(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди оғози лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Восеъ-Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт” бо фаъолону сокинони ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалики вилояти Хатлон мулоқоти самимӣ доир карданд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки имрӯзҳо дар саросари мамлакат даҳҳо иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ифтитоҳ гардида истодаанд, ки натиҷаи талошҳои Ҳукумати кишвар, сохтору мақомоти марказӣ ва маҳаллии давлатӣ, заҳмати соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони кишвар ба хотири ободониву бунёдкории Ватани маҳбубамон ва дастовези арзанда ба ҷашни истиқлоли Тоҷикистон мебошанд.

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, то имрӯз дар мамлакат беш аз 2800 километр роҳҳои мошингард, 5 нақби нақлиётӣ ва 405 пули мошингузар бунёд ва таҷдиду азнавсозӣ гардидаанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон айни ҳол 6 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 3 миллиард сомонӣ барои таҷдиду азнавсозии 316 километр роҳ ва 25 пул мавриди татбиқ қарор дорад.

Барои таҷдиди роҳи мошингарди Восеъ — Ҳулбук — Темурмалик — деҳоти Кангурт, ки имрӯз оғоз гардид, зиёда аз 200 миллион сомонӣ равона мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки татбиқи лоиҳа имкон медиҳад, ки барои аҳолии ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик ҷиҳати рафтуомад ба дигар манотиқи кишвар, баромадан ба роҳҳои байналмилалӣ, интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои дигар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Бохтар бо хароҷоти камтарини ҳамлу нақл имконияти мусоид фароҳам оварда шавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияҳоеро, ки роҳи мазкур аз ҳудуди онҳо мегузарад, вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо сармоягузорон ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати бунёди иншооти инфрасохтории зарурӣ барои ҷалби сайёҳон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ чораҷӯӣ намоянд.

Бо мақсади омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Восеъ сохтмону азнавсозии зиёда аз 230 иншоот ва дар ноҳияи Темурмалик 270 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки сари вақт амалӣ гардидани чорабиниҳои зикршуда ба татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки бо татбиқи лоиҳаҳои зикршуда, аз ҷумла бунёди роҳи Восеъ — Ҳулбук — Темурмалик — деҳоти Кангурт, инчунин, бо иҷрои нақшаи корҳои ободонӣ дар ду — се соли наздик ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик хеле ободу зебо шуда, шароити зиндагии сокинони он бамаротиб беҳтар мегардад.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи сокинони ноҳияи Восеъ собиқадори меҳнат Одинамаҳмад Исоев ва донишҷу Мафтуна Сиярзода барои ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат бо изҳори сипосу миннатдорӣ  баромад карданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...