(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ҳамватанони азиз, сокинони сарбаланди шаҳри бостонии Хуҷанд!

Имрўз рўзи шаҳрест, ки онро оламиён бо муҳаббат ва эҳтироми хос Тирози ҷаҳон мехонанду ин шаҳр чун шаҳри бузургони миллат, накўкорону некдилон, соҳибназарону соҳибдилон, ҳунармандону суханварон маъруфият пайдо кардааст ва дар радифи шаҳрҳои маъруфи олам вирди забонҳо гардидааст.

Бо ин санаи фараҳбахш «Рўзи шаҳри Хуҷанд» кулли сокинон ва меҳмонони Хуҷандшаҳри бостониро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз самими қалб табрик ва таҳният гуфта, бароятон бахту иқболи нек, рўзгори ободу осуда, шодию нишот ва хуррамию шодмонӣ орзу менамоям.

Воқеан, таърихи хеле қадиму пурѓановати Хуҷандшаҳр ба қаъри асрҳо меравад ва саҳифаҳои пуршарафу нотакрори он боиси ифтихор ва ибрати мо аст. Дар ин авроқи рангин сарнавишт, рўзгор ва роҳи бузурги тайкарда, таҷрибаи мардум, пайванди асрҳо ва наслҳо, афтодану хестанҳо, ободонию сохтанҳо, гузаштаи қаҳрамонона ва ҳаёти имрўзаи сабзу хуррам ва ҷовидонаи шаҳр ва сокинони он таҷассум ёфтааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд: «Сокинони шаҳри Хуҷанд ҳамеша бо меҳнатдўстӣ, сабру таҳаммул, тамкину бурдбории худ барои тамоми ҷумҳурӣ намунаи ибрат ва боиси ифтихор буданду ҳастанд». Хуҷанд бештар бо фарзандони фарзонаи худ – Абўмаҳмуди Хуҷандӣ, Шайх Маслиҳатдин Бадеъуддини Нурӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Шайх Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, аллома Бобоҷон Ѓафуров, Муҳаммад Осимӣ, Раҳим Ҷалил, Зариф Раҷабов, Солеҳ Раҷабов, Фарзона ва садҳо аҳли илму адабаш ифтихор дорад.

Хуҷанд дар баробари фозилону донишмандонаш бо мардони шуҷоъ ва муҳофизони хеш фахр мекунад. Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик – намунаи олии рўҳи шикастнопазир ва садоқати бепоён нисбати халқу ватан буда, номи ин сарлашкар ҷовидон вирди забонҳо аст. Шуҷоат ва худфидоии Темурмаликро дар баробари абарқудратони ҷодаи ҷоннисорӣ чун Спитамен, Маздак, Абўмуслим, Муқаннаъ гузоштан хато нахоҳад буд.

Мо, хуҷандиён, аз он ифтихорманд ҳастем, ки дар даврони Истиқлолияти ватани азизамон бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои Раиси вилояти Суѓд Раҷаббой Аҳмадзода шаҳри куҳанбунёду ҳамешаҷавони Хуҷанд дар назари ҳар бинанда ва сокинони гулдасташ ҳар рўзу ҳар соат ободтару шукуфотар гардида, он ба як шаҳри замонавии дилрабо табдил ёфтааст.

Эътимоди комил дорам, ки мо дар ҳамдастӣ ва шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии ватани маҳбубамон ҳамаи имкону тавонмандиамонро минбаъд низ ба кор бурда, ҷиҳати иҷрои пурраи ҳадафҳои ба нақша гирифташуда ва сазовор таҷлил намудани ҷашни пуршукўҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоем, зеро қудрати мо дар ҳамдигарфаҳмӣ, дўстӣ, бародарӣ ва ваҳдат аст.

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек бори дигар кулли сокинони Хуҷандшаҳри бостониро ба ифтихори “Рўзи шаҳр” табрику муборакбод намуда, барои ҳар яки шумо саодатмандиву хонаободӣ таманно мекунам.

Бигузор, Хуҷанди азизи мо зи нури Истиқлолият ҳамеша шукуфон бошад!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1554
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3067
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта17275
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20392
mod_vvisit_counterҲамин моҳ54399
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта80782
mod_vvisit_counterҲамагӣ2275015