(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Аз давраҳои қадим шаҳру деҳоти Тоҷикистон бо ҳунарҳои миллӣ ва ҳунармандонаш шўҳрат дошт. Деворнигораву ёдгориҳои санъати амалии Варахша, Панҷакенти қадим, Шаҳристон, Тупроққалъа ва ғайраҳо аз дараҷаи баланди санъати амалии ниёгонамон маълумот медиҳанд. Аз қадим шаҳрҳои Тоҷикистони Шимолӣ, аз ҷумла, шаҳри қадимаи Хуҷанд ҳамчун маркази ҳунарҳои мухталиф эътироф гардида буданд.

Аз давраҳои қадим шаҳри Хуҷанд дар радифи Саразму Варахша, Панҷакенти қадим, Бунҷикати Шаҳристон, Уструшана, Ҳулбук ва ғайраҳо бо санъати амалӣ, ҳунарҳои миллӣ ва ҳунармандонаш шўҳрат дошт. Хуҷанд ҳамчун маркази ҳунарҳои мухталиф эътироф гардида буд.

Ҳунарҳо бо ҳаёти анъанавӣ ва урфу одатҳои мардумӣ робитаи зич доштанд. Ҳунармандони моҳир усулҳои бадеиву техникӣ, наққошиҳо, анъанаҳои касбӣ, нозукиҳои ҳунарро ба вуҷуд оварда, онҳоро ҳифз намуда ба шогирдон ва наслҳои оянда интиқол медоданд.

Дастони моҳиру чобуки ҳунармандон дар давоми қарнҳои зиёд матоъҳо, зарфҳо, асбобҳои мусиқӣ, қолинҳо, сўзаниҳо, маснуоти заргарӣ ва дигар намудҳо маҳсулоти ҳунармандиро тайёр мекарданд. Ҳунарҳои қадимаи ниёгонамон, хушбахтона, тавассути сулолаҳои ҳунармандон аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидааст. Аммо бархе аз ҳунарҳо бебозгашт аз байн рафтаанд.

Тоҷиконе, ки дар водиҳо, махсусан дар шаҳрҳо сукунат доштанд, ҳунармандиро касби асосии хеш қарор дода, дар ташаккули шаҳрҳо нақши муҳим бозиданд. Тибқи маълумоти муаррихон, шарқшиносони маъруф А. А. Семёнов, О.А. Сухарева, Н.О. Турсунов ва дигарон дар охири асри ХIХ барои мақоми шаҳрро гирифтани маҳалли аҳолинишин мавҷудияти зиёда аз 32 намуди ҳунарҳои мустақили мухталиф зарур буд. Дар гузашта намояндагони (ҳунармандони) ҳар як намуди ҳунарҳо одатан дар маҳаллаҳои алоҳида сукунат доштанд. Дар бозорҳо низ раста (дўконҳо)-и алоҳидаи ҳунармандон мавҷуд буда, дар онҳо нафақат маҳсулот ба фурўш гузошта мешуд, балки истеҳсоли он низ ба роҳ монда шуда буд. Маҳсулоти ҳунармандони шаҳрҳо ҳам эҳтиёҷоти аҳолии шаҳру мардуми воҳаро ва ҳам эҳтиёҷоти бодиянишинон-чорводорони атрофро таъмин мекард. Аҳолии шаҳрҳо бо бодиянишинон робитаи мутақобилан судманди тиҷоратиро ба роҳ мемонданд.

Дар Тоҷикистони Шимолӣ яке аз марказҳои муҳими ҳунармандӣ шаҳри Хуҷанд маҳсуб меёфт. Тибқи маълумоти олими рус Мир Солех Бекчурин соли 1866 ҳунарҳо дар шакли истеҳсолоти хонагӣ қарор дошт. Аксарияти хоҷагиҳои оилавии хуҷандиён бо бофандагӣ машғул буданд. Зиёда аз 100 хонавода бо ин намуди ҳунар машғул буданд. Бо ҳунарҳои чармгарӣ, кулолгарӣ ва равғанбарорӣ (ҷувозкашӣ) -50 хонавода,бо ҳунарҳои коркарди фулузот (оҳангарӣ, мисгарӣ, рехтагарӣ ва ғ.), чўбтарошиву аробасозӣ -50 хонавода машғул буданд. Сарчашмаҳои хаттии ибтидои асри ХХ Хуҷандро ба сифати «шаҳри тиҷоративу ҳунармандӣ» муаррифӣ намудаанд. Яке аз аввалин сарварони Уезди Хуҷанд полковник А.А. Кушакевич дар бораи фаъолият намудани 1141 дуконҳои ҳунармандӣ дар Хуҷанд маълумот медиҳад. Ин нуктаро соли 1910 А.П.Шишов низ таъкид мекунад. Аз рўи маълумоти омории соли 1914 дар шаҳри Хуҷанд 42 ҳазор аҳолӣ истиқомат менамуд, ки аз онҳо 18 ҳазор нафар, ё ки 40% бо 108 намуди ҳунарҳо машғул буданд.

Тадқиқотҳои таърихшиноси номвар, этнолог Н.О. Турсунов собит мекунанд, ки дар Хуҷанд дар охири асри ХIХ- ибтидои асри ХХ ҳунарҳои: коркарди нахи пахтаву шоҳӣ (ресандагӣ ва бофандагӣ), коркарди фулузот, даббоғӣ ва пойафзолдўзӣ, чўбтарошӣ ва сохтмон, тайёр кардани либос, истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ, кулолгарӣ, сохтани воситаҳои нақлиёт ва ғайра рушд намуда буданд.

Дар байни тоҷикон маъмултарин ва бонуфузтарин ҳунарҳои бадеӣ бофандагӣ, коркарди фулузот (оҳангарӣ), кулолгарӣ маҳсуб меёфт. Ин намуди ҳунарҳо хусусияти меросӣ- оилавӣ доштанд. Қоидаҳо, сиру асрор, усулҳо ва нозукиҳои ҳунар аз устод ба шогирд, аксаран ба писари калонии ҳунарманд омўзонида мешуданд. То солҳои 20 –уми қарни гузашта дар минтақаи Осиёи Миёна бо бофандагӣ мардҳо ва бо дўзандагӣ занҳо машғул буданд. Маснуоти кулолгариро бо меҳнати дастӣ занҳо ва тавассути чархи кулолӣ мардҳо тайёр мекарданд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба рушди ҳунарҳои бадеӣ дар сатҳи давлатӣ эътибор дода мешавад. Зеро бо ин роҳ фарҳанги миллиамон ҳифз мегардад. Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» (аз 1 августи соли 2003, №43), қабул гаштани Барномаи рушди ҳунарҳои баде- ии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 (аз 31 октябри соли 2008, № 513) такони ҷиддӣ дар ин самт мебошад. Ҳунармандони тоҷик аз соли 2003 инҷониб ҳамасола ду маротиба дар ярмаркаи ҳунармандон, ки дар Душанбе баргузор мегардад, ширкат меварзанд. Ярмаркаи мазкур бо ташаббуси созмонҳои байналхалқӣ ва Маркази фарҳангии «Бохтар» баргузор мегардад.

Имрўзҳо дар вилоятамон санъати амалии ороишӣ дар ду самт ҷараён дорад:

1. Ҳунарҳои бадеӣ (Дар Хуҷанд зардўзиву адрасбофӣ)

2. Санъати ороишоти халқӣ (Маҳсулотҳое, ки ҳунармандон мустақилона истеҳсол менамоянд).

Санъати амалии мардумӣ аз давраҳои қадим ташаккул ёфта, ҳамчун ҳунарҳои халқӣ инкишоф ёфтааст ва аҳамияти худро то имрўз аз даст надодааст.

Пайваста дар ҳар гўшаву канори вилоятамон баҳри эҳёи ҳунарҳои миллӣ тадбирҳо андешида мешаванд. Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ, махсусан қолинбофӣ, тавваҷўҳи махсус зоҳир менамояд. Бо мақсади омўзонидани 120 қолинбофон аз ҳисоби занон ба вилоят се нафар мутахассисони эронӣ - Эзадӣ Илоҳа Абдулсамад, Ранҷбар Аъзам ва Марзияи Ҳайдар даъват карда шуданд. Онҳо мутахассисони варзидаи соҳаи қолинбофӣ дар остони Форс мебошанд ва тўли як сол дар вилоятамон фаъолият мебурданд.

Дар асоси супориши роҳбарияти вилоят соли 2014 дар вилояти Суғд барои барқароркунии ҳунарҳои миллӣ мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатӣ 30 грант дар ҳаҷми умумии 200 ҳазор сомонӣ таъсис дода мешаванд. Ҳадаф аз ҷудо гардидани грантҳои мазкур дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастӣ, ба мисли қолинбофӣ, сўзанидўзӣ, ҳамчунин таъмини занон ва духтарон бо ҷойҳои корӣ мебошад.

28 феврали соли 2014 бо ташаббуси раиси шаҳри Хуҷанд грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сўзанидўзӣ ва адрасбофӣ таъсис дода шуданд. Маблағи умумии грантҳо 55 ҳазор сомонӣ буда, 5 грант ҳар яке 5000 сомонӣ барои рушди ҳунари дастии қолинбофӣ, 5 грант ҳар яке 3000 сомонӣ, барои рушди ҳунари сўзанидўзӣ ва 5 грант ҳар яке 3000 сомонӣ, барои рушди ҳунари адрасбофӣ таъсис ёфт. Дар роҳи эҳёи ҳунарҳои бадеии миллии тоҷикон дар ви- лояти Суғд чанд сол инҷониб баргузор гаштани Озмуни «Атлас» нақши муҳим мебозад. Ҳадаф аз баргузор намудани озмун тарғиби анъанаҳои миллии либосдўзиву фарҳанги либоспўшӣ ва эътирофи саҳми занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад.

Пўшида нест, ки ҳунарҳои суннатии миллӣ на танҳо мероси таърихиву бадеӣ, балки қисми муҳими фарҳанги маънавии замони муосир маҳсуб меёбад. Новобаста аз он, ки имрўзҳо фарҳанги анъанавӣ дар мадди назари ҷомеаи навини Тоҷикистон, сиёсати фарҳангии давлати ҷавони соҳибистиқлоламон қарор дорад, мо қадамҳои аввалинро баҳри дарки ин таҷрибаи пурғановат гузошта истодаем. Ҳамзамон тадбирҳои муҳим дар самти шинохти фарҳанги миллӣ ва дарки решаҳои он андешида истодаем. Ин имконият медиҳад, ки фарҳанги миллиамонро бо фарҳанги дигар халқиятҳо муқоиса намоем ва бо ин роҳ мансубияти этникии халқамонро дар соҳаи анъанаҳои фарҳангӣ дарк намоем. Омўхтан ва эҳё намудани ҳунарҳои бадеӣ имконият медиҳанд муайян намоем, ки то кадом андоза онҳо ба ҳаёти имрўзаи мо ворид шудаанд, бо табиати маҳал, тарзи зисти мардум, ривоятҳо, рас- му оин, урфу одат ва ҷашнҳо чӣ робитае доранд.

Ҷӯрабек Исомаддинов

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...