(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

НАЗАРЕ БА РӮЗГОРИ БУЗУРГОНИ ХУҶАНД

Шахсияти дигари маъруфи шаҳри Хуҷанд, ки тўли қарнҳо номаш вирди забони мардум аст “Ҳазрати Бобои Хуҷандӣ” мебошад. Атрофи масъалаи шахсияти Ҳазрати Бобо байни муҳаққиқони улуми таърих ва адабиёт ихтилофоти зиёде ҳаст ва камина мехостам бо овардани маълумотҳои нав аз сарчашмаҳои таърихӣ, ба бархе аз паҳлўҳои ин масъала равшанӣ андозам.

Дар бобати муайян кардани номи аслии Ҳазрати Бобои Хуҷандӣ якчанд сарчашмаҳоро баррасӣ мекунем. Баъзе аз таъ- рихнигорон, аз ҷумла, муаллифи “Маноқиб” Ҳазрати Бобои Хуҷандиро муриди Наҷмуддини Кубро дониста, чунин нақлро овардааст: “Нақл аст, ки Бобо Камоли Хуҷандӣ дар сўҳбати Шайх Наҷмуддини Кубро мартаба ва такмил ёфтанд ва ҳазрати Шайх хирқа ба ў доданд. Ва гуфтанд, ки “Дар диёри Туркистон Мавлоно Шамсуддин Муфтиро фарзандест, ўро Аҳмад Мавлоно мегўянд, хирқаи моро бад-ў расон ва тарбият аз ў даре мадор!” Ва чун Бобо Камол ба Хуҷанд расиданд, ҷамъи кўдакон бозӣ мекар- данд ва Аҳмад Мавлоно ҷомаи эшонро нигоҳ медоштанд”.

Дигар ин аст, ки муаллифи “Маноқиб” Мавлоно Шамсуддин Муҳаммад ибни Алӣ ибни Маликдоди Табрезиро муриди Бобо Камоли Хуҷандӣ медонад ва нақлеро бо иқтибос аз “Нафаҳот-ул- унс”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ овардааст. Ҳарчанд намунаи нақли дар “Маноқиб” омада серғалат аст, аммо барои таҳлилу баррасӣ ва таҳрири баъзе калимот бо такя ба китоби “Нафаҳот-ул-унс” матни онро меорем: “Ва гўянд, дар он вақте, ки Мавлоно Шам- суддин дар сўҳбати Мавлоно Камол будааст ва ҳар футўҳе, ки Шайх Фахруддини Ироқиро рўй менамуд, вай дар либоси назм изҳор мекардӣ ва бар назари Бобо Камоли Хуҷандӣ мерасонид ва Шайх Шамсуддин аз он ҳеҷ изҳор намекард. Рўзе Бобо Камол вайро гуфтанд: “Фарзанд Шамсуддин, аз он асрор ва ҳақоиқе, ки фарзандам Фахруддин изҳор мекунад, бар ту лоеҳ намешавад?” Гуфт: “Пеш аз он мушоҳида меафтад, аммо ба воситаи он, ки вай баъзе аз мусталеҳот варзида тавонад [метавонад – Нафаҳот- ул-унс], ки онро дар либоси некў ҷилва диҳад ва маро он қувват нест”. Бобо Камол фармуданд, ки “Худои таъоло, туро соҳиб [мусоҳибе – Нафаҳот-ул-унс]208 рўзӣ кунад, ки маорифу ҳақоиқи аввалину охиринро бар номи ту изҳор кунад ва ниёбаъи [янобе- ъи – Нафаҳот-ул-унс] ҳикам аз дили ў бар забонаш ҷорӣ ша- вад, ва дар либоси сарфу [ҳарфу – Нафаҳот-ул-унс] савт дарояд, тирози он либос номи ту бошад”.

Дар матни нақлҳои мазкур муаллифи “Маноқиб” иштибоҳ намуда, калимаи “Ҷанд”-ро аз китоби “Нафаҳот-ул-унс”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ “Хуҷанд” иқтибос кардааст. Таърихшиноси машҳур Бартолд В.В. қайд мекунад, ки “Шаҳри Ҷанд дар ҷои харобаҳои Хишт-қалъа дар ғарбии Сирдарё, деҳаи Тумарат-қул 25-30 километрии Перовск210 ҷой дошт”. Азбаски шаҳри Ҷанд баъди истилои лашкари Чингизхон хароб гардид, мардуми боқимондаи таҳҷоӣ муҳоҷир шуда будаанд. Имрўзҳо осоре аз он шаҳр нест. Аммо ҷустуҷуҳои илмӣ нишон дод, ки дар ҳақиқат дар замони истилои муғул дар шаҳри Ҷанд дастпарвардаи Шайх Наҷмуддини Кубро бо номи Муҳаммад ибн Муҳаммад ал-Нўъмонӣ ва алқоби “Камолуддини Хоразмӣ” ва “Шайх Бобо”мезистааст. Муаллифи “Мулҳақот би-с-Суроҳ” дар боби “Шаҳри Ҷанд» чунин мегўяд, ки “Ин шаҳри калон буд, вале дар таърихи наздик мавриди ҳуҷум қарор гирифт …

Ман дар ин ҷо аз шайхулшуюх, ҳуҷҷат-ул-ҳақ(қ) ала-л-ҳақ(қ), Камол-ул-ҳаққи ва-д-дин ал-Хоразмӣ, баъд Сиғноқӣ, ки дар бай- ни туркманҳои муҳоҷир бо лақаби “Шайх Бобо” машҳур аст, қуддиса сирруҳу, таълим гирифтам, ба хидмат ва сўҳбати ў му- шарраф шудам. Ва ў шайх, садрулаллома Камол ал-Музаффарӣ, раҳматуллоҳи таъоло, аст, ки шайхи хилва ва шайхи хирқа ме- бошад. Ва ў аз асҳоби муқаддами султони машоих Наҷмиддин ал-Кубро Абулҷаноб аст, ҷонишин ва тарбиятёфтаи даргоҳи ўст. Ман он мактубе, ки шайхи тариқат ва ҳақиқат Сайфуддини Бохарзӣ аз номи Саъид ибни Мутаҳҳар навишта ва ба халифаи Шайх Камол-ул-ҳаққи ва-д-дин, умдатуссоликин – такягоҳи оян- дагон, ирсол карда буд, дида будам. Вақте, ки замони реҳлати ў ба ҷавори Аллоҳ таъоло наздик шуд, Шайх маро фармуд, ки таърихи вафоташро тартиб диҳам. Ва ин матни назмӣ дар санги сиёҳе навишта шуд, ки дар сари қабраш дар Ҷанд, дар Хайробод гузошта шудааст. Навиштаҷоти онро писараш –бародари мо Имом Наҷм-ул-ҳаққи ва-д-дин, шайхи имомон ҳаккокӣ намуд. Ва ин таърих чунин аст: “Ин оромгоҳи оне аст, ки шабҳои бехобӣ ас-Суҳо ва ал-Фарқадро наззора мекард ва оне, ки ҷиҳод дар роҳи Аллоҳро аз роҳи хеш пеш мебурд. Ва ў аш-шайх, ал-кабир, ал-муҷтабоҳ, ал-олим, ал- омил, ал-муртазо, солики роҳи тариқат, молики мулки ҳақиқат, қудватунносикин, умдатуссоликин, барафшонандаи парчами ҷиҳод, соҳиби оёти мушоҳида, мўҳрими миқоти таҷаллӣ ва кушуф, маҳрими лаҳзаи сирри тавҳид ва муҳаббат камол ал-ҳаққи ва-д-дин, шайхулмашоихи оламайн, дар байни арвоҳ ба “Меҳри Кабир” хонда шуда. Ва ў Муҳаммад ибн Муҳаммад ал-Нўъмонӣ, акрама-л-лоҳу фӣ риёз-ил-қудс. Ў дар синни 85-солагӣ дар шаби панҷшанбеи ҷимодиулаввали 672 ҳиҷрӣ (баробар ба декабри соли 1273м.) даъвати Аллоҳро лаббайк гуфта, санои Худои оламиёнро карда, дуруди Муҳаммад ва ҳамаи авлоди поку тоҳирашро адо карда, ҷон ба Ҳақ таслим кард”.

Маҳз ҳамин Муҳаммад ибни Муҳаммад ал-Нўъмонӣ, мулаққаб ба Шайх Камолуддини Хоразмӣ ҳамон Бобо Ка- моли Ҷандӣ аст, ки зикраш дар китоби “Нафаҳот-ул-унс”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ва “Маноқиб” омадааст ва ў пири Шамсуд- дини Табрезӣ будааст на Ҳазрати Бобои Хуҷандӣ. Дар насабномаи “Ҳазрати Бобо I”номи аслии Ҳазрати Бобои Хуҷандӣ Саййид Заҳируддин Исо ва лақаб Бобо Ҷобир омадааст, ки иқтибоси онро аз матни насабнома меоварем: “Саййид Заҳируддин Исои Ҷомӣ, ки мулаққаб ба ҳазрати Бобо Ҷобиранд ва эшон дар вилояти Хуҷанди фирдавсмонанд мадфунанд ва сӣ сол дар билоди Ҷом мутаваттин будаанд ва чиҳилу панҷ сол дар Хуҷанд истиқомат намудаанд ва аз эшон ду писар ва як духтар монда буд”. Падари Заҳируддин Исо Аҳмади Ҷомӣ будааст, ки ба ин маънӣ дар насабномаи зикршуда чунин омадааст: “... аз Амир Ҳусайнии Абўбакри мазкур як писар шайхулислом Аҳмад ан-Номқӣ ал-Ҷомӣ, машҳур ба Зиндафил Аҳмади Ҷомӣ ва куняти ў Абўнаср Аҳмад аст. Эшонро Ҳақ(қ), субҳонаҳу ва таъоло, чиҳилу ду фарзанд дода буд: сиюнуҳ писар ва се духтар. Ва баъд аз вафоти эшон чаҳордаҳ писар ва се дух- тар боқӣ монда будаанд ... Ва асомии эшон Саййид Муҳаммад ва Саййид Алӣ Асғар ва Саййид Алӣ Ҳодӣ ва Саййид Алӣ Зайд ва Саййид Сулаймон ва Саййид Умар ва Саййид Ашраф ва Саййид Қосим ва Саййид Султон ва Саййид Юсуф ва Саййид Иброҳим ва Саййид Абдуллоҳ ва Саййид Заҳируддин Исои Ҷомӣ”.

Асомии фарзандони Аҳмади Ҷомиро дар китоби “Хулосат- ул-мақомот” Абулмакорим Алоулмулки Ҷомӣ, ки дар ҳудуди соли 1437 м. таълиф намудааст, чунин меорад: “Рашидуддин Абдур- рашид, Ҷамолуддин Абулфатҳ, Сафиуддин Маҳмуд, Қутбуддин Муҳаммад, Фахруддин Абулҳасан, Наҷмуддин Абўбакр, Бурҳонуддин Наср, Зиёуддин Юсуф, Алоуддин Абдурраҳим, Шамсуддин Мутаҳҳар, Бадруддин Соъид, Ҳамидуддин Абдуллоҳ, Заҳируддин Исо, Шиҳобуддин Исмоил”. Қайди асомии дар ҳар ду сарчашма омада, ба ғайр аз номи Заҳируддин Исо куллан фарқ карда, намунаи саҳеҳаш дар “Хулосат-ул-мақомот” омадаи он аст.

Аз ин баррасӣ хулосаи якуми мо ин аст, ки Заҳируддин Исо, ҳақиқатан ҳам аз писарони Аҳмади Ҷомӣ будааст. Дар муқаддимаи “Равзат-ул-музаннибин ва ҷаннат-ул-муштоқин”-и Аҳмади Ҷомӣ, ки дуктур Алӣ Фозил онро муқобала ва тасҳеҳ намуда, бар он муқаддимаи пурмўҳтаво нигоштааст, аз номи Қутбиддин Муҳаммад ибни Мутаҳҳар – муаллифи китоби “Ҳадиқат-ул-ҳақиқа”, чунин меорад: “... ин пири ҳақирро чун бар ин ҳол иттифоқ афтод, аз сари ғайрати дин он чӣ самоъ дошт аз падари худ шайхулислом Шамсуддин Мутаҳҳар ва аз пир ва амми худ – шайхулислом Заҳируддин Исо ва аз кутуби шайху- лислом Аҳмад ва аз уламо ва машоих ва равандагони дигар… дар қалам овард, то агар касеро рағбати ин роҳ бувад ва талаби ин тариқ кунанд ...”. Мазмуни ин иқтибос далели он аст, ки Заҳируддин Исо ба ҷои падари худ – Аҳмади Ҷомӣ дар хонақоҳи падараш роҳбарии тариқатро бар ўҳда гирифта будааст ва додарзодааш – Қутбиддин Муҳаммад ўро пири худ медониста- аст. Заҳируддин Исо олими забардаст ҳам будааст, ки дар китоби “Равзат-ур-раёҳин” чунин омадааст: “Заҳируддин дар тафсиру ҳикмат ва риёзӣ даст дошта ва китоби “Сирр-ул-бадоеъ”-ро дар соли 577ҳ. (1182м. – С.У.) ба номи Султон Ғиёсуддин Абулфатҳ Муҳаммад ибни Соми Ғурӣ навишта ва китобҳои “Сирот-ус- соликин” ва “Рамуз-ул-ҳақоиқ” ва “Рисолаи ҳоким” ва “Рисо- лаи мустаъид” аз таълифоти дигари ўст”. Аз ин ҷо му- таваттин шудани Заҳируддин Исо дар шаҳри Хуҷанд ва 45 соли боқимондаи ҳаёташро ин ҷо гузарониданаш ғайриимкон аст.

Дар матни насабномаи “Ҳазрати Бобо II” номи аслии Ҳазрати Бобо, Саййид Султонхоҷа Аббос ва лақабаш Ҳастӣ Мирзо Бобо омадааст. Насабашро котиби насабнома чунин баён кардааст: “Эшонхон ибни Яқубхоҷа ибни Офоқхоҷа ибни Мирзокозим ибни Шайх Муҳаммадамин мулаққаб ба “Лаби обӣ” ибни Мирзошайх ибни Муҳаммадтайиб ибни Саййид Камолуддин, мулаққаб ба Бобо Камол ибни Муҳаммадтайиб ибни Саййид Мутаҳҳар ибни Мавлоно Камолуддин ибни Амир Сай- йид Умар ибни Амир Саййид Ҳайдар ибни Саййид Султонхоҷа Аббос, яъне Ҳастӣ Мирзо Бобо ибни Саййид Муҳаммад Аҳмади Ҷомӣ, яъне Зиндафил Аҳмад ибни Султон Абўсаиди Хуросонӣ ибни Султонабдулҷалил ибни Саййид Муҳаммад Нақӣ ибни Ҷаъфар, мулаққаб ба Абулҳасан Алӣ, ибни Алӣ, мулаққаб ба Абулҳасан ибни Абўабдуллоҳ, мулаққаб ба Ҷаъфар ибни Али Ҳодӣ ибни Алӣ Тақӣ, мулаққаб ба Абулҳасан ибни Алӣ Мўсо Ризо, мулаққаб ба Абулҳасан ибни Мўсои Козим, мулаққаб ба Абулҳасан ибни Ҷаъфари Содиқ, мулаққаб ба Абўабдуллоҳ ибни Муҳаммади Боқир, мулаққаб ба Абўҷаъфар ибни Зайнулобидин ибни Ҳусайн ибни Алӣ”.

Бояд қайд кард, ки дар ҳарду насабнома номи Аҳмади Ҷомӣ, ҳамчун падари Ҳазрати Бобо, якеро ном Заҳируддин Исо бо лақаби“Бобо Ҷобир” ва дигаре Саййид Султонхоҷа Аббос бо лақаби “Ҳастӣ Мирзо Бобо” омадааст.

Дар китоби «Маҷмаъ-ул-ансоб ва-л-ашҷор” бошад, Ҳазрати Бобо ҳамчун муриди Аҳмади Ҷомӣ қайд шудааст: “Шайх-ул- ислом Аҳмад ан-Номқӣ ал-Ҷомӣ, қуддиса сирруҳу, муаллифи “Сироҷ-ус-собирин”, муридони вай: ҳазрати Мавлоно Зайнуд- дин Абўбакр Тайободӣ; ҳазрати Шайх Хоҷа Исои Хуҷандӣ, ал- мулаққаб ба Ҳазрати Бобо-дар”. Аслан Аҳмади Ҷомӣ яке аз шинохтатарин орифони Хуросон буда, дар соли 441ҳ./1020м. дар деҳаи Номқи Ҷом дида ба ҳастӣ кушод ва дар 536ҳ./1142м. оламро падруд гуфт. Номқ яке аз рустоҳои Ҷом аст ва Ҷом дар Хуросони имрўзаи Эрон аст. Фаромарзи Собирмуқаддам дар мақолаи илмии “Сайри ирфонии Шайх Аҳмади Ҷомӣ” қайд мекунад, ки “Хоҷа Абулмакорим Алалмулки Ҷомӣ аз аъқоби номбардори Шайх ному насаби ўро дар китоби хеш чунин менависад: “Аҳмад ибни Абулҳасан ибни Муҳаммад ибни Ҷурайр ибни Абдуллоҳ ибни Лайс ал-Баҷалӣ ан- Номқӣ ал-Ҷомӣ. Ва Ҷурайр ибни Абдуллоҳ ҳоким, бузург ва саййиди Ямантоифа буд”.

Зимни баррасии маълумотҳои дар насабномаҳо овардашуда, оид ба насаби Аҳмади Ҷомӣ ва муқоисаи онҳо бо таҳқиқоти олимон маълум шуд, ки онҳо куллан аз якдигар фарқ мекунанд. Агар дар матни насабномаи “Ҳазрати Бобо II” насаби Аҳмади Ҷомӣ ба халифаи чоруми мусалмонон Алӣ (р.т) мерасида бошад, дар мақолаи “Сайри ирфонии Шайх Аҳмади Ҷомӣ”, ки бо такя ба сарчашмаҳои мўътамад навишта шудааст ва ҳарчанд силси- лаи номҳо пурра нест, ба саҳобаи Муҳаммад (с) Ҷурайр ибни Абдуллоҳи Баҷалӣ расидааст.

Хулосаи дувуми мо бо такя ба матни “Маҷмаъ-ул-ансоб ва-л-ашҷор” ин аст, ки Ҳазрати Бобо писари Аҳмади Ҷомӣ набуда, шояд яке аз муридони эшон бошанд. Ба ин маънӣ далел он аст, ки Аҳмади Ҷомӣ ҳақиқатан дар замони хеш мақбули хосу ом буда, шўҳраташ то ба Мовароуннаҳр низ расида, як рисолае бо номи “Самарқандия” дар ҷавоби саволҳои муридони самарқандиаш навишта будааст. Дар замимаи китоби “Мифтоҳ- ун-наҷот”-и Аҳмади Ҷомӣ, чопи интишороти “Фатеҳ” як саҳифа аз “Маноқиб”-и ин бузургвор омадааст, ки он ҷо аз китоби “Румуз-ул-ҳақоиқ”-и Шайх Заҳируддин Исо, фарзанди Аҳмади Ҷомӣ чунин иқтибос овардаанд: “То охири умр бар дасти падарам – Шайхулислом Аҳмад, қуддиса сирруҳу, шашсадҳазор кас тавба кардаанд ва аз роҳи маъсият ба тариқи тоат боз омада”.

Агар ин таҳлили мо дуруст бошад, номи аслии Ҳазрати Бобои Хуҷандӣ Саййид Султонхоҷа Аббос будааст на Бобо Камол ё Заҳируддин Исо ва ё Шайх Хоҷа Исои Хуҷандӣ, зеро ки насабномаи “Ҳазрати Бобо I” бевосита бо иштироки наводагони Ҳазрати Бобо соли 1960 аз нусхаи қадимаи мўътамад рўйнавис шудааст. Дар ин насабнома ривояте омадааст, ки “Саййид Султонхоҷа Аббосро мардуми Хуҷанд аз шаҳри Бағдод даъват карда овардаанд. Мардуми Хуҷанд номи аслии эшонро нагирифта, эҳтиромона “Ҳастӣ Мирзо Бобо” мегуфтаанд. Номи модари он бузургвор Соро Бибӣ будааст. Ҳастӣ Мирзо Бобо 45 сол дар шаҳри Хуҷанд мутаваттин шуда, муддати тўлонӣ Имоми “Масҷиди ҷомеъ” будаанд ... Ҳастӣ Мирзо Бобо 75 сол умр дида бандагиро ба ҷо овардаанд”.

Чи хеле ки таҳлили матни сарчашмаҳо нишон дод, ба Саййид Султонхоҷа Аббос лақабҳои “Бобо Камол” ва “Ҳазрати Бобо” дар “Маноқиб”, “Бобо Ҷобир” дар насабномаи “Ҳазрати Бобо I”, “Бобо Дар” дар “Маҷмаъ-ул-ансоб ва-л-ашҷор”, “Ҳастӣ Мирзо Бобо” дар насабномаи “Ҳазрати Бобо II” илҳоқ шуда будааст. Бо гумони ғолиб лақаби “Бобо Ҷобир” бо саҳви котиби “Маҷмаъ-ул-ансоб ва-л-ашҷор” нодуруст “Бобо Дар” қайд шудааст. Лақаби “Бобо Камол” ба Ҳазрати Бобо шояд бо сабаби лақаби Бобо Камол доштани яке аз наводагонаш – Саййид Камолуддин насб шудааст, ки дар матни насабномаи “Ҳазрати Бобо II” ин мазмун қайд шудааст. Сабаби дигар мумкин он бошад, ки зери таъсири нақли дар “Маноқиб” оварда шуда, оид ба муриди Бобо Камолӣ будани Шамсуддини Табрезӣ, ин лақаб нодуруст ба Ҳазрати Бобо мулҳақ шудааст. Лақаби “Ҳастӣ Мирзо Бобо” бошад, баъдтар ба номи эшон илҳоқ шудааст. Аз рўйи матни на- сабномаи “Ҳазрати Бобо II”, ки он ба номи яке аз наводагони Саййид Абдуллоҳ ва мулаққаб ба Хоҷаи Моҳрўйи Хуҷандӣ, Ха- лифа Муҳаммадюсуфхоҷа – мулаққаб ба Эшони Ҷангалӣ тасдиқ шудааст, яке аз намояндагони авлоди Хоҷаи Моҳрўй, Мирсай- йид Санҷар ибни Шоҳ Қайюм бо Бибӣ Иззат – духтари Саййид Абдулваҳҳоб, аз авлоди Ҳазрати Бобо издивоҷ мекунад. Аз ин издивоҷ ду писар ва се духтар таваллуд мешавад, ки Эшони Ҷангалӣ аз наводагони Мирсаййидхон ибни Мирсаййид Санҷари мазкур будааст. Алъон, мадфани Эшони Ҷангалӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ёва, дар оромгоҳи маҳаллаи “Қорӣ Бобо” қарор дорад, ки бар сари он мақбарае низ бино шудааст. Одатан дар шаҳри Хуҷанд ба номи авлодони Хоҷаи Моҳрўй унвони “Мирзо” ҳамроҳ карда мешавад. Ин нисбат шакли ихтисоршуда аз вожаи “Амирзода” аст, ки дар бисёр маврид ба номи намояндагони ав- лоди Алӣ (р.т) – домод ва амўзодаи Муҳаммад (с), пайваст мешавад. Бо гумони ғолиб баъдтар бо сабаби риштаи хешовандӣ пай- до кардани ин ду авлод ба номи наводагони Ҳазрати Бобо низ нисбаи “Мирзо”-ро ҳамроҳ кардаанд, ки аз ин ҷо лақаби “Ҳастӣ Мирзо Бобо” гирифтани Ҳазрати Бобо маълум мешавад.

Ба фикри инҷониб лақаби аслии эшон дар асрҳои миёна “Бобо Ҷобир” будааст, ки дар матни насабноми “Ҳазрати Бобо I” қайд шудааст, зеро аз ҷиҳати замонӣ китобат шудани ин сарчашма нисбати дигар маъхазҳо қадимтар буда, аз насабномаи боз ҳам қадимтар бо шаҳодати ашхоси олиму масъул рўйнавис ва тасдиқ шудааст.

Баъдтар, бо гузашти замон лақаби “Бобо Ҷобир” аз лиҳози эҳтиром ба шахсияти эшон ба “Ҳазрати Бобо” иваз шудааст.

Дар мавриди замони зиндагии Ҳазрати Бобо гуфтан зарур аст, ки азбаски дар сарчашмаҳои баррасишуда эшон фарзанд ва ё муриди Аҳмади Ҷомӣ ба қалам дода шудаанд, аз ин ҷо замони зиндагии Ҳазрати Бобои Хуҷандӣ ба асри XII рост меояд.

Дар байни мардум ва сарчашмаҳои таърихӣ ривоятҳо дар бораи бузургӣ ва каромоти Ҳазрати Бобо зиёд ҳастанд.Масалан, муаллифи “Музокираи дарвешон” Халифа Абдулазизи Намангонӣ чунин ҳикоят мекунад, ки “Вақти дигар Ҳазрати Боборо зиёрат кардам, дидам, ки як ангушти пояшон сўхта буда. Ин воқеаро ба устоди худ баён кардам. Марҳамат намуданд, ки Бобои Хуҷандӣ дар вақти ҳаёти худ як Шайхи ботилро диданд, ки ба худ дору молида ба оташ медарояд, ин аз каромоти мо мегўяд. Шайх Бобо гуфтанд, ки “Аз дигар оташ карда, дар пеши ман даро!” Шайхи ботил гуфт, ки “Ман даромада будам, акнун шумо дароед, баъд ман ҳам дароям». Оташ баланд карданд, ки фаввораи ў ду қади одам буд. Бобои Хуҷандӣ беибо даромада, замоне таваққуф намуда баромаданд. Баъд аз он Шайхи ботил дору насоида даромад, фил-фавр хокистар гардид. Чун Ҳазрати Бобо ба хонаи худ рафтанд, ходиме аз ходимонашон пояшонро мемолид ва дид, ки як ангушти пояшон сўхтааст. Ходим ба дил гуфт, ки “Агар сўзад, ҳарду пояшон сўзад, чӣ шуда бошад, ки як ангушташон месўзад?” Ҳазрати Бобо ба ходим гуфтанд, ки “Сабаб ин, ки вақти даромадани оташ бе тафохур будам. Вақте, ки мебароям гуфтам, пои рост беруни оташ мондам, хостам, ки пои чапро берун кунам, тафохур ба қуввати вилоят ба дил роҳ ёфт, филфавр як ангушти ман сўхт. Акнун маълум шуд, ки воқеаи мазкур рост будааст» . Дар “Маноқиб” нақле омадааст, ки ба соҳибкаромот буда ни Ҳазрати Бобо далолат мекунад: “Ва яке каромоти Ҳазрати Бобо ин аст, ки дарёи Сайҳун шиҳа мекашид, Ҳазрати Бобо гуфтанд: “Хомўш бош!” аз он вақт боз хомўш гардид”.

Дар “Маноқиб” ба ҷойи дафни Ҳазрати Бобо чунин ишора шудааст: “Ва қабри Ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандӣ бар лаби дарёи Сир аст. Ва сари мазори фоизуланвораш мақоми абдол ва автод аст”. Хурсандона имрўз дар шаҳри Хуҷанд дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, дар паси хонаи бисёрошёнаи рақами 4, наздик ба Сирдарё мақбараи азнавсохташудаи Ҳазрати Бобо побарҷост ва яке аз обидаҳои таърихии шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад. Мардуми Хуҷанд 800 сол инҷониб эҳтироми ин бузургворро ба ҷо оварда, поси хотирашро нигоҳ медоранд.

Назирҷон Турсунов

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...