(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар саҳни театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ба муносибати 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода дода шудани агрегати дуюми чархаи НБО “Роғун» чорабинии тантанавӣ ва барномаи рангини консертӣ бо ҳузури беш аз 30 ҳазор нафар баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода сокинон ва меҳмонони шаҳрро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода дода шудани агрегати дуюми чархаи НБО “Роғун» таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки имрӯз дар сарнавишти Тоҷикистони азизамон боз як саҳифаи нави таърихие кушода шуд.

Субҳи имрўз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба истифода дода шуд, ки ин рўйдоди муҳим дар таърихи Ватани азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид. Роғун таҷҷасумгари рамзи ормонҳои бузургу орзуҳои наҷиби халқи тоҷик аст. Аз ин рў, бахшида ба кор оғоз намудани “Агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии Роғун ва ба ифтихори 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз бо иштироки ҳазорҳо нафар сокинони шаҳр, кормандони касбу кори гуногун, муҳассилини донишкадаву донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи касбӣ роҳпаймоӣ карда шуда, хушнудӣ ва пуштибонии худро аз сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баён намуданд.

Сипас, аз ҷониби муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ироа гардид, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Истиқлолият нишони ҳувият, таҳкими давлатдорӣ, бузургтарин неъмат ва бошукӯҳтарин ҷашни миллат, сарчашмаи ифтихори ҳар шаҳрванд, заминасози рушду такомул ва пойдевори қавии ваҳдату ягонагӣ мебошад. Маҳз тавассути соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон мо дар таҳкими давлату давлатдории хеш заминаҳои боэътимод гузошта, роҳи барпо кардани ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтем. Боиси таъкид аст, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашаванда ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи сиёсати муваффақонаи хориҷии худ бо аксари кишварҳои олам робитаҳои дипломатиро ба роҳ монд, ки ин равобит ба манфиати мардуми мамлакат самараҳои нек ба бор овард”.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода НБО “Роғун”-ро ҳамчун иншооти бузурги аср шарҳ дода, аз ҷумла таъкид дошт, ки ин кохи нур ба дилу дидаи мардуми тоҷик ва ҳатто берун аз марзу буми кишвари азизамон ҷой гирифтааст. Имрўз миллати тоҷик Кохи нуру маърифати хешро бо қувваи дасти хеш ва бозуву ақлу хиради худ бино карда истодаанд, ки пиру барно ин рўйдоди муҳимми таърихиро бо шукргузорӣ аз ободиву озодии Ватани маҳбубамон таҷлил намуда истодаанд. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ иброз намуданд, “Ба кор андохта шудани Агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии Роғун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар соли ҷорӣ буда, боз як қадами устувор барои расидан дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ ” мебошад.

Маъруф Муҳаммадзода зикр дошт, ки 16 ноябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Агрегати якуми Неругоҳи барқи обии Роғунро ба кор дароварда, ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар такони ҷиддӣ хоҳад дод, оғоз бахшида буданд.

Баъди ба истифода додани агрегати якуми кохи нур вақти зиёде нагузашта, аллакай, то имрўз дар неругоҳ 570 миллион киловатт-соат барқ истеҳсол гардида, ба низоми энергетикии кишвар интиқол дода шудааст, ки ба рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум нақши бисёр муҳим дорад.

Таъкид гардид, ки имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалигардонии чаҳор ҳадафи стратегии миллӣ, яъне “Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ”, “Таъмини амнияти озуқаворӣ” ва “Саноатикунонии кишвар” қадамҳои устувор гузошта истода, он рўз дур нест, ки ба ҳамаи ин ҳадафҳо сарбаландона хоҳем расид. Дар давоми солҳои соҳиб-истиқлолӣ бо мақсади татбиқи нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва амалӣ кардани мақсадҳои неку дурбинонаи Пешвои муаззами миллат дар самти таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як сокини кишвар, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, дар кишвари азизамон садҳо иншоотҳои гуногуни энергетикӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода қайд намуд, ки ҳамаи он дастовардҳое, ки дар тўли 28-соли Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон ба мо муяссар гардид, албатта аз заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии халқи азизамон аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат мебошад.

Изҳори боварӣ ва эътимод карда шуд, ки мо дар ҳамдастию шукргузорӣ аз соҳиб-истиқлолии Ватани маҳбубамон ҳамаи имкону тавонмандиамонро минбаъд низ ба кор бурда, ҷиҳати иҷрои пурраи ҳадафҳои ба нақша гирифташуда ва сазовор таҷлил намудани ҷашни пуршукўҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоем, зеро қудрати мо дар ҳамдигарфаҳмӣ, дўстӣ, бародарӣ ва Ваҳдат аст.

Сипас, аз ҷониби ҶДММ “Авесто гуруҳ” барномаи рангини консертӣ бо иштироки сарояндагони маҳбуб: Ҷамшед Исмоилов, Ҳасан Камол, Рустам Азимӣ, Нозими Юсуфзод, Дилрабо Қурбонова, Дамирбек Олимов, Ғуломчон Мирдадоев, Субҳиддин Раҷабзод, Домуллоҷон Юсупов, Олимҷон Маҳмудов, Манучеҳри Камол ва дигарон манзур карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...