(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Осори фарҳангии аҳолии Хуҷанди қадим ҳарҷо-ҳарҷо дар осори моддӣ ва хаттии онҳо, дар расму русуми мардумӣ, инчунин дар санъати гулдўзӣ, ба амсоли сўзанидўзӣ, ҳаккокӣ, кандакорӣ, номгузорӣ ва дар афсонаву ривоятҳои онҳо нақши устувор гузоштааст. Илова бар ин дар ҷараёни ҳафриёти маҷмаи бузурги дафнии кўҳи Ширин воқеъ дар Куркат осори сершумор ва нодири санъат ба даст омаданд, ки онҳо низ моли меросии хуҷандиён ба шумор мераванд.

Дар аввал чунин ба назар мерасад, ки мазори Бурхи Сармасти Валӣ, воқеъ дар ҷамоати Ёва, мазори Хоҷаи Моҳрў дар маркази Хуҷанд ва боз чанде дигарҳо, мероси давраи исломӣ аст. Вале мушоҳидаҳои илмӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ин муқаддасот пеш аз зуҳури ислом низ дар Хуҷанд парастишгоҳ будаанд. Барои мисол рў меорем ба номи образноки тобути чўбини урфӣ, ки хуҷандиён онро «аспи чўбин» номидаанд. Чунин унвони тобут аз он шаҳодат медиҳад, ки дар асотири хуҷандиёни қадими ориёнасл асп ноқил – пайванде будааст, ки олами ҳастиро бо олами охират пайваст менамуд.

Аз диди хуҷандиёни қадим, ки аз илми ҷуғрофия кам бархурдор буданд, охират дар кадом як гўшаи дуродури олам, дар паси биёбонҳои душворгузари Қазоқистони имрўза ҷой дошта ва ин биёбонро метавон танҳо савори асп тай намуд. Масалан, дар ҷараёни ҳафриёти дижи Хуҷанд, аз қабатҳои поёнии он пайкари аз оҳан рехтаи асп дарёфт гардид, ки онро саворе идора менамуд. Муаллифи ин бозёфт бостоншинос Т.В.Беляева онро ба асрҳои III-V-и мелодӣ нисбат дода, моли сакоиён донистааст (6,346-347). Ин бозёфт аз робитаи ногусастании байни қабоили чорводор ва аҳолии кишоварзии Фарғонаи Ғарбӣ дар миёнаҳои ҳазораи яку- ми милодӣ башорат медиҳад.

Қабоили чорводори соҳили рости рўди Сир дар рў ба рўи шаҳраки Хуҷанд дар кўҳи Мевағул нақши сершумори рўи сангро мерос гузоштанд, ки дар онҳо низ асотир ва ҷаҳоншинохти сако- иён мунъакис шудаанд. Воҳаи Хуҷанд аз самти шимол ва ғарбӣ дар сарҳаддоти даштҳои доманадори Мирзочўлу Дилвар- зин ҷойгир аст, ба ин сабаб дар он мавқеи асп чун василаи нақлиёт аҳамияти калон касб намуда, бо мурури замон мояи парастиш гардида буд. Масалан, дар солномаи давлати Чин омадааст, ки ҳокимони Истаравшан дар курсӣ - тахте менишастанд, ки пояи он дар шакли пайкари асп сохта шудааст. Воқеан, дар ҷараёни ҳафриёти маъбади қадимае дар харобаи қалъаи Қаҳқаҳаи 1 дар шаҳраки Шаҳристон, ки он қароргоҳи афшинҳои Истаравшан маҳсуб мешуд, бостоншиносон бо сарварии Р.Авзалов аз зери остонаи ин маъбад ҷасади асперо дарёфт намуданд, ки аз рўи расму одати истаравшаниён дафн шуда буд.

Як пайкари биринҷии асп ҳамчунин соли 1944 аз харобаи Мунҷоктеппаи наздикиҳои деҳи Бекободи кўҳна дарёфт шудааст. Чунин мисолҳо хеле фаровон ба чашм мерасанд. Дар Самарқанд танбарустухондоне дарёфт шудааст, ки он ба шакли пайкари асп аст. Яке аз дахмаҳои Куркат ба шакли суми асп канда шудааст. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ омадааст, ки вақте Сўҳроб аз дасти падараш Рустам кушта мегардад, Рустам аз ҷигарбнди худаш будани Сўҳроб огаҳӣ пайдо намуда, ба наздиконаш мефармояд, ки дар кўҳ дахмае бикананд, ки он ба шакли суми асп бошад.

Чанде аз суннатҳои санъати тасвирии ориёию сакоии қадим дар муҳити устоҳои заргар ва оҳангарии Хуҷанд то дер вақт ҷой дошт. Масалан, дар осорхонаи бостоншиносӣ ва мардумшиносии факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, (нигоҳбонаш Н.Юсупова), ду оинаи рўйбин ба маърази тамошо гузошта шудааст, ки ғилофаи онҳо аз тунукаи нафиси нақшин аст. Дар ду кунҷи болоии даричаҳои ин оина нақши сувастика бо усули фишурдан (пресс кардан) намудор аст. Аз ин нақш хуло- са намудан мумкин аст, ки мўҳри оҳанини оҳангари хуҷандӣ дар шакли сувастика канда шуда будааст.

Нақши номбурда аз рўи эътирофи бостоншиноси шинохта В.М.Массон, ки умри бобаракати хешро бо таҳқиқи ёдгориҳои қадиму қадимтарини Туркманистон бахшидааст, сувастика, ки онро тоҷикон нақши чорчилик низ гўянд, хело ҳам бармаҳал, дар асри санг – 25-20 ҳазор сол муқаддам ба миён омадааст. Салиби шикастаи чаҳоргўша ва баробаркунҷ аз нақшҳои маъмултарини қабоили ориёии ҳазорҳои I то милоди қабоили ориёии Андро- новии кишвари Олтой, Сибири Ҷанубӣ ва ҳам Осиёи Марказӣ маҳсуб мешуд. Ориёиҳои замони бостон нақши чорчиликро ҳамчунин дар ороиши зарфҳои кулолӣ, аз ҷумла ҳошияи хумчаҳо, косаҳо, кўзачаҳо ва лаълиҳо корбаст мекарданд.

Сувастика, чунонки дар боло ишора рафт, дар ибтидои пай- доиши хеш ба сифати рамзи Офтоб - Хуршед, сонитар чун рамзи офияти рўзгор ва хайрияти аҳли оилаву авлод, чорвои хонагӣ ва, ниҳоят, хушии зиндагӣ маънидод мегашт. Салиби ориёӣ – сува- стика дар кулли ёдгориҳои ҳазорсолаи III-I пеш аз милод низ ба мушоҳида расидаанд.

Масалан, қабилаҳои ориёии доманакўҳи ҷанубии Урал, ки аз сабаби сардии зимистон сокинони он маҳалҳо ба гармии Хур- шед ниёз доштанд, манзилҳои доирашакли хешро дар заминаи нақши салиб - сувастика бино мекарданд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳамаи ҳисорак - истеҳкомҳои ноҳияи Аркаими ин ҷо, ки шумораи умумии онҳо ба 16 адад мерасад, аз рўи нақши салиб бино ёфтаанд. Салиби шикаста пеш аз ҳама рамзи заминии Хуршед ва оташ буданшро аксари муҳаққиқон зикр кардаанд.

Солҳои наздик аз харобаи Ёрқурғони назди шаҳри Тошканд се намуди салиби авастоӣ ба даст омад. Дар яке аз маҳалҳои Гурҷистон ганҷе дарёфт гардид, ки он ба садаҳои VIII-VII то ми- лод мансуб мебошд. Дар овезаи сарисинагии тиллоии ин чанд нақши сувастика тасвир шудааст.

Соли 2005 дар деҳаи Сухи ноҳияи Исфара директори Осор- хонаи шаҳр А.Ҳусейнов дар ҷарёни ҳафриёти археологӣ порчаи кўзаеро дарёфт намуд, ки дар тани он акси чархи ароба ва нақши сувастика тасвир ёфтаанд. Нақши номбурда ҳамчунин дар оро- иши пештоқ ва меҳробҳои иддае аз меъмориҳои Самарқанду Бу- хоро ва дигар маҳалҳои Осиёи Марказӣ фаровон истифода шуда- аст. Чунончи дар кандакории сутуни қадимаи (асри Х) дар деҳаи Чоркуҳ салиб дар шакли аломати ҷамъ хаккокӣ шудааст. Нақши музкур дар ороиши кошинкории масҷиди ҷомеи Би- бихоним ва мадрасаи Шердори Самарқанд низ ба мушоҳида расидааст.

Академик Аҳрор Мухторов нақши сувастикаро дар ороиши катибаҳои рўисангии якчанд мазори саргаҳи Зарафшон, санъ- атшинос М.Рўзиев бошад, дар дару даричаҳои манзили аҳолии Самарқанду Бухоро мушоҳида кардааст. Профессор Турдихон Бердиева дар яке аз ҷамъомадҳои илмӣ, ки бахшида ба ориёиҳо дар соли 2006 доир шуда буд, изҳори ақида намуданд, ки нақши сувастикаро гулдўзони Хуҷанду Конибодом ва Исфара солҳои 40-50-уми асри ХХ дар ҳунари гулдўзии занонаю мардона фаро- вон истифода менамуданд ва ин нақш «кабирдўзӣ» ном доштааст. Ҳамон соли 2006 дар кунгураи илмӣ, ки дар Осорхонаи нави Хуҷанд доир гашт, кишваршиноси шинохтаи Исфара ва Чоркуҳ Абдуманнон Раупов рўмол-камарбанди мардонаи аз суфии сиёҳ гулдўзишударо намоиш дод, ки дар чаҳор гўшаи он нақши сува- стика бо абрешими сафед гулдўзӣ шудааст.

Санъатшиноси мумтози тоҷик Маннон Рўзиев салиби ном- бурдаро, ки тоҷикони кўҳистон чархофалак низ гўянд, ҳамчун нишони рамзи чаҳор унсур, чаҳор фасли сол, чаҳор тарафи олам, ҳамчунин чаҳор фасли ҳаёти одамон: айёми тифлӣ, наварсӣ, ҷавонӣ ва пирӣ, инчунин рамзи дувоздаҳ нишони тақдир маъни- дод кардааст.

Табиатшиноси Русия Б.М.Комаров (1882-1980) соли 1932 аз шаҳри Ленингради соҳили рўди Нева ба Хуҷанд, пас аз воқеаи сиёсии ба ном «Парвандаи ленинградӣ» бадарға шуд ва фаъолияти илмӣ ва омўзгории хешро то охири умраш дар ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров идома дод.

Хуҷанди он солҳо симои асримиёнагии хешро пурра ҳифз намуда, мардумонаш расму русум ва одатҳои суннатии хешро бе каму кост риоя мекарданд. Б.М.Комаров дар соатҳои фориғ аз дарс ва рўзҳои истироҳату идҳо аз чойхона, бозорҳо ва аз маҳаллаҳои шаҳр диданӣ мекард, меҳмони ҳамкасбони хуҷандиаш мешуд. Ба кўҳи Мевағул баромада, бо олами рустанӣ ва набототи он ошно мегардид. Дар як асари бунёдии хеш, ки маҳз ба ола- ми набототи Хуҷанд ва атрофи он бахшидааст, Б.М.Комаров аз одати гулпарварии шаҳриён андешаронӣ намуда, навишта буд, ки аҳолии Хуҷанд аз байни анвои сершумори гулҳо бештар ба парвариши гули тоҷи хурўс ҳаваси калон доранд. Б.М.Комаров чун аз нозукиҳои забони тоҷикӣ, завқи бадеӣ, расму русум ва ҷаҳоншиносии хуҷандиён огоҳ набуд, сабаби парастиши гули тоҷи хурўсро то ба охир дарк карда натавонист.

Мушоҳидаҳо собит намуданд, ки хуҷандиён низ, ба амсоли дигар тоҷикони кишвар, гули тоҷи хурўсро чун муродиф ё худ рамзи хурўс медонистанд. Ба ин сабаб ин гулро низ мабдаи ситоиш қарор медоданд. Нақши хурўс, булбул, товус дар сўзанӣ, тоқиҳои занона ва мардона фаровон ба чашм мерасад. Насли калонсоли Хуҷанд тоқии чустро нишони давлат медонистанд. Агар кўдакон дар сари дастурхон сарлуч бинишинанд, калонсолон ба онҳо эрод гирифта мегуфтанд: «фаришта аз сарат мепарад». Санъатшиноси шинохта Г.В.Григорйев ҳанўз солҳои 30-уми асри ХХ навишта буд, ки дар гулдўзии тоқиҳои чустӣ (аз номи шаҳри тоҷикнишини Чусти водии Фарғона) болҳои рамзии хурўс гулдўзӣ шуданд.

Ҳангоми ковишҳои бостонӣ дар хоки кишвар муҷассамаҳои сершумори хурўсакҳо дарёфт шудаанд, ки онҳо аз тилло, нуқра, биринҷ ва мис рехтагарӣ шудаанд.

Соли 1976 дар аз яке дахмакҳои кўҳи Ширин, ки аҳолии зар- душтии Хуҷанд мурдаҳои хешро бо аробаҳо бурда дар он ҷо ба дахма мегузаштанд, як сарсўзани биринҷие пайдо шуд, ки сари сўзани он бо сурати хурўс ороиш ёфтааст. Бостоншиносон зикр мекунанд, ки қабоили кишоварзии сакоиёни Ҳафтруд ва Фарғона ҳанўз дар ҳазораи I то милод акси хурўсро дар кулли осори санъ- ати худ таҷассум менамуданд. Масалан, аз як қурғони биёбони Талос муҷассамаи тиллоии хурўсаке дарёфт шудааст, ки он дар рўи лаълии тилло устувор гаштааст. Гўшвораи тилло дар аз яке қурғонҳои деҳаи Кирови ноҳияи Данғара ба даст омадааст, ки дар овезаҳои он акси ду хурўсак тасвир шудааст. Гўшвораи дигари ба ҳамин монанд аз қабристони Сари Чони ҳамин маҳал дарёфт шудааст. Чунин бозёфтҳо аз харобаи қадими шаҳри Марв низ ба даст омаданд.

Акси хурўс ва узвҳои алоҳидаи он, аз ҷумла, тоҷи ў, минқор, бол ва ғайраҳо дар нақши нигори девор, мусаввараҳо, гулдўзию сўзан, тоқӣ, осори сершумори заргарӣ – ба амсоли зеби гардан, тавқ, пайконча, турғак, каҷҷак ва сарсўзанҳо ба тариқи фаровон дучор шудаанд. Як омили муҳими таваҷҷўҳи хуҷандиёни қадим ба рамзи асрорангези хурўс дар ҳамин аст, ки мутобиқи асотири эронитаборони қадим хурўс як ҷузъи Хуршед – Офтоб ва фар – фариштаи каёнӣ аст. Аз рўи нишондоди Авасто ҳар фард бидуни ҷон, боз фар – фариштае низ доштааст, ки он пеш аз таваллуди инсон вуҷуд дошта, сипас ба ҷисми ў ворид мегардад ва то фавти ҷисм дар он мемонад. Дар Авесто он фравша, дар забони тоҷикӣ- фаришта ва дар арабӣ он малоика ном гирифтааст.

Фар ё худ фравша аз Авасто сарчашма гирифтааст. Фар дар ибтидо мазмуни рамзӣ надошт. Нишони предметии фарри хона- дони Каёниёни Эрони бостон шоҳин, лочин, товус, симурғ, товус ва хурўс будааст. Дар Авасто омадааст, ки вақте шоҳи афсона- вии Эроншаҳр Йима (дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ – Ҷамшед), ба корҳои нопоку дурўғ фирефта гашт, он вақт дар чашми ҳамагон хвара-фарри вай, дар шакли парандае даромада ўро тарк гуфт ва Йима, ки аз рўи асотири эрониёни бостон дар фазои коинот пар- воз дошт, ба замин афтода нобуд гашт.

Хурўс аз байни паррандаҳо аввалин шуда аз дамидани са- педа ва фаро расидани рўзи нав бо бонги хеш одамонро огаҳӣ медиҳад. Дар Авасто ва дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бонги хурўс чун меъёри вақт қабул шудааст. Дар бахши дувум фаргарди 18- уми Авасто омадааст, ки Хурўс шўълаи Хуршедро пай бурда, ба бонг медарояд ва хитоб мекунад: «Эй мардумон! Ба по хезеду беҳтарин Ашаро биситонед, ки девонро фурў афканд… Боз Хурўс гўянд: Ҳаргиз дар се кори нек сустӣ раво мадор: андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори нек. Ҳамвора аз се кори бад рўйгардон бош: андешаи бад, гуфтори бад ва кирдори бад. Бино ба маълумоти маъхазҳои асрҳои V- VII милодӣ фар баъзан дар намуди гўсфанд ва бузи кўҳӣ низ пайдо мешуд. Сайёҳони Чин овардаанд, ки ҳокимони қадими мулки Фарғона, Самарқанд, Марв ва худи Эрон, дар тахти шоҳие менишастанд, ки пояи онро ҳайкали тиллоии гўсфанд оро медод. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадааст, ки шоҳ Кайковус ба Рустам тахти аз санги фирўза тарошидаро ҳадя намуд, ки шакли гўсфандро дошт. Ай- нан чунин тахтҳои шакли гўсфанд, асп, уштур тарошида шуда дар мусаввараҳои рўидевории кохҳои Варахша, Панҷакенти Қадим, Қаълаи Қаҳқаҳа 1 дар Бунҷикати қадим ба чашм расидааст. Соли 1982 аз маҳалли поёноби рўди Исфарасой ду адад муҷассамаи биринҷии сари гўсфанд дарёфт гардид. Ин бозёфт бо кўшиши но- шири ин сатрҳо бо Пажўҳишгоҳи таърих ва бостоншитносии АФ Ҷумҳурии Тоҷикистон итиқол дода шуд.

Дар як вақт Хурўс яке аз рамзҳои Сиёвуши афсонавӣ ба шумор мерафт. Аз рўи ривоятҳо Сиёвуш дар Бухоро кушта шуда, андаруни дарвозаи Каҳфурўшони ин шаҳр дафн гардидааст. Аз рўи нақли бухороиён аҳолии шаҳр ҳоло ҳам пеш аз фаро раси- дани Наврўз ба сари мазори Сиёвуш нўкча мегузоранд. Вале ба қавли муаллифи «Таърихи Бухоро» Муҳаммад Наршахӣ, ҳазор сол қабл муғони (зардуштиёни) Бухоро он маконро азиз дошта, ҳар сол рўзи Наврўз, пеш аз баромадани офтоб дар ин мазор як хурўсеро ба ёди Сиёвуш қурбонӣ мекарданд.

Дар шаҳри Хуҷанд ва деҳкадаҳои атрофи он то солҳои 50- 60-уми асри ХХ бахшиён ҳангоми «кўчонидан»-и бемор хурўсеро кушта, хуни онро ба сару сина ва тани бемор молида, тани хурўсро кафанпеч намуда, дар қабристони наздик мегўрониданд. Вале аҳолии деҳаи Шуғнони Бадахшон бошад, дар рўзи сеюм пас аз адои мотам ба мақсади «ҳалол» кардани дегу табақи хона хурўсеро кушта, ба дег меандозанд ва онро якҷоя бо хешу назди- кони хеш тановул мекунанд.

Пиронсолони Хуҷанд ривоят мекарданд, ки дидани тоҷи хурўс дар хоб мамлакат, боигарӣ аст. Дар ҷои дигар боз омадааст, ки дар хоб мурғу хурўс дидан фоли нек аст ва ғайра.

Баъзе аз суннатҳои қадима ҳамчунин, дар лаҳҷаи хуҷандиён ба чашм мерасад. Масалан, чанд даҳсола муқаддам дар гуфтугўйи мардуми Хуҷанд ибораҳоро шунидан мумкин буд, «Ў зери насҳ мондагӣ», ё худ «Ўро насҳ задагӣ». Вожаи «насҳ» шакли вайрони калимаи авастоии «насҳу» ба маънои дев, албастӣ, шайтон ва ғайра аст. Овардаанд, ки аз ҳамин калимаи авастоии «насҳу» луғати «наснос» ба миён омадааст. Дар луғати устод Айнӣ ка- лимаи наснос чунин маънидод шудааст: «НАСНОС - номи як махлуқи афсонавӣ, ки ўро девдом ҳам меноманд, гўё баъзе узви баданаш ба одам ва баъзеяш ба дев монандӣ доштааст ва бо як пой ҷаҳида роҳ мерафтааст. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба мазмуни «махлуқи афсонавӣ ба сурати нисфи одам, ки гўё як пою як дасту як чашм дошта бошад ва одами девси- рат, девмардум, бадҳайбатро гўянд», омадааст. Чунин қиёфаҳои бадҳайбат дар санъати тасвирӣ ва шуури демонологии суғдиёни асрҳои V-VII ҷой дошта, осори онҳо дар ҷараёни кобишҳои аxрхеологӣ ба даст омадаанд. Бино ба навиш- таи Н.Г.Маллитский дар сайлгоҳи шаҳр дар айёми иди Наврўз фурўшандагон дар қатори дигар бозиҳои кўдакона пайкарчаҳои кулолӣ мефурўхтанд, ки онҳо дар асоси сюжети афсонаҳои халқӣ сохта шуда буданд. Дар шаҳр инчунин, то солҳои наздик ривоятҳо доир ба Заврон - яке аз пайёмбарони оини зардуштия ҷой дошт. Ин қиссаи нодирро чанд сол муқаддам фарҳангшинос А.Девонқулов аз рўи нақли як мўйсафеди фарҳангии Хуҷанд шунида буд. Боз ҳамон Н.Г.Маллитский – нахустин муаллифи китоби дарсии «Ҷуғрофияи Тоҷикистон» меоварад, ки дар замонҳои кўҳна дар Хуҷанд ҷавонмардони хушқаду қомат дар айёми ҷашнҳо ва маросимҳои оилавӣ либосҳои зебо ба бар намуда, нақши паҳлавонони эрониёни бостониро иҷро мекарданд. Рукнҳои қадима ҳамчунин дар номгўи маҳалҳои аҳолинишин аз ҷумла, Найсувор, Бозори учор, Мушту парӣ, Куй, Хазонак, Ёва ва дигарҳо ифода ёфтаанд.

Чунон ки маълум аст, истилоҳи «Хуҷанд» дар Бундаҳишн низ дучор омадааст. Ин асар тахминан дар садаҳои VIII-IX таълиф ёфтааст.

Муаллифи ин асар доир ба Суғд маълумот оварда, ҳамчунин овардааст: «Падкости Суғд абаз о Хваҷанд- руд. Ка низ Хваҷанд руд».

Мутахассиси забонҳои Эрони Бо- стон Л.Г.Герсенберг ва Р.Додихудоев соли 1986 ба муносибати ҷашни 2500-солагии Хуҷанд шарҳи тозаи вожаи Хуҷандро пеш гузоштанд. Дар ин кор онҳо низ асосан ба маълумоти китоби Бундаҳишн такя доштанд. Бино ба ақидаи онҳо вожаи Хуҷанд аз калимаи мураккаби Хва-кантаи забони қадими эронӣ ба миён омада, мазмунаш Офтоб шаҳр ё худ Шаҳри офтобӣ гуфтан аст. Калимаи Хвар –хуршед ҳиссаи аввали истилоҳи Хуҷанд буда, он ҳамчун воҳиди асосии калимасозӣ хизмат намудааст. Ҳиссачаи дуюм ҷанд бошад намунаи бадалшудаи хиссачаи канд ё кантаи қадима аст, ки маънояш шаҳр гуфтан аст.

Фарҳанги қадими хуҷандиён боз дар суннати «ҷангилағатак» барҷаста намудор аст. Дар рисолаи паҳлавии «Анўшервон ва хизматгарони вай» чунин омадааст: «Дабири ҷавон аз оилаи ашроф- зодагони сосонӣ ба шоҳ Хусрави 1 (531-579) пеш аз он, ки ба хид- мати дарбори шоҳӣ пардозад, ба худи шоҳ аз кулли донишҳое, ки дар дабиристон дар давоми таҳсил бардоштааст, маълумот дода, аз байни наздик 20 анвои донишҳо «ҷанги лағатак»-ро низ номбар намудааст. Варзиши номбурда, дар қатори чавгонбозӣ, аз бозиҳои қадимӣ буда, он дар Хуҷанд то солҳои 30 асри ХХ ба чашм расидааст. Устод Раҳим Ҷалил ва ҳам устод, академик З.Ш.Раҷабов дар «Маъвои дил» ва ҳам Ёддошти хеш ёдрас намудаанд. Аз рўи навиштаи З.Ш.Раҷабов дар мусобиқае, ки дар байни ду қитъаи шаҳр дар хиёбони назди бозори Панҷшанбе, ки «Чорроҳаи мардон» ном дошт, баргузор мегардид, то ба 300 нафар иштирок мекарданд.

«Ҷанги лағатак» чун одат дар байни ду маҳаллаи шаҳр - Раззоқ ва Қалъаи нав доир мегашт. Ин варзиш то андозае пове- сти С.Улуғзода «Ривояти суғдӣ»-ро ба хотир меорад.

Аносири фарҳанги хуҷандиёни қадим инчунин дар русу- ми нишоллоҷанг, «ҳисоби ангушт», «ҳисоби мардӣ», пухтани баъзе аз хўрокаҳо ба мисли самбўсаи варақин, «забони гов» ва дигарҳо ба мушоҳида расидааст. Аз дахмакҳои Куркат 5-6 адад пайкарчаҳои мушти дасти инсон ёфт шудаанд, ки онҳо ба биринҷӣ рехта шудаанд. Ё худ боқимондаи парастиши хуршед дар байни хуҷандиён то рўзҳои мо расидааст. Ё худ дар шаби тўй дугонаҳо шона бар мўйҳои арўс зада, суруди «Ёр-ёр» мехонданд, зеро зулфи парешон шуои хуршед дониста мешуд. Ва ҳамчунин арўсро ба хонаи домод ҳатман савораи асб мебурданд. Сабаб дар ин аст, ки асб рамзи муқаддаси офтоб аст. То ҳол дар шаҳри Хуҷанд дар дарвозаҳои ҳавлиҳо ва остонаҳои манзилҳо наъли асп ба мушоҳида мерасад. Ҳамчунин тасвири Хуршед, Моҳ, дигар сайёрагон ва ахтарон дар осори санъати ороишӣ, аз ҷумлаи сўзанӣ, кандакории рўи чўб, гаҷ, мис, биринҷӣ, ҳунарҳои читгарӣ, кулолгарӣ, заргарӣ ва наққошӣ зиёд дучор меоянд.

Дар садаҳои V-VIII дар шаҳри Хуҷанд камаш се оташкада фаъолият доштанд. Осори яке аз онҳо дар номи «Моҳрўй» дар маҳаллаи собиқ Хоҷаи Моҳрўи шаҳрамон маҳфуз мондааст. Оташкадаи дигар солҳои 1967-1968 дар деҳаи Оқтеппаи ноҳияи Спитамен ҳафриёт гардид. Оташкадаи номбурда аз рўи тарҳи маъмули меъмории «Чаҳортоқ» бино ёфтааст. Дар деҳаи номбурда, ки исми аслии он то рўзҳои мо омада нарасидааст, дар он вақт чанд меҳмонхона – корвонсаройҳо дар хидмат буданд. Аз осори он давру замон то ба рўзҳои мо силсилаи чашмаҳо омада расидаанд, ки онҳо дар паҳлўи роҳи корвонгузар, дар самти ши- молии оташкада ҷой дошта ва он солҳо дар ҳамаи онҳо муши обӣ парвариш карда мешуд.

Воқеан дар гузашта мазори Хўҷаи Моҳрў дар сари роҳи калон, ки он дар самти шарқ аз хиёбони собиқ Чорроҳаи мардони бозори Панҷшанбе оғоз ёфта ақз маҳаллаи Чуғунчуқон, Пулар- киш, Ҳавзи баланд, Хоҷаи Моҳрў, мазори Бузирак Ато, мадра- саи Хиштин, собиқ бозори кўҳнаи Чоршанбе, мазори Туғбобохон гузашта, ниҳоят дар самти ғарбии шаҳрамон дар маҳаллаи Сари санг хотима меёфт, қарор дошт. Маҳаллаи номбурда дорои қабристони калон буд, ки роҳ онро ба ду қисм – шарқию ғарбӣ ҷудо менамуд. Мазори Хоҷаи Моҳрў аз самти шарқии роҳ қарор дошт. Аз рўи маълумотҳои бойгонӣ он соли 1075 бино ёфтааст.

Унвони мазор «Моҳрў» хеле ҷолиб аст. Дар Хуҷанди қадим, чун одат, «моҳрў», «хубрў» гуфта марду зани хушсуратро мено- миданд. Аз рўи маъхазҳои таърихӣ истилоҳи «моҳрў» дар як вақт бо оини зардуштӣ ва оташкадаҳои қадима иртиботи наздик дорад. Бино ба навиштаи «Фарҳанги Муъин» ва ҳам «Фарҳанги паҳлавӣ» истилоҳи «моҳрўй» дар айни замон исми банди чўбчаҳои муқаддаси «барсум» аст, ки онро аз рўи русуму суннати диндорони зардуштӣ аз навдаи дарахтони анор, биҳӣ, булут ва дигар дарахтони муқаддас дар ҳаҷми як ваҷаби даст бурида, ба сифати сўзишворӣ барои нигаҳ доштани оташи муқаддас истифода мебурданд.

Манзараи суннати овардани барсум ба оташкада дар чанд ёдгорӣ инъикос шудааст. Бозёфтҳои бостонӣ башорат медиҳанд, ки тимсоли рамзии барсум аз тилло, нуқра, биринҷ ва мис низ ба шакли тори занҷир омода карда, онро дар сандуқҳои дар шакли моҳи пурра, яъне бадр сохта нигоҳ медоштанд. Дар ҷараёни ҳафриёти дахмакҳои сершумори Ширин дар деҳи Куркат, нигине дарёфт гардид, ки дар рўи он оташ тасвир шуда, он ба роҳиби оташкада тааллуқ дошт. Аз дахмакҳо ҳамчунин занҷиракҳои мисӣ, ки ҳар кадоме 2-3 мм паҳно дошт дарёфт гардид, ки онҳо низ дар маросими зардуштиён корбаст мегардиданд.

Бо исми Моҳрўй, мо ҳамчунин, ба муносибати ба тахти шоҳӣ нишастани писари шоҳи Сосонӣ Нарсай Хурмуз (302-309) рў ба рў меоем, ки дар таърих инчунин бо номи Шопури Зулак- тоф низ маъруф аст. Аз рўи навиштаи муаллифи «Форснома» Ибн-ал-Балхӣ, Нарси – падари Шопури Зулактоф, ҳеч фарзанде надошт. Дар вақти вафоти ў як зан аз ҷумлаи занони ў обистан буд. Бино бар ин лашкар ва раият ба иттифоқ омаданд ва тоҷ болои шиками он зан ниҳоданду фармонбардори ў гаштанд. Шопури Зулак- тоф пас аз чиҳил рўзи вафоти падараш ба дунё меояд. Бино ба ривоёт, ки онҳо дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, дар «Форснома» ва дигар адабиёти ривоятӣ омадаанд, то ба камол расидани Шопури Зулактоф идора кардани мамлакат ба ихтиёри мўъбади мўъбадон Моҳрўй ном марди фозилу дурандеш вогузор мегардад.

Фирдавсии бузургвор чунин овардааст:

Яке мўъбаде буд Маҳрўй ном,

Хирадманду шоиставу шодком.

Деворнигораҳои Панҷакенти қадим, ки аз вайронаи ду оташкадаи ин шаҳри қадима дарёфт шудаанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар давраи Сосониён ва Суғди қадим мўъбади мўъбадон пас аз шоҳи мамлакат мақоми дуюмро дар давлатдорӣ ишғол менамуд.

Дар садаҳои V-VIII, ба муносибати ба мақоми давлатӣ бардоштани оини зардуштия дар Суғд, Фарғона ва Шоҳроҳи абрешим ҳам чунин ҳавлиҳо, меҳмонхонаҳо аз ҷумла, испанчу сипанчҳои сари роҳ даҳҳо оташкадаҳои зардуштӣ ба фаъолият пардохтанд, ки осори онҳо аз харобаи Ширин, Каробулоқи болооби рўди Такоб, Оқтеппа, Табошар ва аз дигар маҳалҳои атро- фи шаҳри Хуҷанд дарёфт шудаанд. Дар айёми қадим, то ҷойе ки мо огаҳӣ дорем, оташкадаҳо вобаста ба мансубияти табақаи ҷамъиятӣ таъсис мешуданд. Ва чуноне ки дар боло гуфтем, дар Хуҷанди асрҳои V-VIII мебоист то се оташкада фаъолият менамуд. Аз эҳтимол яке аз онҳо ҳамон оташкадаи маҳаллаи Моҳрўй аст, ки исми он то рўзҳои мо омада расидааст.

Маҳаллаи Найсувор воқеъ дар самти ҷанубии Хуҷанд, наздики 1 км ҷанубии собиқ дарвозаи Чорчироқи шаҳрамон аз ҷумлаи маконҳое аст, ки бо русуми қадимаи хуҷандиён алоқамандии зич дорад. Онро маҳаллаи Наддофофон низ мегўянд. Дар иб- тидои асри ХХ дар Найсувор ҳамагӣ 20 хоҷагӣ фаъолият дошт. В.Бушков оварда, ки маҳаллаи Найсуворро солҳои 1925- 1926 як гурўҳи хурди ўзбекҳои кўчӣ таъсис додаанд. Мутобиқи маълумотҳои омории соли 1926 дар Найсувор 35 хоҷагӣ бо шумораи умумии 150 нафар сокинон иқомат доштанд. Пас аз соли 1894 дар асоси фармони Генерал-губернатори Туркистон Кауфман аз дохили шаҳр берун баровардани қабристонҳо, дар ин маҳал қабристони Найсувор ба фаъолият пардохт, ки то рўзҳои мо омада расидааст. Аммо дар Хуҷанду Самарқанду Бухоро ва дигар маҳалҳои тоҷикнишин «Найсувор» гуфта, умуман як бозии бачагонро гўянд, ки писарбачаҳои 5-7-сола, аввали баҳорон дар айёми сабз гаштани бед ва расидани маъракаи ба ном «бедзанӣ» аз навдаҳои борики бед «аспакча» соз намуда, ба бозӣ медаро- маданд. Ба онҳо пойга мегирифтанд. Дар «аспакча»-и аз навдаи сабзи бед омодашуда ҳамаи ҷузъиёти аспи ҳақиқӣ ба намоиш ме- расид. Ҷавонони чирадаст аз пўстолоқи ҳамон бед тасвири рам- зии сари аспро сохта ва сипас ба андозаи қади хеш ба он ресмо- неро баста, ба гардани худ овеза менамуданд. «Савор»-и асб бо дасти чап аз «сари» асп дошта, бо дасти рост, бо ёрии химча, ки он низ аз ҳамон навдаи бед буд, аспронӣ менамуд.

Найсаворӣ ё худ аспакчабозӣ шуғли мавсимӣ буда, он ҳамагӣ 1-2 ҳафта давом мекарду бас. Ин бозии бачагони Хуҷанд то андозае низ бо ситоиши асб низ алоқаи ногусастанӣ дошт.

Истилоҳи «Найсувор» бо номи шаҳри Нишопур ҳамсадо буда, дар «Ғиёс-ул-луғот» дар шакли Найсабур ва ҳам Найшопур омадааст. Як маҳалли дигари ҷуғрофӣ, ки он бо номи «Нақорахона» маъруф мебошад, дар канори ҷанубии шаҳри Хуҷанд, дар паҳлўи шарқии деҳи маъруфи Ғозиён ҷойгир аст. Дар ин маҳал, аниқтараш дар саргаҳи наҳри Чорсў осиёбе ҷой дошт, ки бо номи Нақорахона маъруф буда, онро Каримбойи осиёбон ном одам, сокини маҳаллаи Чуқураки гузари Кўпруки Баланди шаҳрамон идора менамуд.

Дар осори хаттии асрҳои Х-ХV «Нағорахона» гуфта маҳалла ё худ истгоҳи дастаи мутрибони ҳарбиро мегуфтанд, ки эшон дар соатҳои муайян бо ишораи яке аз дарбориён ба шарафи меҳмон, султон ё худ шоҳи мамлакат нақора мезаданд. Дар Ғазнин, масалан, чунонки муаллифи рисолаи «Таърихи Байҳақӣ» меоварад, Султон Маҳмуди Ғазнавӣ дар хиёбони назди қасри султон сари ҳарчанд вақт намоиши омодабошии аскарони хешро мегузаронид ва нақорачиён бо задани нақора аз он мужда мерасониданд. Дар ҳамин маъхаз ин асбоби мусиқи «Навба» ном гирифтааст. Навба намуди даф буда ва он ба гурўҳи асбобҳои мусиқии зарбӣ дохил мешуд. Чунончи, ба шарафи ҳозир шудани султони мамла- кат 5 навбат навба мезаданд, барои вазир 3 навба, барои ҳокими вилоят 2 навба ва ҳоказо.

Дар муҳити оини зардуштия «Нақорахона» дар ситоиши оташ ва дар маросими видоъ бо мурда корбаст мегардид. Масалан, дар ҷануби ғарбии шаҳри Фирузободи Эрон чортоқи бузурге аз оташкадаҳои сосонӣ фаъолият дошта ва он ҳам Нақорахона ном дошт. Як нақорахонаи дигар дар асрҳои Х-ХI дар Бақияи Бибишаҳри вилояти Рай фаъолият намуда ва он ҳам дар маҳалли дахмаи зардуштиёни шаҳр воқеъ гашта буд. Овардаанд, ки як нақорахонаи дигар дар Шимоли Афғонистон, дар атрофи шаҳри Мазори Шариф ҷойгир буд.

Эҳтимол меравад, ки на ҳар як сокини шаҳри Хуҷанди қадим метавонист мурдаи пайвандашро ба ароба бор намуда, то дахмаи Ширин бирасонад. Аз Хуҷанд то маҳалли Нақорахона ҳамагӣ 8-10 км роҳ аст. Ба ин сабаб аз маҳалли собиқ Нақорахона ҷустани осори дафнгоҳи хуҷандиён ба маврид аст.

Ҳамчунин дар боби Вандидоди Авасто бо ҳиссачаи калимаи «ева» ё худ «ёва» дучор меоем. Маълум гашт, ки дар забонҳои ҳиндуэронии бостон «ёва» гуфта, майдони кишти гандумро мегуфтаанд. Чунон, ки маълум аст, дар маҳалли деҳаи қадимии Ёва сатҳи сойи Такоб ба амсоли рўи кафи даст мешавад. Аз ин сабаб деҳқонони қадимаи ин ҷой оби рўдро бидуни ягон заҳмат ба гандумзори хеш равон менамуданд. Осори қадимаи асотири хуҷандиёнро инчунин дар боқимондаҳои одати «Говпарастӣ» низ мушоҳида кардан мумкин аст. Чунонки борҳо ишора гардид, дар гуфтугўйи хуҷандиён баъзан калимаи «хинг» исми қадимаи асп, «аҳман даҳман» - номи моҳи 11-уми тақвими баҳманмоҳи тақвими Эрони Бостон дучор мешавад.

Дар мулки Хуҷанд инчунин номҳои маҳалҳои қадимӣ – топонимҳо, ба амсоли Вағкат, Динвағкат, Бугункат, Фарак, Фаркат, Хушикат, Хукант, Хаватак, Хизтеварз, Шутуркат ва дигарҳо дучор меоянд, ки онҳо ба мо аз забони қадимаии ҳиндуэронӣ мерос мондаанд. Ин суннат инчунин дар номгўи ашхос ба амсоли Фарангис, Фарзона, Фарҳод, Фархунда ва дигарон, ки кулли онҳо аз номи «Фар»-и каёнӣ реша гирифтаанд, маҳфузанд. Инчунин ба мушоҳида расидааст, ки номи як силсила шаҳру шаҳракҳои қадимаи кишвар номи шоҳон ва қаҳрамонҳои қадимаро дорад. Чунончи дар боло ёдрас гардид, дар Хуҷанд то рўзҳои мо ду маҳалли шаҳрамон бо номи Каюмарс ва Ҷамшед ёд мешавад.

Дар як порчаи маҳфузмондаи «Таърихи Хуҷанд» зикр шудааст, ки шаҳри Хуҷандро Каюмарс бино намуд. Хуб, Каюмарс кист? Бино бар ривоятҳои маҳаллӣ ў чаро маҳз дар маҳалли Истаки собиқ деҳи Пулчуқур қарор дорад. Дар маъхазҳои қадима ду тар- зи навишти ин ном ҷой дорад. Яке Каюмарс, дигаре Гаюмарс. Бино ба навиштаи Фирдавсӣ, муаллифи рисолаи «Форснома» ва дигарон Каюмарс аввалин касе аз одамиён буда, ки подшоҳи ҷаҳон шуда ва расму оини подшоҳи ва фармондеҳӣ ба ҷаҳон овардааст Гаюмарс бошад, муаккали гов ва дигар чорвои хонагӣ будааст.

Мазори Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ дар маҳалли роҳи душохаи маркази деҳи Ёва ҷойгир шудааст. Ин маҳал дар солҳои 50-60-уми асри ХХ ҷойи хеле ноободи деҳа маҳсуб мешуд. Вале дар солҳои Истиқлол, бо дастгирии собиқ раиси вилояти Суғд Қ.Р.Қосимов ин маҳал, ки дар наздикии дарвозаи шаҳри Хуҷанд низ қарор дорад, рў ба ободӣ ниҳода, мазори Бурх аз нав эҳё гардид. Чунин мазор ва бо чунин ном дар деҳи кўҳии Тавилдараи Дарвоз ва дар дигар маҳалҳои қадимаи Осиёи Марказӣ низ мавҷуд аст ва замоне он қурбонгоҳи чорводори кишвар буд. Соли 1987 чунин як қурбонгоҳ аз паҳлўи Чашмаи моҳии деҳкадаи Чоркўҳ низ дарёфт гардид, ки дар таҳқиқи амиқи ин бозёфт академик Н.Неъматов, адабиётшинос ва таърихшинос Саидумар Султон, А.Мирбобоев ва ихтисосмандони дигар ширкат доштанд.

Мардумшиноси шинохта, профессор Н.Кисляков ҳанўз соли 1950 мазори Бурхи Тавилдараро ба риштаи таҳқиқ дароварда, онро маҳалли парастишгоҳ ва қурбонгоҳи аҳолии деҳи кўҳна дониста буд.

Ба ин сабаб бо эътимоди комил метавон гуфт, ки мазори Бурхи Сармасти Валӣ, воқеъ дар деҳи Ёва низ бо одати парастиши чорвои майдаи шохдор алоқамандии наздик дошта, онро ба асрҳои I-VII милодӣ нисбат додан мумкин аст.

Ин ва дигар маводи мавҷуда аз он башорат медиҳанд, ки шаҳри Хуҷанд ва деҳкадаҳо – шаҳракҳои он, дар қадим ҷузъи муҳими олами ҳиндуэронӣ ба шумор мерафтанд.

Абдуллоҷон Мирбобоев,

Набиҷон Раҳимов

Председатель города

Заместители Председателя

Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Рахматзода А.А. Рахматзода А.А. Заместитель председателя городаРахматзода Аюбджон Алиджон родился 7 августа 1974 года в городе Худжанде. По национальности таджик, имеет выс...
Фируза Нуруллозода Фируза Нуруллозода Заместитель председателя города Фируза Нуруллозода родилась 9 февраля 1983 года в городе Худжанде. В 2004 году окончила ХГУ имени академика...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Алимов У. С. Алимов У. С. Алимов Усмон Собирджонович. Родился 20 мая 1958 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1979 году окон...
Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Миркамолов М.Н. Миркамолов М.Н. Миркамолов Мухсин Насруллоевич родился 10 ноября 1959 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 1980 окончил Таджикский Государств...
Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Мухаммадзода М.М. Мухаммадзода М.М. Мухаммадзода Муъмин Мухаммад. Родился 15 июня 1958 года в городе Худжанде. В 1981 году окончил Политехнический Институт Таджикистана по спец...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Самадов Сухробджон Абдусамадович Самадов Сухробджон Абдусамадович Самадов Сухробджон Абдусамадович родился 29 декабря 1976 года в городе Худжанде. По национальности таджик, имеет высшее образование. В 1998 ...
Собитова М.А. Собитова М.А. Собитова Мунзифа Ахматовна родилась 14 сентября 1960 года в городе Худжанде. По национальности таджичка, имеет высшее образование, в 1982 го...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Рахимхуджаев М. А. Рахимхуджаев М. А. Рахимхуджаев Музаффар Анварович родился 8 августа 1982 года в городе Худжанде. По национальности таджик. Имеет высшее образование. В 2003 го...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Недоступен ни однин перевод.Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи да...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Согласно решению председателя города Худжанда Маъруфа Мухаммадзода от 30 июля текущего года Мухбира Дониёрова назначена заведующим отделом З...
Солизода Рахим Солизода Рахим Солизода Рахим Рашиди решением Председателя города Худжанда с июля 2017 году назначен заведующим сектором транспорта и связи. Солизода Рахи...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Недоступен ни однин перевод.Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз...

Посетители

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1389
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта4049
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта20047
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта21426
mod_vvisit_counterҲамин моҳ50287
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта89602
mod_vvisit_counterҲамагӣ2360505