(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Нақш ва нақшхонӣ дар илми фолклоршиносӣ ва санъатшиносии тоҷик як андоза мавриди таҳқиқ ва омўзиш қарор гирифтааст, аммо оид ба таърихи пайдоиш ва матншиносии он кори ҷиддие ба сомон нарасидааст. Дар ин ҷо мекўшем, ки перомуни таърихи пайдоиши нақш ва нақшхонӣ, матншиносии он фикру андешаи худро баён намоем.

Нақш ва нақшхонӣ дар ибтидо ҳамчун силсилаи ашъори орифона зуҳур карда, дар байни мардуми Мовароуннаҳру Хуросон паҳн гардида буд.

Бо баробари густариш ёфтани тариқати нақшбандия, ки шиори асосияш «даст ба кору дил ба ёр» аст, усули дар дил нақш бандонидани зикр ҳамчун як роҳи расидан ба камолот маъруф мегардад. Дар бораи нақш хондан Абдураҳмони Ҷомӣ ишораи балеғе дорад:

Аз нақш тавон ба сўи бенақш шудан,

К-ин нақши ғариб нақшбандон донанд.

Пайравони тариқати нақшбандӣ бо қироати ашъори ирфонӣ ва гуфтани калимаи «ёр» нақш мебастанд ба дил, яъне ҳамин як навъ зикр буд. Дар фолклори Эрон бошад, алҳол нақш гуфта, силсилаи ашъори орифонаеро мегўянд, ки қолинбофон ҳангоми бофтани фарш онро мехонанд. Аҷиб он аст, ки матни ҳарду ҳам нақши дар Хуҷанд ва атрофи он роиҷбуда ва ҳам матни сурудаҳои қолинбофони Эрон шабоҳат ва монандии фаровон ба ҳамдигар доранд. Бо назардошти ин ҳол гуфта метавонем, ки пайравони тариқати нақшбандӣ ба кор машғул гашта, дар сари корашон зикр, яъне нақшро ба вуҷуд меоварданд.

Дар асрҳои миёна ва аз ҷумла дар асрҳои XV – XVI аз намояндагони исломи расмӣ дида силсилаи дарвешон ва ҷавонмардон, ки асосан пайрави тариқати нақшбандия буданд, барои тарғибу ташвиқи оини ислом байни туркон ва муғулони исломро қабулнакарда ҷадал мекунад. Ин ҳолро В.В. Бартолд дар китобаш тасвир карда, барҳақ нигоштааст, ки барои ба дини ислом даъват кардани туркон ва муғулҳо саҳми дарвешон калон аст. Ин иддаои Бартолдро осори асримиёнагии пайраво- ни нақшбандия ва дигар фирқаҳои аҳли тасаввуфи Осиёи Миё- на ба монанди «Ҷодат-ул-ошиқин» метавонад, ки тасдиқ кунад.

«Ҷодат-ул-ошиқин» сафарномаи сўфӣ ва орифи қарни ХVI Шайх Ҳусайни Хоразмӣ аст ва воқеоти марбут ба сафари ҳаҷро бо чанд тан аз машоихи Мовароуннаҳр ба силки тасвир кашидааст. Чунончи, дар ин сафарнома дар бораи сохтани хонақоҳ ҳангоми сафари ҳаҷ барои муридони турки ин шайх ишора гаштааст. Маса- лан, дар мавзеи Сарочуқ (минтақае дар канори Хоразм – И.Р) Шайх Ҳусайн бо мақсади бунёди хонақоҳ сафарро ба таъхир меандозаду мегўяд: «Мо ҳоло намеравем, балки дар Сарочуқ хонақоҳе месозем барои дарвешон» ва дар идомаи ин суханаш ишора мешавад: «Ҳама аҳли ин шаҳр ва атрок мурид ва асҳоби ҳазрати эшонанд». Дар баробари ин аз ин осори хаттӣ маълум аст, ки дар мавриди зарурӣ пайравонаш рубоиҳои ирфонӣ мехонанд ва чандтои ин рубоиҳо дар матни нақши кунунӣ боқӣ мондааст.

Дар боло ишора кардем, дарвешон ва ҷавонмардони нақшбанд ва ё фирқаи дигар барои даъват кардани аҳли куфр ба имон кўшиши фаровон доштанд. Онҳо аз қатори аҳли футувват буданд ва то андозае дар ҷиҳод бо тоифаи душманон фаъол ҳам буданд. Аммо ҳини тарғиби дин яроқи онҳо сухан буд. Нақше, ки дарвешон мехонданд, иборат аз рубоиёт буда дорои мазмун ва мўҳтавои ирфонӣ буд. Алҳол нақше, ки дар Хуҷанд ва дигар навоҳии тоҷикнишин ба монанди Исфара, Сулукта, Андарак ва амсоли инҳо паҳн гаштааст, давоми мантиқӣ ва идомаи нақши дарвешони ба дин даъваткунанда мебошад. Барои дарвешон нақшхонӣ то як андоза суруди ҳарбӣ-ирфонӣ ҳам буд.

Нақшхонӣ як қисми таркибии кори даъвати дарвешон будааст. Азбаски мардуми турк тавассути дарвешон ба дин даъват карда мешуданд, қисмати ибтидоии нақш ба забони туркӣ боқӣ мондааст. Имрўзҳо бо номи «эндинақилай» шинохта шудани нақшхонӣ ҳам бесабаб нест.

Сабаби ин он аст, ки дар оғози нақш чанд мисраи туркӣ ҷой дорад (ниг.: 8, 96). Яъне чунин ҳолат амри муқаррарӣ аст. Ба ин монанд дар чорабинии дигари занони пай- рави нақшбандия маросими «Бибисешанбе» дида метавонем, ки ибтидояш бо забони туркӣ аст ва қисмати асосӣ ва меҳварияш ба забони тоҷикӣ мебошад. Нақшхонӣ барои даъвати мардони турк ба имон бошад, қиссаи ба забони туркӣ таҳиягаштаи Бибисешан- бе, пухтани оши ўмоч ва шавламошаку амсоли ин мақсади дигар ҳам дошт. Он ҳам бошад, одат додани занони турк ба фарҳанги мардуми шаҳрнишин ва бо ҳамин васила шинос кардани онҳо ба дини ислом буд. Чун фитратан мардуми турк ба шахсони фавқулодда, машоихон ва пирон эътиқоди беандоза доштанд, аҳли тариқат бо ҳамин роҳ бо онҳо бархурд карда, ба дин даъват мекарданд.

Рубоиётеро, ки дар нақш хонда мешавад, метавонем, мисраъҳои ваҳдатзо унвон кунем. Зеро мардуми гуногунзабонро дар Осиёи Марказӣ таҳти ливои ягонаи ислом муттаҳид месохт. Агар имрўз бодиққат назар афканем, мебинем, ки дар Исфара, Хуҷанд, деҳаи Андарак, ки дар наздикии аҳолии туркзабон қарор доранд, нақши нисбатан қадимтари силсилаи нақшбандӣ боқӣ мондааст. Ин худ гувоҳи он аст, ки замоне дар ҳамин минтақаҳо гурўҳҳои калони дарвешон ва ҷавонмардон барои даъвати ақвоми турк ба имон масъулият доштаанд ва нақшхонии онҳо алҳол дар шакли суруди фолклорӣ боқӣ мондааст.

Ба ғайр аз ин силсилаи нақшбандия баробари он ки мардуми бодиянишин ва кўчманчиро ба ислом даъват кунад, намояндагон ва роҳбарони машҳури он барои густариш додани ваҳдати имонӣ ҳам кўшиш мекарданд. Гарчанд ки таълимоти нақшбандия дар заминаи мазҳаби тасаннун ба зуҳур омад, аммо то ҳол пайравони он байни аҳли шиамазҳабон ҳам ҷой дорад. Яъне Баҳоуддини Нақшбанд, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Муҳаммади Порсо ва дигар на- мояндагони бонуфузи ин силсилаи аҳли тасаввуф ҳанўз дар замо- ни худ барои роҳ надодан ба ихтилофот байни сунниҳо ва шиаҳо, байни сокинони турки кўчманчии бутпараст ва ақвоми бумӣ ҳиссагузор буданд. Ин хусусияти таълимоти нақшбандияро дар матни нақш метавонем, ки ба мушоҳида гирем. Дар байни мардум ҳамин гуна ривоят ҳам ҳаст, ки муаллифони нақш Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ ва Маҳастии Хуҷандӣмебошанд.

Албатта, инривояттаҷдидиназарватаҳқиқро металабад. Аз таърих маълум аст, ки чанд ғазали Адурраҳмони Ҷомӣ ҳамчун нақш хонда мешуданд, аммо дар матни нақш, ки алҳол иҷро мешавад, осори Ҷомӣ ба назар намерасад. Ғазалҳое, ки ҳамчун нақш аз осори Ҷомӣ интихоб гашта буд, дар доираи ҳалқаҳои дарвешон ва пайравони оини нақшбандия истифода мегардид. Гарчанд, ки рақсҳои орифона дар ин тариқат кам ба назар мерасад, валекин хондани шеър саропо дар он ҷой дорад. Аз ашъори Навоӣ ва Маҳастӣ низ дар нақши кунунӣ мисрае ба назар намерасад.

Манзури мо ин ҷо «нақши миёна» аст, ки бо ҳамин ном дар фолклоршиносӣ маъруф аст. Кўшиш дар бораи оммавӣ гардони- дани матни нақш дар замони истиқлолияти Тоҷикистон авҷ ги- рифт, аммо ба назари мо то кунун матни саҳеҳи нақш комилан ба вуҷуд наомадааст. Дар матни нақш, ки Н.Ҳакимов, М. Дадо- боева ва ё дигар гўяндагон доранд, ғалатҳои фаровон ба назар мерасад. «Нақши миёна» муаллифони аниқи худро дорад, аммо имрўзҳо чун моли халқ шинохта мешавад. Муҳим он аст, ки ҳам рубоиҳои нақш ва ҳам рубоиёти дар маросими Бибисешанбе ис- тифодамешуда аз адабиёти ирфонӣ об хўрдаанд.

Дар ин ҷо чанд андешаи худро перомуни матншино- сии нақши Хуҷанд баён карда, то андозае асли онро барқарор карданӣ ҳастем. Агар ба тарзи хониши нақш дар Хуҷанд ва ё Исфара нигоҳ кунем, сарнақшчӣ се мисраи аввали рубоиро мехонад ва «ҳай тоба ёре» гуфта, ба нақарот мегузарад, издиҳом бошад, «ёре» мегўянд ва дар хондани банди дуюм бошад, мисраи чоруми рубоии пешинаро оғоз мекунад ва мисли пешина банд бо се мис- раи рубоии дуюм тамом мешавад. Бо назардошти ин қонунияти нақш ва қофияи рубоиҳо гуфта метавонем, ки дар нақше, ки алҳол дар байни мардум паҳн гаштааст, чанд мисраъҳои аслии рубоиҳо афтодааст ва ё бо мисраъ ва байтҳои дигар омехта гаштааст.

Масалан, ин байт дар нақш танҳо мондааст ва ҳис карда ме- шавад, ки аз он ду мисраъ афтодааст.

Ин сирри ту дар синаву ҳар соҳиби роз,

Пайваста дар ин раҳ ту бар ҳама боз.

Дар матни Исфара:

Ин сирри ту дар синаю ҳамсои кироп,

Пайваста бар ин раҳмати ту ҳам бош.

Ин сирри ту дар синаю ҳамсойи фироқ, Пайваста дари раҳмати ту бар ҳама бод!

Дар матни ҷамъоваришудаи нақшҳо баръало намоён аст, ки ин ҷо ду мисраъ намерасад ва бар замми ин матн бо ғалатҳо дар байни гўяндагон ривоҷ ёфтааст.

Аслан, ин рубоӣ моли Абўсаиди Абулхайр аст, шакли саҳеҳ ва комили он чунин мебошад:

Эй сирри ту дар синаи ҳар маҳрами роз, Пайваста дари раҳмати ту бар ҳама боз. Ҳар кас, ки ба даргоҳи ту овард ниёз, Маҳрум зи даргоҳи ту кай гардад боз?.

Дар китоби «Ҷодат-ул-ошиқин» бошад, бидуни зикри номи муаллиф ин рубоӣ дар шакли зерин қайд гаштааст:

Эй сирри ту бар синаи ҳар соҳиби роз,

Пайваста дари раҳмати ту бар ҳама боз.

Ҳар кас, ки ба даргоҳи ту омад ба ниёз,

Маҳрум зи даргоҳи ту кай гардад боз?.

Ба назар мерасад, ки ду мисраи охири ин рубоӣ дар нақшхонӣ аз байн рафтаасту маъно ба латмаи ҷиддӣ гирифтор гаштааст. Аммо аз сабаби он ки рубоии дигари нақш бо ин рубоӣ ҳамкофия омадааст, он бо ҳамдигар омехта гаштааст. Ин рубоӣ ин аст: Одина ба бозорашу дар вақти намоз, Дидам мурге нашаста дар синаи боз, О мурғи ҳаво мегуфтам овози дароз, Ҳар кас ки ситам кунаду ситам ёбад боз! . Ё ин ки варианти дигари фолклорӣ:

Одина ба бозор шуд дар вақти намоз,

Дид ў мурғе нишаста дар синаи боз.

Он мурғи Ҳумо мекард овоз дароз: Ҳар кас, ки ситам кунад, ситам ёбад боз. Дар маҷмўаҳои фолклорӣ чандин варианти ин рубоӣ ба на- зар мерасад ва гоҳо чунон таҳриф ёфтаанд, ки фаҳмидани маъно комилан имконнопазир аст. Ва ё ғалатфаҳмӣ ва ба моҳияти он сарфаҳм нарафтан ба ин рубоӣ мурғи Ҳуморо ҳам ҷой додааст, ки саҳеҳ нест. Аслан, муаллифи ин рубоӣ шоир ва орифи машҳур Бобо Афзали Кошонӣ аст, ки мефармояд:

Одина ба бозор шудам вақти намоз,

Дидам кабке нишаста дар синаи боз.

Инам аҷаб аст, кабк бар синаи боз,

Ҳар кас, ки ситам кунад, ситам бинад боз.

Ин ҷо бе назардошти рамзҳои ирфонии мурғ ва боз, танҳо нигоҳи мантиқӣ барои тасҳеҳ кардани матни нақш имкон медиҳад. Иваз шудани калимаи кабк ба мурғ, чизи ҷиддӣ ва ғалати маҳз дониста намешавад, чун маънои ирфонӣ халал наёфтааст. Рубоии дигаре, ки ба тағйироти ҷиддӣ дар матни нақш ги- рифтор гаштааст, ин аст:

Ё Раб, ба ҷамоли Мустафои арабӣ

Аз ҳурмати шасту чорум авлоди набӣ.

Шарманда масоз ту дар қиёмат моро,

Рўзе, ки ҳисоби бандаро металабӣ.

Дар чандин нусхаҳои гирдоваригаштаи нақш «шасту чорум авлоди набӣ» ва ё «шасту чор авлоди набӣ» омадааст, ки аслан ғалати маҳз аст. Умуман, агар гирем, шасту чор авлоди набӣ киҳо ва бо нақшхонӣ чӣ робита ва алоқае доранд? Ин саволест, ки ба- рои посухи он матни нақшро дар ибтидо саҳеҳ намудан лозим аст. Хушбахтона, матни саҳеҳ ва дурусти ин рубоӣ дар «Ҷодат- ул-ошиқин» оварда шудааст. Ё Раб, ба камоли Мустафои арабӣ, Бо ҳурмати ҳашту чор авлоди набӣ. Шарманда насозиям ба рўзи арасаот, Рўзе ки ҳисоби бандагонро талабӣ.

Мутаассифона, ин рубоӣ моли кадом шоир аст, ба мо маъ- лум нагашт. Аммо онро сўфиёни мовароуннаҳрӣ бино бар маълумоти «Ҷодат-ул-ошиқин» дар сафар баъди адои намози шом дар масҷиди ҷомеи Димишқ хондаанд. Муҳаққиқи эронӣ Расул Ҷаъфариён нисбати калимаи ҳашту чор андешаашро гуфта мегу- зарад ва ишорат мекунад, ки он ҳашту чор аиммаи маъсумаанд. Аммо бо камоли ноогоҳӣ чунин даъво мекунад, ки гўяндаи ин рубоӣ ба чизи мехондааш сарфаҳм намерафтааст: «Танҳо як ҷо шеъре оварда, ки ишора ба дувоздаҳ имом дорад, ки ба эҳтимол мафҳуми онро дуруст дарк накарда…».

Вақте ки матнеро тасҳеҳ карданӣ бошем, ҳатман ба аф- кор, ғоя ва муҳити нависанда ва ё шоир ворид шудан даркор аст. Сўфиёни Мовароуннаҳр ва аз ҷумла нақшбандия ихтилофи суннӣ ва шиаро намепазиранд. Мутобиқи таълимоти он силси- лаи нақшбандия аз лиҳози маънавӣ ба Абўбакри Сиддиқ ва аз лиҳози ҷисмонӣ ба Алии Муртазо восил мегардад. Аз ин рў, эҳтироми авлоди пайғамбар хоси ин силсила аст ва ҳашту чор ав- лоди набӣ ҳамон дувоздаҳ имоми аҳли шиа мебошад. Дарвешони нақшбандӣ роҳи ваҳдат ва ягонагии қалбро таблиғ мекарданд.

Баъди он ки дастаҳои аҳли футуввати нақшбандӣ аз кор бозмонданд ва барои густариш додани таълимоташон нақшхонӣ зарурат надошт, лекин дар тўю маросимҳои шодӣ нақшхонӣ идо- ма кард. Он аз суруди сўфиёнаи хусусияти ҳарбидошта ба суру- ди тўёна табдил гашт. Чунон ки сурнай ва карнай ҳам замоне силоҳи ҷангӣ буданду бо гузашти вақт асбоби мусиқии ҷашну чорабиниҳо шуданд.

Бо назардошти чунин ҳолатҳо хулоса кардан мумкин аст, ки дар ибтидо нақшхонӣ дар силсилаи сўфиён арзи ҳастӣ намуда, ба- рои даъвати туркон ба ислом чун воситаи даъват истифода мегашт. Дар асоси матни нақш сурудаҳои Абўсаиди Абулхайр, Бобо Афзали Кошонӣ ва дигар шуарои Мовароуннаҳр қарор гириф- тааст. Андешаи мо оид ба шумори рубоиёти «нақши калон» ва ё худ «нақши миёна» чунин аст: тибқи таълимоти нақшбандия 11 қоидаи асосӣ мавҷуд аст ва рубоиёти нақши асосӣ ҳам бояд, ки 11 адад бошад. Аммо дар маҷмўаҳое, ки матни нақшро фарогиранд, шумораи зиёди рубоиҳо ба 8 мерасад. Барои барқарор кардани матни воқеӣ ва аслии нақш гузаронидани тадқиқот дар пеш аст. Бисёр чизҳо бояд, ки ҳаллу фасл карда шавад. Аз лиҳози матншиносии таърихӣ дар ягон маҷмўаи фолклорӣ матни нақш саҳеҳ оварда нашудааст, ки ин ҳам на ба хотири он аст, ки олимон кор накардаанд, балки нигаҳ доштани тарзи баёни гўяндагон аст.

Алҳол фурсати он фаро расидааст, ки матни саҳеҳ ва комили нақшро таҳия намуда, бо ҳамроҳи санъатшиносон онро аз сари нав омода сохта, манзури умум гардонидан мумкин аст. Аммо дар ибтидо мукаммалгардонии матн ва барқароркунии пурраи нақш лозим аст.

Исломҷон Раҳимов

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...