(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Мардуми шарафманди шаҳри Хуҷанд ва меҳмонони ин шаҳри офтобӣ бо шукргузорӣ аз сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои орому осоиштагӣ ва таъмини босуботи амнияти ҷомеа Рӯзи шаҳри Хуҷандро таҷлил намуданд.

Бояд зикр намуд, ки соли ҷорӣ мардуми Хуршедшаҳр соли панҷум аст, ки аз Рӯзи шаҳр таҷлил менамоянд. Ҳанӯз 15 сентябри соли 2015 бо мақсади ташаккули ҳисси ватандорӣ, таҳкими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳанги миллӣ аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд қарор таҳти 654 аз «Дар бораи таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд» ба имзо расонида шуда буд ва 25 –уми сентябри соли 2014 дар асоси Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати чорум «Дар бораи тасдиқ намудани Рамзи шаҳр ва эълон кардани Рӯзи шаҳри Хуҷанд» он расман тасдиқ карда шуд.

Ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд майдони ҳудуди театри Камоли Хуҷандӣ фазои идона дошт. Зиёда аз 40 адад хаймаҳои муаррификунандаи шахсиятҳои маъруфу бузурги шаҳри Хуҷанд аз ҳабси ҳол то ба дастоварди ҷаҳонии онҳо бозгӯйӣ менамуд.

Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода, арбобони давлатӣ ва меҳмонони дохилию хориҷӣ нахуст аз хаймаи шахсиятҳои номдор ва бузурги шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.

Ҳар як хайма ном ва соҳиби худро дошт, мисли Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абдулҷаббори Хуҷандӣ, Шайх Маслиҳатдин, Камоли Хуҷандӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Шӯхии Хуҷандӣ, Тошхоҷа Асирӣ, Содирхон Ҳофиз, Яъқубҷони Фаранг, Ҳазрати Бобо, Темурмалик, Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов, Бибисолеҳа Қобилхӯҷаева, Ҳоҷӣ Антиқа, Ҷӯра Зокир, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Пӯлод Толис, Ҳаким Карим, Боймуҳаммад Ниёзов, Бобоҷон Ғафуров, Зариф Раҷабов, Муҳаммад Осимӣ, Солеҳ Раҷабов, Юсуф Исҳоқӣ, Раҳимбой Раҳматов, Рифъат Ҳоҷиев, Раҳим Ҷалил ва Фарзона.

Аз ҷониби муҳассилин ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии миёнаву олии шаҳр ин шахсиятҳои маъруфи шаҳр бо дастоврадҳои беназирашон муаррифӣ гардиданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ин иқдомро намунаи олии худшиносиву худогоҳӣ, ватанпарварӣ меҳнатдӯстӣ барои насли наврасу ҷавон унвон намуда, баҳри муаррифии бештари ин гуна шахсиятҳо дар доираи васеъи шаҳрвандон ба роҳбарияти шаҳр дастуру супоришҳо дод.

Меҳмонон ҳамзамон аз дастовардҳои варзишгарон ва саноатчиёни шаҳр боздид намуданд.

Дар маросими расмии чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокинони шаҳри Хуҷандро бо Рӯзи шаҳр табрику таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки Хуҷанд дар саргаҳи Шоҳроҳи абрешимӣ дар Мовароуннаҳр ҳамчун маркази иқтисодӣ, ҳарбӣ ва фарҳангу илм рушд кардааст. Роҳи бузурги абрешим ба Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон, Эрон, Шарқи наздик, Чин ва ҳавзаҳои баҳри Миёназамин аз ин ҷо мегузашт. Хуҷанд зодгоҳи лашкаркашони сарбаланд, олимони бузург, ситорашиносони маъруф, муаррихони номвар, ҷуғрофидонону риёзидонон, шоирону нависандагон ва навозандагони мумтоз мебошад. Асосгузори мактаби илми нуҷум Абўмаҳмуди Хуҷандӣ, олим ва орифи ҳақ Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ, шоираи ширинадо Маҳастии Хуҷандӣ, бузургони Оли Хуҷанд, қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик, ғазалсарои беҳамтои адабиёти форсу тоҷик Камолиддин Масъуд маъруф ба Камоли Хуҷандӣ, санъаткори беназир Содирхони Ҳофиз, ҷуғрофидон Ҳоҷӣ Юсуфи Хуҷандӣ ва садҳои дигар ифтихори миллати тоҷик ҳастанд, ки хуни нофашон дар ин шаҳри бостонӣ рехтааст. Адабиётшиноси маъруфи тоҷик Абдулманнон Насриддин адабиёти оламшумули форсу тоҷикро ба уқёнусе ва осори пурбаҳои суханварони хуҷандиро ба рўди серобу мусаффо монанд менамояд: “Рўде, ки аз роҳи ҳазорсола меояд ва он аз чашмаи шеъру ҳунари Садруддини Хуҷандӣ, Ҷамолиддини Хуҷандӣ, Маслиҳатдини Хуҷандӣ, Зиёуддин Порсии Хуҷандӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Шайх Камоли Хуҷандӣ, Бурундуқи Хуҷандӣ, Туфайлии Хуҷандӣ, Аҳмади Хуҷандӣ, Шайдои Хуҷандӣ, Шўхии Хуҷандӣ, Нозили Хуҷандӣ ва даҳҳо хуҷандиёни дигар пайдо шудааст ва дар ин масири ҳазорсола торафт серобу зояндатар гардидааст. Дар уқёнуси адабиёти форсу тоҷик гавҳаршиносон басе дурдонаҳои нодирро шинохтаанд, ки он зодаи табъи фарзонагони ин шаҳри куҳани машриқзамин аст»

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо ироаи номаи табрикотӣ аз ҷумла афзуд, ки имрўз рўзи шаҳрест, ки онро оламиён бо муҳаббат ва эҳтироми хос Тирози ҷаҳон мехонанду ин шаҳр чун шаҳри бузургони миллат, накўкорону некдилон, соҳибназарону соҳибдилон, ҳунармандону суханварон маъруфият пайдо кардааст ва дар радифи шаҳрҳои маъруфи олам вирди забонҳо гардидааст. Бо ин санаи фараҳбахш «Рўзи шаҳри Хуҷанд» кулли сокинон ва меҳмонони Хуҷандшаҳри бостониро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз самими қалб табрик ва таҳният гуфта, бароятон бахту иқболи нек, рўзгори ободу осуда, шодию нишот ва хуррамию шодмонӣ орзу менамоям.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки таърихи хеле қадиму пурғановати Хуҷандшаҳр ба қаъри асрҳо меравад ва саҳифаҳои пуршарафу нотакрори он боиси ифтихор ва ибрати мо аст. Дар ин авроқи рангин сарнавишт, рўзгор ва роҳи бузурги тайкарда, таҷрибаи мардум, пайванди асрҳо ва наслҳо, афтодану хестанҳо, ободонию сохтанҳо, гузаштаи қаҳрамонона ва ҳаёти имрўзаи сабзу хуррам ва ҷовидонаи шаҳр ва сокинони он таҷассум ёфтааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд: «Сокинони шаҳри Хуҷанд ҳамеша бо меҳнатдўстӣ, сабру таҳаммул, тамкину бурдбории худ барои тамоми ҷумҳурӣ намунаи ибрат ва боиси ифтихор буданду ҳастанд». Хуҷанд бештар бо фарзандони фарзонаи худ – Абўмаҳмуди Хуҷандӣ, Шайх Маслиҳатдин Бадеъуддини Нурӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Шайх Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ, Раҳим Ҷалил, Зариф Раҷабов, Солеҳ Раҷабов, Фарзона ва садҳо аҳли илму адабаш ифтихор дорад. Хуҷанд дар баробари фозилону донишмандонаш бо мардони шуҷоъ ва муҳофизони хеш фахр мекунад. Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик – намунаи олии рўҳи шикастнопазир ва садоқати бепоён нисбати халқу ватан буда, номи ин сарлашкар ҷовидон вирди забонҳо аст. Шуҷоат ва худфидоии Темурмаликро дар баробари абарқудратони ҷодаи ҷоннисорӣ чун Спитамен, Маздак, Абўмуслим, Муқаннаъ гузоштан хато нахоҳад буд.

Ба таъкиди шаҳрдор дар даврони Истиқлолияти ватани азизамон бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шаҳри куҳанбунёду ҳамешаҷавони Хуҷанд дар назари ҳар бинанда ва сокинони гулдасташ ҳар рўзу ҳар соат ободтару шукуфотар гардида, он ба як шаҳри замонавии дилрабо табдил ёфтааст.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд бо этимоди комил изҳор дошт, ки мо дар ҳамдастӣ ва шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии ватани маҳбубамон ҳамаи имкону тавонмандиамонро минбаъд низ ба кор бурда, ҷиҳати иҷрои пурраи ҳадафҳои ба нақша гирифташуда ва сазовор таҷлил намудани ҷашни пуршукўҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоем, зеро қудрати мо дар ҳамдигарфаҳмӣ, дўстӣ, бародарӣ ва ваҳдат аст.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба сокинони касбу кори гуногун, аз ҷумла: Шоираи халқии Тоҷикистон, дорандаи Мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Иноят Хоҷаева (Фарзона), устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи ордени Шараф дараҷаи 2 Саидмурод Ҳоҷиев, мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 карата қаҳрамони Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ – румӣ, 2 карата ҷоизадори чемпионати ҷаҳон, 7 карата қаҳрамони мусобиқаҳои байналмилалӣ, устоди дараҷаи байналмилалии варзиш Мирзомуҳиддин Қутфиддинов, собиқадори соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ Музаффар Юнусов, генерал-майори мустаъфӣ Ҷаҳонгир Ӯрунов унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» тақдим карда шуд.

Ҳамзамон ба як гуруҳ олимону адибон ва аҳли фарҳанг, аз ҷумла Нуралӣ Нурзод, Юсуф Насруллоев ва Абдуҳамид Ҷӯраев ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил ва ба Гулноз Тоҳироваю Фирӯза Аюбҷонова ҷоизаи Маҳастии Хуҷандӣ супорида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шоир Толиб Карими Озарахшро ба шарафи Шоири халқии Тоҷикистон соҳиб гардиданаш табрику таҳният намуд.

Намоиши театркунонидашуда бозгӯйи таърихи шаҳри Хуҷанд ба маърази тамошо гузошта шуд.

Сарояндагони маҳбуби шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ, аз қабили Нозияи Кароматулло, Бахтиёр Иброҳимов, Муҳаммадрофеъи Кароматулло, Аъзам Болтубоев, Ҳасани Камол, Дилноза Каримова, Дамирбек Олимов ва дигарон, ки саропо сурудҳои ватандӯстонаю меҳанпарварона буданд, табъи ҳозиронро болида намуд.

Ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва мусоидати ширкати мобилии ТСЕЛ Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова шоми гузашта бо сурудҳои шӯху ҷаззоб ва маъруфи худ сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷандро бо Рӯзи шаҳр табрику таҳният гуфт.

Ҳунарпеша Юлдуз Усмонова зимни табрикоти худ ба унвони Рӯзи шаҳри Хуҷанд аз ҷумла таъкид дошт, ки “Агар 50 сол инҷониб дар саҳна бошам, шаҳри Хуҷандро низ ним аср инҷониб мешиносам. Ба фарҳанг ва маданияти хуҷандиён қоилам. Ин шаҳри зебои соҳили дарёи Сир бо таърихи пурғановат ва фарҳанги бебаҳояш маро мафтун намудааст”.

Юлдуз Усмонова аз мардуми шаҳри Хуҷанд даъват ба амал овард, ки шаҳру ватани азизи хешро дӯст доред ва дар ҳама ҷо ифтихор намоед. Ватану падару модарро интихоб карда намешавад. Аз ин лиҳоз, дар рушду хуррамии кишваратон саҳмгузорӣ намоед.

Юлдуз Усмонова таъкид дошт, ки мардуми Тоҷикистон ба мазмуну моҳияти сулҳу Ваҳдатро нисбат ба сокинони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар дарк мекунанд. Тоҷикон мардуми таҳаммулпазир, меҳнатқарин ва ободкор мебошанд.

Дар охири ҳунарнамоии худ ин сарояндаи ӯзбекистонӣ таманно намуд, ки ҳама рӯзатон чун имрӯз шодиву нишот бошад.

Сурудҳои ҷаззоби Юлдуз Усмоноваро беш аз 20 ҳазор нафар иштирокдорони тантанаи идонаи Рӯзи шаҳр бо меҳру муҳаббати самимӣ тамошо ва рақсу бозӣ намуданд.

Худи Юлдуз Усмонова низ ба завқ омада, бо чанд нафар иштирокдорони чорабинӣ рақсҳои мавзун намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...