имрўз бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидоятҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қабои худро куллан дигаргун кардаву боз ҳам ҷолибтар гаштааст. Сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат барои мардуми меҳнатқарину босуботи Хуҷандшаҳр сармашқи корҳои наҷиб шудааст.

Чун ба гузаштаи начандон дури шаҳри азизамон назар кунем, онро дар навиштаҳои сардафтари адабиёти муосир, устод Садриддин Айнӣ бо номи "Тирози ҷаҳон" дармеёбем, ки навиштаанд: "Дар замонаҳои қадим роҳи савдои Хитой ва Эрону Аврупо аз болои ин шаҳр буд. Дар ҷанубу шарқии ин шаҳр қаторкўҳҳои сероб ҳастанд, ки сойи Хуҷанд аз он шорида, шаҳр ва ноҳияро бо об таъмин мекунад. Як тарафи ин шаҳрро Сирдарё ба шакли моҳи нав печонида гирифтааст, ки ин ҳам ба ҳусни табиии ин ҷо яке барчанд афзудааст. Дар канори рости дарёи Сир кўҳҳои пурмаъдани Муғулу Қурама воқеанд. Аз ин ҷойҳо қалъагӣ, рўҳ, маргимуш ва дигар маъданҳои пурқимат ва рангҳои камёб мебароянд». Ана, ҳамин ҳолати табиӣ аз замонаҳои қадим Хуҷандро яке аз ободтарин ва пурсарваттарин шаҳрҳои Осиёи Миёна гардонида буд.

Фарзандони фарзонаву обрўманди Хуҷанд, амсоли Абўмаҳмуди Хуҷандӣ бо тадқиқоту кашфиёти пурарзиш, шоир ва мутафаккири бузург Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бо асарҳои беза-вол, Маҳастии Хуҷандӣ бо шеърҳои дилпазир, Шайх Маслиҳатдин бо мақому манзалат ва обрўю эътибори бузурги хеш ин шаҳрро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда буданд.

Дар даврони шўравӣ Хуҷанд аз ҳама ҷиҳат рў ба тараққӣ ниҳод. Солҳои 30-юм дар Хуҷанд мисли шаҳрҳои марказӣ биноҳои боҳашамату азим қомат афрохтанд. Дар ҳудуди шаҳр якчанд заводу фабрика ва комбинати абрешим амал мекард. Донишкадаи давлатии омўзгории ба номи С. М. Киров таъсис ёфт. Шаҳри Хуҷанд аз соли 1936 то соли 1990 номи Ленинободро дошт. Аммо ҳисси худшиносӣ дар дили сокинони шаҳр боло рафта, соли 1990 дар натиҷаи раъйдиҳии умумихалқӣ ва қарори Президиуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи қадимаи Хуҷанд аз нав барқарор карда шуд. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 сокинони шаҳр ва хоҷагии халқ барои ҳимояи ватан меҳнат доштанд. Корхонаҳои саноатӣ барои эҳтиёҷоти фронт абрешим, матоъ, пойафзол, консерв ва намудҳои гуногуни маводи озуқа мефиристоданд. Дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳазорҳо хуҷандиён ба муқобили душман қаҳрамонона ҷангиданд.

Пас аз Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иқтисодиёти шаҳр хеле боло рафт. Даҳҳо корхонаи саноатӣ, биноҳои маъмуриву истиқоматӣ бо суръати баланд сохта шуданд. Дар байни муҳимтарин сохтмонҳои асосӣ ва иҷтимоии ин давр нав-бати дуюми комбинати абрешим, заводи автоматии истеҳсоли бетон, заводи калони механиконидашудаи шир, фабрикаи мебелбарорӣ, бинои нави истеҳсолии фабрикаи либосдўзии № 2, Хонаи алоқа, Театри мазҳака-мусиқавии ба номи А. С. Пушкин (имрўз ба номи Камоли Хуҷандӣ), Универмаги марказӣ, кўпруки оҳану бетониро зикр метавон кард. Сохтмони хонаҳои истиқоматӣ низ бо суръати баланд пеш рафт. Торафт микроноҳияҳои нав, кўчаю хиёбонҳои васею базеб бунёд меёфтанд. Соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, маориф, ҳифзи сиҳатии омма, хизматрасонии маишӣ, илм, фарҳанг торафт нашъунамо ёфтанд. Чун Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд, Хуҷанди бостонӣ боз ҳам рў ба пешравӣ ниҳод. Баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба барқарор шудани хоҷагии харобгаштаи ҷумҳурӣ таҳкурсии устувор гузошт.

Хуҷандиён дар радифи сокинони ҷумҳурӣ шукри истиқлоли ватан мекунанд, аз рўзгори орому осуда ҳарф мезананд ва пайи ободии диёр талош меварзанд. Ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии диёр дигаргуниҳои куллӣ ворид шудааст.

Дар иҷрои барномаҳои давлатии иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳам корҳои ободонию созанда миёни дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ шаҳри Хуҷанд пешсаф гаштааст.

Коршиносон иброз медоранд, ки шаҳри Хуҷанд авҷи бунёдкориро ба ин суръату ҳаҷм ва иқтидор дар ҳеҷ давру замон надидааст. Давоми 28 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати меҳнати босамари сохтмончиён шаҳри қадимаи Хуҷанд аз нав ҷавон гардид ва симои нав ба худ касб кард. Ҳамасола ба муносибати ҷашнҳои таърихиву давлатӣ иншооти музайяни таъиноти гуногун қомат рост мекунанд ва хуҷандиён ҷашнҳои бузургро бо пешравию дастовардҳои назаррас истиқбол мекунанд. Дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев Нишони давлатӣ ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Майдони «Регистон» дар шафати Масҷиди Шайх Маслиҳатдин, гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар маркази шаҳр, Осорхонаи таърихиву кишваршиносии вилоят, Маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо фаввораҳои замонавӣ, ҳавзи шиноварӣ, Варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои боҳашамати «Кохи матбуот», бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Маҷмааи фароғатии Суғд дар маҳаллаи 34-ум, биноҳои нави Раёсати суғдии Сарраёсати кўшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қисми ҳарбии 3501, азнавсозии Лавҳаи Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд, боғчаи бачагона дар микроноҳияи сеюм, Кўдакистони Президентӣ, биноҳои баландошёни истиқоматӣ ва чандин иншооти дигар сохта, ба истифода дода шуданд.

Ба ифтихори 25-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии кишвар дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, пешорўи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол» бунёд шуд, ки он бо шаҳомату тарзи меъмории худ диққати ҳар бинандаро ба худ мекашад.

Зимни сафари охирини худ ба шаҳри Хуҷанд Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои нави Шўъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ ва шиносномадиҳии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро, ки бо тарҳи хоса бунёд гардиданд, ифтитоҳ намуданд.

Ба соҳаи саноати кишвар низ назар афканем, тафовути зиёде нисбат ба замони пеш ба чашм мерасад. Дар шаҳри Хуҷанд фаъолият доштани 165 корхонаи саноатии калону миёна гувоҳи ин гуфтаҳост. Ҳамзамон, сол аз сол коҳиш ёфтани маҳсулоти воридотӣ, афзун шудани шумораи корхонаҳои воридотивазкунанда аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳаи саноат дар кишвар рушд меёбад ва иқтисодиёти Тоҷикистон рў ба пешравӣ дорад. Эълон гаштани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии миллӣ барои мардуми бонанги шаҳри офтобии Хуҷанд маҳаки асосии фаъолият дониста шуд.

Дар шаҳр ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «САТН», ҶДММ «Нас-соҷи Хуҷанд», «Неку Хуҷанд», «Зинат», «Хуҷандторгмаш», «Суғд Самарқанд паранда», ҶСК «Лаъл», «Ариана металл пласт», «Файзи Расул», «Порсои Хуҷанд», «Тоҷ Проф», «Севен Стар Пласт», «Реал», ҶДММ КМ «Силкоат-Бойя» фаъолияти пурсамар доранд, ки кайҳо мақбули бошандагони кишвар гаштаанд. Боиси хушнудист, ки дар шаҳр боз ду корхонаи нав – ҶДММ «Хорои Хуҷанд» ва ҶДММ «Зирвэко» ифтитоҳ ёфта, фаъолияти яке ба истихроҷ ва коркарди сангҳои табиӣ ва дуюмӣ ба коркарди равғани рустанӣ нигаронида шудааст. Ифтитоҳи ин корхонаҳо дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти воридотивазкунанда ва коҳиш додани ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ заминаи устувор мегузоранд. Ногуфта намонад, ки ин муассисаҳо бо техника ва технологияи замонавӣ кор мебаранд, ки маҳсулоти истеҳсолшуда ҳам аз нигоҳи зоҳирӣ намунавӣ ва ҳам аз нигоҳи истеъмол хушсифат буда, баҳои баланди истеъмолгарро сазоворанд. Дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг низ дигаргуниҳои назаррас ба чашм мерасанд. Бунёди иншооти хуштарҳу замонавӣ, ворид гардидани таҷҳизоти муосири тиббӣ аз қабили онҳоянд. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намудани биноҳои нави Гимназияи №1-уми ба номи Раҳим Ҷалил, Мактаб барои хонандагони болаёқат дар маҳаллаи 8-ум, Муассисаи таҳсилоти томактабии №28 ва кўдакистони №3, муассисаҳои фарҳангии «Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ», роҳи танобӣ аз болои дарёи Сир, тарабхона бо тарҳи киштии рамзии «Темурмалик», меҳмонхонаҳои «Суғдиён» ва «Парламент», «Маҷмааи Оши палав», кинотеатри «Ваҳдат» ва мактаби мусиқии бачагона дар маҳаллаи «Ваҳдат», муассисаи варзишии шиноварӣ дар маҳаллаи 8-ум ва толорҳои варзишии назди донишгоҳҳо гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Сохти иқтисоди бозоргонӣ падидаҳои нави мусбатро ба миён овард, ки яке аз онҳо соҳибкорӣ буда, он ба пешбурди соҳаи иқтисодиёт саҳми калон мегузорад. Нақш ва мақоми соҳибкорӣ дар пешрафти иқтисодиёти шаҳр хеле калон аст. Зеро он яке аз шохаҳои ба вуҷудоварандаи имконияти бо кортаъминкунии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ мебошад.

Сектори хусусӣ торафт такмил меёбад ва вобас-та ба ҳамин бо мадади соҳибкорон даҳҳо мағозаву тарабхонаҳо, қаҳвахонаву ошхонаҳо дари худро ба рўи мизоҷон во мекунанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои азхудкунии шаклу усулҳои хоҷагидории ҳозиразамон дар асоси демократикунонӣ, вусъат додани робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ҳамкорӣ бо дигар шаҳру давлатҳо имкониятҳои фаровон фароҳам омаданд. Алҳол шаҳри Хуҷанд бо шаҳрҳои Оренбурги Федератсияи Русия, Линколни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Табрези Ҷумҳурии исломии Эрон, Шимкенти Қазоқистон, Могилёви Белорусия ва ғайра бародаршаҳр мебошад. Доираи муносибатҳои бурунмарзии шаҳр вусъат меёбад. Шаҳри Хуҷанд имрўз бо кишварҳои хориҷи дуру наздик аз қабили Русия, Италия, Австрия, Чехия, Корея, ИМД, Туркия, Белорус, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон ва ғайра робитаҳои иқтисодӣ дорад. Ба шаҳр асосан маҳсулоти саноатӣ ва озуқаворӣ, ба монанди сарулибос, маводи сўхт, орд, ғалла, қанд, равғани растаниву чорво ва барои корхонаҳои шаҳр ашёи хом ворид карда мешавад. Шарикони асосии рушди шаҳри Хуҷанд оид ба содирот Италия, Туркия, Русия, Қирғизистон, Эрон, Сан-Марино ва оид ба воридот Русия, Чин, Эрон, Литва, Туркманистон, Украина, АМА ва Туркия мебошанд. Шаҳри Хуҷанд ба дигар кишварҳо асосан абрешим, ресмон, консервҳои меваю сабзавот, меваи хушк, нўшокӣ, масолеҳи сохтмон барин маҳсулоти худро пешкаш мекунад.

Хуҷандиён расму таомули наҷибе доранд. Ба истиқболи иду тантанаҳо ҳамаҷониба тайёрӣ мебинанд ва дастовез омода мекунанд. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди беш аз 500 иншооти таъиноти гуногун, эълон гаштани 1300 рўзи меҳнати зарбдор, бунёди роҳҳо ва мумфарш кардани роҳ армуғонҳои арзанда тайёр кардаанд, ки барои некўҳолии халқ ва ободу зебо гардонидани шаҳр нигаронида шудааст.

Хурсандибахш аст, ки таҷлили ҳар ҷашн ба тантанаи ягонагӣ, ғалабаи тафаккури ваҳдат, худшиносӣ ва ватандўстӣ табдил меёбад. Меҳнатдўстӣ, мушкилнописандӣ, фарҳангпешагӣ, ахлоқи ҳамида барин хислатҳои воло хоси табиати хуҷандиён аст, ки аз насл ба насл, аз аҷдодонамон то ба мо расидааст. Маҳз ҳамин хислатҳо моро ба зиндагии хушу хуррам, рўзгори ободу осуда ва фаровон дилгарму некбин месозанд. Ин ҳама дастоварду пешсафиҳо, тараққиву бозёфтҳо боиси он гардид, ки Рўзи шаҳр эълон шавад ва шаҳриён тантанаи идона барпо созанд.

Мардуми шарафманду сарбаланди Хуҷанд бо меҳнати сидқидилонаву бунёдкорона шаҳри худро боз ҳам ободу зебо мекунад ва ин шаҳри куҳани ҷавонгашта бо ҳусну таровати тоза тасхиргари дилҳо мемонад. 

МАЪРУФ МУҲАММАДЗОДА,
РАИСИ ШАҲРИ ХУҶАНД

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...