(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Муссаллам аст, ки тоҷикон аз бостонтарин мардумони шаҳрсозу шаҳрдор ва бунёдгузори анъана, оину суннат, одоб, ахлоқи шаҳрдорию мардуми шаҳрнишин мебошанд. Шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Чочу Хуҷанд, Балху Термиз, Марву Нишопур, Ҳироту Ҳисор, Кўлобу Гурганҷ, Истаравшану Исфаҳон, Панҷакенту Исфара, Конибодому Қўқанд ва ғайраҳо чун марказҳои машҳури сиёсӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илму фарҳангӣ маълуму машҳуранд.

Маҳз ҳамин шаҳрҳо гаҳвораи ташаккули халқияти ягонаи тоҷик ва забони адабии он, маъвои шеъру адаб, илму фарҳанг ва тамаддуни оламгири мо мебошанд.

Оё касе инкор карда метавонад, ки шаҳрсозӣ, шаҳрдорӣ, шаҳрнишинӣ фарҳанг ва ҳунар нест? Мутмаинем, ки ҳеҷ кас! Мутаассифона, афроди камеро метавон пайдо намуд, ки ба анъана, ойин, суннату фарҳанги шаҳрдорӣ, шаҳрнишинии шарқӣ, тоҷикона таваҷҷўҳ зоҳир намоянд ва ягон падидаи ибратангез ва муҳимеро аз фарҳангу маданияти шаҳри қадим барои шаҳри муосир бигиранд.

Мо истилоҳи «маданият»-ро дар сўҳбатҳои ҳаррўза зиёд кор мефармоем, аз васоити ахбори умум мешунавем ва мехонем, мисли «маданияти сухан», «маданияти либос», «маданияти оиладорӣ», «маданияти рафтор» ва ғайра, вале на ҳама маънои аслии онро медонем. Вожаи «маданият» аз забони арабӣ гирифта шуда, маънояш «санъати идора кардани шаҳр, шаҳрдорӣ, тарзи зисту зиндагии шаҳриёна, одоби шаҳриёна, шаҳрнишин»-ро дорад.

Биёед, лаҳзае аз бурҷу манори шаҳри қадим ба шаҳри му- осир як назар андозем ва аз ин чашмандозе ба шаҳри ниёгон ва шаҳри ворисон бардошт намоем, ки миёни онҳо чи монандиҳову айният ва чи тафовутҳову фарқият вуҷуд дорад.

Як нишон, аломати асосӣ ва беҳтарин шаҳрҳои қадимаи мо ва имрўз низ чунин аст, шаҳр маркази илму маърифат, дониш, фарҳангу тамаддун, бо таври дигар гўем шаҳр маъво ва мазҳари рўшноӣ, чароғи илму ирфон, ахлоқу одоб ва арзишҳои беҳтарини маънавӣ ба ҳисоб меравад.

Симои шаҳрҳои қадимаи шарқӣ, аз ҷумла, шаҳрҳои тоҷиконро мадрасаву китобхонаҳо, масҷиду макотиб, қасру кўшкҳо, бозору корвонсаройҳо, ҳамому чойхонаҳо ва дигар имо- рату иншоотҳои зебо ва пурнақшу нигор ва бо тарҳу меъмории миллӣ бунёд ва оро ёфта муайян месохтанд.

Симои шаҳри имрўзаро бошад биноҳои баланду серошёна, мактабу муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва маърифатӣ, донишгоҳҳои олӣ, китобхонаҳо, осорхонаҳо, театр, синамо, толорҳои варзишӣ, маҷмааҳои сайру фароғатӣ, хиёбону гулгаштҳо ва фаввораҳои зебо, муҷассамаву ёдгорҳо ва ғайраҳо оро медиҳанд.

Яке аз аломатҳои беҳтарини шаҳрҳои қадим ва асримиёнагии мо мавҷуд будани бозори шом буд, ки ҳар кас метавонист баъд аз фориғ шудан аз кору ташвишҳои рўзонаи рўзгор бафурҷа харид намеояд ва эҳтиёҷу ниёзи худро таъмин созад . Аммо бозорҳои имрўзаи мо баробари фарорасии шом замоне, ки мо аз кору бор фориғ мешаваем, дарҳояшон баста мешаванд. Эҳёи бозори шом, як кору амали хайру савоб аст ва албатта барои деҳқононе, ки шабона баъди меҳнати рўзона аз саҳро ба шаҳр барои фурўши ҳосили заҳматашон меоянд, шароити хуб муайян кардан зарур аст. Яъне, дар ҳар як шаҳр бозори воқеан деҳқон ва дар назди он меҳмонхонаҳои хурду арзонро бояд бунёд на муд. Вагарна деҳқон маҷбур аст барои аз кору бори саҳро намондан маҳсули меҳнаташро арзону гарон ба ҳаннотону ҷаллобон фурўшад ва онҳо ҳама вақт бозорро забту иҷора гирифта, моли бе арақи ҷабин, муфт ба даст омадаро бо нархҳои дучанду сечанд мефурўшанд ва боиси авҷи ҳаннотӣ ва болоравии нарху наво мегарданд.

Аломат ва хусусияти дигари шаҳри қадимаи шарқиён, аз ҷумла, тоҷикон мавҷудияти чойхонаҳои зебову пурнақшу ни гор ва тозаву озода бо дарахтони сояафкан, айвонҳо, суффаҳо, сарҳавзҳои сояву салқин дар ҳар маҳалла, гузар буд . Чойхона албатта дар шафати худ нонвойхона ҳам дошт ва мизоҷонро бо нонҳои гарму хушлаззат таъмин менамуд.

Мутаассифона, чойхонаҳои имрўзаи мо симои шарқӣ ва тоҷиконаи худро гум кардаанд ва ба ошхона, таомхона ё ба ибо- раи дигар ба маркази танҳо тиҷорат табдил ёфтаанд ва бештар ба бару кабакхона ё майкадаҳои аврупоӣ шабоҳат доранд.

Бояд гуфт, ки чойхона ҷои танҳо чойнўшӣ, таомхўрӣ набуда, балки маркази фароғату истироҳат, макони фарҳангу маърифат, тарбия, табдили афкору ахбор, навигариҳо, ҷойи маслиҳату машварати мўйсафедони нурониву ҷаҳондида, мардуми маҳалла, гузар, ҷойи зисти баъзе мусофирону муҳоҷирони меҳнатӣ ва ашхоси гуногун буд.

Агар мо чойхонаҳои сурхи солҳои аввали Ҳукумати Шўравиро ба ёд орем, онҳо маркази таблиғоту ташвиқот, қироат, маҳви бесаводӣ ва макони фарҳангӣ-маърифатӣ буданд.

Маданият ва фарҳангу ҳунари шаҳрҳои шарқиро на танҳо мадрасаву китобхона ва масҷиду манораҳои зебову пурнақшу нигор, балки гармобаҳои гунбаздори бостонӣ муайян ва зебу зинат мебахшиданд.

Шахсе, ки гармобаҳои шарқиро танҳо ҷойи шустушўй меҳисобад, сахт иштибоҳ мекунад. Шустушўйро мо метавонем дар ташноби манзилҳои ҳозиразамон ва ҳамоми хонагӣ анҷом бидиҳем.

Гармобаҳои қадимаи тоҷикӣ бо толору утоқҳои фаршашон сард, ширгарм, гарму сўзон, буғхона мувофиқи дастурҳои таби- бони ҳозиқи даврони бостон ва асримиёнагӣ аз ҷониби меъморон бунёд шуда, барои покизагӣ ва табобати ҷисму ҷон ва рўҳи инсон муфид ва созгор буданд.

Мисоли он ҳаммоми Мўричаи назди бозори Панҷшанбе ме- бошад, ки дар бораи тарзи меъмории он бостоншиноси маъруф профессор Абдуллоҷон Мирбобоев маълумот додаанд.

Як ҷиҳати аз ҳама хуби ҳаммоми миллии тоҷикӣ он аст, ки маҳсгар (массажист) дошт ва ўро дар Хуҷанду Истаравшан «ходим» мегўянд.

Гармобаҳо маъмулан дар ҳар маҳалла, гузар вуҷуд доштанд ва дар наздикии масҷид аз ҳисоби вақфи масҷид хароҷоташон ба- роварда мешуд ва аҳли намозро бо оби гарм ҳангоми таҳорату шустушўй таъмин менамуданд. Гармоба, чойхона ба ҳеҷ ваҷҳ ҷойи даромад, мўҷиби ба даст овардани фоида набуд, балки бештар як амали хайру савоб ва фарҳангу суннати шаҳрдориву шаҳрнишинӣ ба ҳисоб мерафт.

Яке аз нишона, аломат ва ойину суннати шаҳри шарқиёна ва тоҷикона бозорҳои бошукўҳи тозаву озода, раставу дўконҳои аз молу бисоти ниёзи мардум фаровон ва нархҳои арзон буд. Адлу инсоф дар бозор, танзими нарху наво, дурустии санги тарозу, са- ховату дасткушоӣ ва ҳимматбаландӣ як хусусияти муҳим ва хоси шаҳрҳои қадимаи тоҷикон буд.

Дар замони Сомониён девони махсус – девони мўҳтасиб ва маъмурону масъулони он нарху наво, дуруст будани санги тарозу, адлу инсоф, сифати молу маҳсулоти бозорро назорат мекарданд. Маъмурони девони мазкур нарху наворо зери назорати махсуси худ қарор дода, фурўхтани молҳои бесифат, қалбакӣ ва барои истеъмол зарарнокро манъ мекарданд, ҷаллобону ҳаннотон ва қаллобони бозорро ҷазо медоданд.

Албатта, дар бозор нарху наворо танзим кардан корест хеле мушкилу дандоншикан, вале кори шуданист, агар ба шарте, ки маъмурони бозор ва фурўшандаву харидор боадлу инсоф, ҳалолу покизакор, худотарсу тақводор бошанд.

Яке аз чеҳраҳои дурахшони афкори иҷтимоӣ ва фарҳангии Эрони муосир Алии Шариатӣ (1933-1977) чунин андешаро баён кардааст: «Бозор ҳар қадар бузург бошад, дар он ҷо адлу инсоф камтар, қаллобӣ, фиреб, найранг бештар ва нарху наво гаронтар аст».

Дар гузашта нарху наворо дар бозорҳо чи гуна танзим менамуданд, чӣ навъ идора мекарданд, лаҷоми ҳаннотону ҷаллобон ва қаллобони бозорро чӣ гуна кашида мемонданд? Магар ҳар кас чӣ хел хоҳад нарху наворо мегузошт ва молашро мефурўхт? Ҳаргиз не!

Дар рисолаи «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ ҳикояте оварда мешавад, ки барои раисони бозор ва маъмурони он, алалхусус барои қассобон (гўштфурўшон) ибратангез аст.

«Дар замони салтанати султон Тамғочхони Самарқандӣ ҷамоате аз қассобони шаҳр ба ў муроҷиат менамоянд, ки мо гўсфанд гарон мехарем, мекушем, вале фоидае ба даст намеорем. Агар султон рухсат ва иҷозат диҳад нархи гўштро гарон кунем ва 1000 динор ба хазина расонем. Султон фармуд, ки он зар ба хазина расонанд ва ба кадом нархе, ки хоҳанд гўштро фурўшанд. Чун зар ба хазина расид ва нархи гўшт афзуд султон тавассути надимону маъмурони худ фармуд, ки касе аз қассобони бозор гўшт харад, ўро сиёсат кунанд (ҷазо диҳанд).

Касе аз бозор гўшт нахарид ва дар ҳар маҳалле 5-6 гўсфанд харида забҳ карданд (куштанд) ва гўштро тақсим карданд.

Қассобонро зиёни калон ба миён омад ва сахт пушаймон шуданд. Пас чандин касро ба миён дароварда, пулу маблағи зиёд ҷамъ карда, ба султон муроҷиат карданд ва иҷозат пурсиданд, ки то ба нархи аввала баргарданд. Султон амр дод маблағро ба ха- зина супоранд ва гуфт: «Некў ва адлу инсоф набудӣ, ки мо раияти (мардуми) худро ба 1000 динор бифурўшем».

Дар «Рўзномаи сафари Самарқанд ба дарбори Темур (1403- 1406)»-и сафири шоҳи Испания Руи Гонсалис де Клавихо низ ҳикояти ҷолибе оварда мешавад.

Гонсалис нақл мекунад, ки рўзе дар майдони марказии Регистони Самарқанд издиҳоми зиёдеро ҷамъ карда буданд ва дар миёни майдон ду дор омода шуда буд. Қозӣ ҳукми худро қироат намуд ва ҷаллод ду нафарро ба дор кашид. Мо пурсон шудем, ки ин ду нафар матқул бо кадом ҷурм ба дор кашида шуданд? Посух чунин буд, ки ин ду нафар яке қассоб ва дигаре мўкидўз бе иҷозати амир нархи гўшт ва мўкиро баланд бардоштаанд ва бо ин ҷурм бо амри амир ва ҳукми қозӣ ба дор кашида шуданд. Дар ин ду ҳикоят сухан аз адлу инсоф, ирода ва сиёсату мулкдории султон меравад, ки манфиати мардумро аз манфиати худ боло гузошт, ҳаққу ҳуқуқи онҳоро чун фармонраво ҳимоя на- муд ва ба қассобони ҳарису пулпараст ва мўкидўзи гурусначашм, ки мехостанд аз ҳисоби мардум киссаи худро пур кунанд, гўшмол ва ҳушдор ва ҷазои сахт дод.

Дар гузашта нарху наворо дар бозор дар оғози ҳафта бо иҷозати раис, ҳокими шаҳру вилоят маъмурони бозор муайян мекарданд (масалан, нархи гўшт, биринҷ, гандум ва ғайра) ва он ҳатман риоя мегардид.

Фурўшанда метавонист моли худро арзон кунад, аммо барои худсарона нархро боло бардоштан ҳуқуқ надошт ва иҷозати ҳоким, раиси шаҳр зарур буд.

Дар ободониву кабудизоркунӣ, сарзабзу хуррамии шаҳрҳо тоҷикон анъанаҳои хеле хуб доранд.

Яке аз муаммоҳои шаҳри муосир ҳолати сарсабзу хуррамӣ, кабудизоркунӣ, тозаву озодагӣ, беҳдошти он ва риояи одобу суннати шаҳрнишинӣ аз ҷониби сокинону меҳмонони он аст.

Симои ҳар як шаҳр, тозаву озодагӣ ва зебоии он, чеҳраи сокинони он, маданияту одоб ва фарҳанги шаҳрнишинон ва аҳрдориву тамоми мардуми шаҳр аст.

Вақте, ки шаҳрдорӣ мегўем, на танҳо раёсат, шаҳрдори Хуҷанд, мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр, масъулини идори- ву муассисаҳои шаҳр, балки дар ин маврид, яъне тозаву озодагии шаҳр масъулияти тамоми сокинони он дар назар дошта мешавад. Хуҷанд маркази вилоят, дуввумин шаҳри бузурги Тоҷикистон пас аз пойтахт аст. Бо ибораи дигар, ин марказ появу замина ва бунёди қаламрави Суғд аст, ки дар паҳно ва қалбаш дорудасти маъмуриву идорӣ, шабакоти асосии маърифату маданият ва нуқоти марказии иқтисоду иртибот ҷой гирифтааст.

Аз ин рў, мақому манзалати хосаи Хуҷанд тақозо менамояд, ки ба тозагӣ, озодагӣ, ҳолати беҳдошт, маданияти шаҳрдорӣ ва шаҳрнишинӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир намоем.

Мутаассифона, вазъи тозагиву озодагӣ, ҳолати санитарию гигиении баъзе кўчаву хиёбонҳо, гулгаштҳо, маҳаллаҳо, бозору ошхонаҳо, чойхонаҳо, мағозаву дўконҳо ба таври бояду шояд нестанд ва беҳбудиро металабанд.

Боиси қаноатмандӣ ва хушнудист, ки ба шарофати Истиқлолият Хуҷандшаҳр симои худро тағйир дод ва сол то сол ободу зебо ва сабзу хуррам мегардад.

Дар шаҳр дар ин давра чандин марказҳои нави фароғатӣ, хиёбону гулгаштҳои нав бо фаввораҳои зебо, варзишгоҳ ва ҷойҳои сайру саёҳат бунёд ёфтанд. Аммо баъзе сокинони шаҳр ва меҳмонони он ба қадри заҳмату меҳнати бунёдгарон намерасанд. Рафтори баъзе сокинони шаҳр, ҷавонону наврасон, ҳатто калон- солон дар кўчаву хиёбонҳо, маҷмааҳои фароғатӣ, фарҳангӣ табъи касро хира месозад. Кўчаҳо, хиёбонҳо баъзан ифлосу норўфта, болои сабзаву гулзорҳо аз пасмондаҳои қуттиҳои яхмос, сигор, пиставу нос ва дигар партовҳо пур гашта, ҳусну таровати худро гум мекунанд.

Дар бисёр чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ, варзишӣ, ҳатто расмӣ дар хиёбону маҷмааҳои фароғатӣ пеш аз ҳама фурўшандагони яхмос, сигор, пиставу нос, қурут, бозичаҳои ба- чагона ва ғайра пайдо мешаванд ва фароғатгоҳҳоро низ ба бозор табдил додаанд. Ҳоло он, ки барои фурўши ин гуна молу коло бозор ва ҷойҳои махсус мавҷуд аст.

Нозирони тартиботи ҷамъиятӣ мутаассифона, баъзан назо ратро фаромўш менамоянд ва ё худро бепарво, бетараф мегиранд. Шаҳрдори Хуҷанд метавонад бо як амри худ фурўши сигор, тамоку, нос, писта ва дигар молу колои ба ҳусни шаҳр коҳиш воридкунандаро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ манъ намояд. Онҳое, ки ба шаҳрҳои хориҷи кишвар ба сайру саёҳат, тиҷорат, муҳоҷират рафтаанд, дар бораи маданияти шаҳрдорӣ, одобу фарҳанги шаҳрнишинон, тозаву озодагӣ қиссаҳои аҷоиб ва ибратомўз мекунанд, ки аз он ду қиссаро, ки аз дўстони худ шуни- даам ин ҷо оварданиам.

Ҳангоме, ки дар Пажўҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Тоҷикистон кору фаъолият доштам, мо ҳар сол моҳҳои апрел-май ба маъракаи алафдаравӣ мўҳлати 10-15 рўз ба ноҳияҳои наздикии Душанбе ме- рафтем. Дар ин маърака кормандони муассисаҳои гуногуни шаҳр иштирок мекарданд. Боре дар чунин мавсими алафдаравӣ бо м о ҳунармандони Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ низ буданд. Бегоҳӣ баъди кор мо дар атрофи ҳар мавзўъ сўҳбат меоростем ва аз дидаву шунидаҳои худ қисса мекардем. Яке аз чунин сўҳбатҳо дар атрофи одати бади тоҷкон – носкашӣ рафт. Дар байни аҳли сўҳбат ду нафар ҳунармандон – ғижжакнавозони театри номбурда буданд ва нақли аҷоибе карданд.

Дар Фаронса Даҳаи фарҳанги шўравӣ баргузор мегар- дад ва дар ҳайъати ходимони фарҳанг ду нафар ғижжакнавози моҳири тоҷик низ ба сафари Фаронса мераванд. Онҳо албатта бо носкаду ва шишаҳои пур аз носи тоҷикӣ вориди яке аз зеботарин шаҳрҳои дунё – Париж мешаванд. Париж бо ҳусну тароват ва зебогии худ мисли ойинаи рангоранг дурахшида онҳоро мафтун месозад. Ғижжакнавозони тоҷик мисли дигарон дар як меҳмонхонаи олиҷаноб ҷойгир мешаванд, ки ҷиҳози он касро ба ҳайрат гузошта, рахти хоби меҳмонон, рўйпўш ва ғайраро ҳар рўз ду маротиба иваз мекарданд. Ҳунармандони мо баробари санъати ғижжакнавозӣ «ҳунари» носкашии худро низ намоиш дода, пасмондаи носи худро аз тирезаи ошёнаи баланд ба саҳнаи меҳмонхона мепартофтанд.

Баъди чанд бор такрор кардани ин амалу рафтори но- савоб ва ноҷои онҳо хизматчии меҳмонхона, ки «ҳунари» онҳоро мушоҳида карда буд, тавассути тарҷумон аз меҳмонон зодгоҳашонро пурсон мешавад ва баъди бо нимшўхиву нимҷиддӣ чунин мегўяд: Ман чанд сол аст, ки дар ин меҳмонхона кор меку- нам ва паррандагони гуногун баъзан аз болои бом ё вақти парвоз ба саҳнаи меҳмонхона саргин мекунанд. Лекин рўзҳои охир пар- рандаи наве пайдо шудаасту худаш номаълум аст ва рўи саҳна саргин мекунад.

Ғижжакнавозони тоҷик аз ин суханони ходими меҳмонхона хеле дар хиҷолат мешаванд ва ба тамкину одоби меҳмондории фаронсавиҳо қоил мемонанд, ки ходими меҳмонхона барои шармсор накардани меҳмонон бо рамзу шўхӣ ба рафтори носа- воби онҳо ишора карда буд.

Қиссаи дуюмро аз як нафар дўсти ҳамкорам шунида будам, ки дар замони шўравӣ дар ҳайъати ҷавонони шўравӣ ба Югосла- вия сафар карда буд.

Боре мо,- нақл намуда буд, он дўсти ҳамкорам, - мо, сайёҳони тоҷикистонӣ аз меҳмонхона баромада дар истгоҳ интизори авто- бус будем. Як нафар ҳамроҳи мо аз кисааш қуттии сигор гирифта, сигор даргиронд ва қуттии холиро дар пеши пояш партофт.

Аз мо дар масофаи ду-се метр қуттӣ барои пасмондаҳо ҷойгир буд, аммо ин сайёҳи тоҷик қуттии холишудаи сигорро пеши пои худ партофта, бовиқор дуди сигорашро ба фалак сар медод. Ман пай бурдам, ки як нафар марди таҳҷоӣ аз ин рафтори мо нороҳат шуда, ба ҷониби мо бо тааҷуб менигарад. Ў оқибат ба назди мо омада, қуттии сигорро аз замин бардошт ва бо нармӣ ва тамкин гуфт: «Ҷаноб, Шумо тасодуфан қуттии сигоратонро аз даст афтондед, марҳамат онро гиред!»

Он шахси сигоркаш аз шарм сурх шуда, қуттии холиро ба ҷайбаш гузошт ва ба мизбон ташаккур гуфт.

Мизбон метавонист сайёҳи моро сарзаниш намояд, ки ба- рои партофтани пасмондаҳо қуттии махсус гузошта шудааст, чаро ба он ҷо напартофтӣ? Вале ў одоби меҳмондорӣ ва фарҳанги шаҳрнишиниро риоя намуда, ба сигоркаши бефарҳанг гуфт, ки ў тасодуфан қуттии сигорашро аз даст афтондааст, на балки дидаву дониста онро дар истгоҳ пеши пои худ партофтааст.

Зебогӣ, тозагиву озодагӣ, риояи тартибу одоб дар шаҳр на- мунае аз нишони фарҳанг, одобу ахлоқ ва хулқу атвори мардуми ҳар кишвар аст. Вале, мутаассифона, амалу рафтори номатлуби баъзе аз сокинон ва меҳмонони шаҳр метавонад ба ҳусну зебо- гии шаҳр, фарҳанги шаҳрдорию шаҳрнишинӣ ва дар маҷмўъ ба фарҳанги мардуми кишвар халалу костагӣ ворид созад.

Чанде аз рафтору амали носавобе, ки ишора гардид, яъне сигорфурўшӣ, носфурўшӣ ва сигоркашию носкашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва аз ҳама рафтори нозебона партофтани пасмондаи он (туф кардани нос) сари кўча, роҳу гузаргоҳҳои зеризаминӣ, хиёбонҳо, болои сабзаву гулзорҳо ва ҳатто баъзан дар дохили биноҳои ҷамъиятӣ болои фаршу қолинҳо дар назари баъзе ашхос шояд он қадар муҳим нест, вале дар асл хеле ташвишовар ва ама- ли номатлуб аст.

Падидаи дигаре, ки таҷассумгари фарҳангу суннати шаҳрдорӣ ва шаҳрнишинӣ аст, номгузории кўчаву хиёбонҳо, маҳаллаҳо, муассисаҳо ва шиору овезаҳо, муаррифномаҳо, рекламаҳо ва дигар навиштаҷот мебошанд. Хушбахтона, дар ин самт бисёр корҳои хуб ба амал бароварда шудаанд. Вале ҳанўз дар номгузории кўчаву хиёбонҳо, муассисаву мағозаҳо, навиштаҷоти номи онҳо, шиору овезаҳо камбудиҳои ҷиддӣ ба назар мера- санд. Дар номгузорӣ баъзан такрори якдигар, риоя намудани меъёрҳо ва талаботи забони давлатӣ ва имлои забони тоҷикӣ, бегонапарастӣ (номҳои арабиву русӣ ва аврупоӣ) мушоҳида мешавад. Номи баъзе муассисаҳову мағозаҳо бемазмуну бемантиқ ва ифодагари рисолат ва асли фаъолияти онҳо нестанд.

Масалан, дар маркази шаҳри Хуҷанд маркази савдои «Аве- сто» мавҷуд аст. Магар номи китоби муқаддаси оини зардуштӣ, ёдгории динӣ-фарҳангӣ, сарчашмаи нодири таърихӣ, нахустқомуси тамаддуни ориёӣ «Авесто»-ро ба мағоза додан аз рўи мантиқ ва фарҳанги номгузорӣ аст? Дар ягон кишваре мағозаи «Қуръон», «Таврот», «Инҷил» мавҷуд аст? Агар пайравони мазҳаби зардуш- тия, ки имрўз ҳам дар Ҳиндустон ҳастанд ва онҳоро «порсҳо» мегўянд ва қисмати каме дар Эрон, ки бо номи «габрҳо» зиндагӣ мекунанд ба Тоҷикистон, ба шаҳри мо оянд дар бораи фарҳанги номгузории мо чӣ андеша ва бардошт хоҳанд кард? Оё комиссияи номгузории назди шаҳрдорӣ чунин номгузориҳои бемантиқу бе- масъулиятонаро назорат ва мушоҳида намекунад?

Агар нафароне, ки ба маркази тиҷорат номи «Авесто»-ро гузоштаанд, ягон бинои зебову боҳашамате бунёд намуда дар он ҷо китобҳои қаламӣ, дастнависҳои нодирро мисли махзани дастнависҳои камназири «Матендаран» (Матндорон) дар Арманистон ҷамъ меоварданд ва номи онро махзани «Авесто» ме- гузоштанд, қобили қабул буд. Вале мағозаи «Авесто» хеле хандаовар, гузашта аз ин, таассуфовару ифодагари фарҳанги пасти номгузории баъзе муассисаҳову мағозаҳо ва дигар объектҳои ҷамъият аст.

Яке аз падидаҳои хеле номатлубе, ки ҳусни маданияти шаҳри моро мекоҳонад, хизматрасонӣ тавассути хатти сайри микроавтобусҳо, рафтору одоби пасти баъзе аз ронандагон, ки ба ягон қолаб намеғунҷад, ба назар мерасад. Баъзе аз онҳо ба- рои як нафар мизоҷ, ё як сомонӣ тайёранд гулўи якдигарро мисли гург даронанд. Мошини пур аз мусофиронро бо қаҳру ситез ме- ронанд, аз бехатарии одамон парвое надоранд. Микроавтобусҳо хурд бошанд ҳам, вале киссаи ронандагон бузургу бетаг, ҳама му- софиронро меғунҷонанд.

Баъзан худи мусофирон дар ин кор айбдоранд. Агар нозири роҳ мошинро дорад, мо ба ҷои ронандаро сарзаниш кардан, но- зирро айбдор менамоем.

Хуҷанд, ки шаҳри дуюми ҷумҳурӣ ва нуфузи аҳолиаш хеле зиёд аст, бояд нақлиёти ҷамъиятӣ – автобусҳои ҳозиразамон до- шта бошад. Дар ҳама шаҳрҳои калони дунё нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҳисоби буҷаи шаҳр ба мардум хизмат мерасонанд. Як вақт автобусҳои хурди истеҳсоли Ҳиндустон пайдо шуд, вале зуд аз байн рафт. Шояд ба ин ронандагони микроавтобусҳо ва сарварони онҳо роҳ надоданд, ки даромадашон камтар, ё ба қавле нонашон нимто шавад.

Дар истгохҳо нозирони худӣ аз байни кормандони муассисаҳои нақлиёти мусофирбар доимо аз ронандагон пул ме- гиранд, вале тартибот, хизматрасонӣ дар дараҷаи паст қарор до- рад.

Дар истгоҳҳо ронандагон ба якдигар роҳ намедиҳанд, ҳамдигарро бо алфози қабеҳ дашном медиҳанд ва парвое надоранд, ки дар дохили мошин занон, духтарон, пиронсолон, кўдакону наврасон ҳастанд ва онҳо дар шаҳр ба мардум хизмат мерасонанд, на дар ҷои дигар.

Пулчинакҳо ё ба қавле «булбулакҳои» ронандагон бештар наврасони мактабҳон ё ҷавонон мебошанд, ки гўё гўши мардум- ро харида бошанд ва бо тамоми овоз доду фарёд зада, мизоҷ ме- кобанд, баъзан қариб бо зўрӣ мусофиронро ба мошини худ тела карда савор мекунанд.

Солҳои 1984-1986 дар Афғонистон ба сифати тарҷумони ҳарбӣ адои хизмат намуда будам ва аҳволи имрўзаи нақлиёти мусофирбари Хуҷандшаҳр шабеҳи Кобули ҳамон вақта аст, ки афғонбачаҳои либосдаридаву гурусна бо тамоми овоз мусофи- ронро ба хатти сайри худ даъват мекарданд. Дар Афғонистон шахсони бесавод, камсавод зиёданд, гурезаҳо ҳамон солҳо зиёд буданд, онҳо шаҳрро намедонистанд. Вале мардуми мо босавод, ба куҷо рафтанашонро худашон медонанд, чӣ зарурат дорад доду фарёди гўшхароши «булбулакҳои» микроавтобусҳои шаҳр.

Мо ба ин падидаҳои номатлуб, ки ба мақоми шаҳри мо мувофиқ нест, бояд хотима гузорем.

Албатта, тамоми ҳусну қубҳ, ҷабҳаҳои мусбат ва манфии фарҳанги шаҳрдорӣ, одобу рафтори сокинону меҳмонони шаҳрро дар як мақола инъикос намудан аз имкон берун аст.

Мо кўшиш намудем як чашмандози иҷмолие ба шаҳри муосир аз бурҷу манори шаҳри қадим дошта бошем ва бошад, ки ҳар яки мо барои баланд бардоштани фарҳангу суннати шаҳрдорӣ, шаҳрнишинӣ ва боз ҳам афзудани мақому манзалат ва ҷойгоҳи шоистаи Хуҷандшаҳр дар радифи беҳтарин шаҳрҳои тоҷикон ҳамеша саъю талош варзем. 

Шавкат Шарифов

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1576
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3067
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта17297
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20392
mod_vvisit_counterҲамин моҳ54421
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта80782
mod_vvisit_counterҲамагӣ2275037