(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ҳамшаҳриёни азиз!

Фарорасии Иди саиди Қурбонро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба ҳамаи Шумо ҳамдиёрони арҷманд муборакбод намуда, ба хонадонатон осоишу ободӣ, саодати рўзгор, имону ибодати комил ва тани сиҳату хотири ҷамъ орзу менамоям.

Боиси сарфарозист, ки мардуми Хуҷанди бостонӣ мисли дигар шаҳру навоҳии кишвар Иди саиди Қурбонро, ки аз беҳтарин арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ саршор аст, дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, саъйю талошҳои созанда ва бунёдкорона барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ истиқбол гирифта истодаанд.

Зеро бо шарофати Истиқлолияти давлатии кишварамон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросимҳои суннатию динӣ соҳиби имкониятҳои фаровон гардида, дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накўкориҳо дар кишвари мо мақоми мустаҳкамро соҳиб гашт.

Аз ин ҷост, ки Пешвои муаззами миллат дар аксари мулоқотҳои худ таъкид мекунанд, ки дар шароити давлати озоди демократӣ ва дунявӣ имрўз имкон дорем, ки таълимоти созандаи дини мубини исломро, бахусус, доир ба тарғиби дўстиву муҳаббат ва кўмаку дастгирии байниҳамдигарӣ дар байни тамоми афроди ҷомеа густариш диҳем.

Воқеан ҳам, хайрхоҳу дастгирии бенавоёну бечорагон будан беҳтарин хислатҳои некўи инсони буда, ҳамин фазилат ифодагари асли моҳияти Иди Қурбон мебошад, ки ба шарофати он дастархони оилаҳои камбизоату ниёзманд ҳам ғанӣ мегардад, инсонҳои соҳибдилу ғамхор сари ятимонро сила мекунанд, ба аёдати пирону барҷомондагон ва одамони яккаву танҳо мераванд, меҳру муҳаббати ҳамагон афзоиш меёбад.

Дар иртибот ба ин, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва соҳибкорону шахсони саховатманд дар арафаи ин иди суннатӣ садҳо ҳамдиёрони арҷмандамон дар радифи маъюбону дармондагон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кўдакони ятиму бепарастор бо маводҳои хўрокаву кўмакҳои моддӣ мавриди аёдат қарор гирифта шуданд.

Ҳамзамон бояд хотирнишон созам, ки имрўз даҳҳо нафар аз ҳамшаҳриёни мо дар шаҳри Маккаи мукаррама қарор дошта, зиёрати хонаи Худо мекунанд. Аз ин рў, орзу мекунем, ки ҳаҷашон қабул гардаду, ба ниятҳои некашон расанд ва сиҳату саломат ба Хуҷанди бостонӣ баргарданд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки намозу ибодати аҳли диёр чун ворисон ва пайравони мазҳаби фарзанди фарзонаи миллат Абўҳанифа Имоми Аъзам ҳамешагӣ намози шукронаву садоқат ба Ватан ва саодати ҷомеа хоҳад буд. Зеро танҳо бо орзуи хушбахтии халқ ва хизмати содиқона ба нафъи ҷамъият ҳар фард метавонад бар маснади бузургиву шукўҳ, хонаободӣ ва муҳаббати илоҳӣ мушарраф гардад.

Чунон, ки аз таърихи дини мубини ислом бармеояд ҳар кадоми мо имрўз сабру таҳаммулро бояд пеша карда, ба фардои зиндагӣ некбинона назар намоем. Кинаву адоватро аз дилҳо берун намоем ва пайваста дар хотир дошта бошем, ки мо ҳама аҳли як ватан, зодаву парвардаи як хок, яъне Тоҷикистони азиз ҳастем.

Тавре маълум аст, ҳамаи мо дар арафаи ҷашни пуршукўҳи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бояд хотирнишон созем, ки соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 28-солагии Истиқлолияти худро дар шароити идома доштани равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва ҷаҳони пур аз таззодҳо таҷлил менамояд.

Аз ин рў барои эмин мондан аз таъсири омилҳои манфии раванди фарогири ҷаҳонишавӣ аҳли ҷомеа бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф диҳанд, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори асри навин ҳифз намоянд ва ваҳдати миллиро таҳким бахшанд.

Бино ба таъкиди Пешвои муаззами миллат Истиқлолият ва Ваҳдат ду мафҳуми муқаддасу бо ҳамдигар пайванд буда, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу оромӣ ва дигар арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат мебошад.

Ҳамзамон соли ҷорӣ мардуми сарбаланди тоҷик Иди фархундаи Истиқлолияти давлатиро дар рўзҳое таҷлил намуда истодаанд, ки дар сар то сари кишвари азизамон корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни бошукўҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза гирифтааст.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин муносибат аз тарафи раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода эълон гардидани 1300-рўзи ободониву бунёдкорӣ, дар шаҳри Хуҷанд сохтмони зиёда аз 500 адад иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ шудааст.

Боиси ифтихору сарбаландист, ки дар заминаи нақшаи чорабинии мазкур чун дар тамоми гўшаву канори кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд низ аллакай садҳо адад иншоотҳои гуногуни иҷтимоию маишӣ ва истеҳсолию саноатӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум заминаи воқеӣ гузошта, ба ҳусну таровати шаҳр шукўҳу шаҳомати хосае зам намуданд.

Дар маҷмўъ дар нимсолаи аввали соли 2019 дар доираи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд зиёда аз 133 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шуда, дар арафаи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳи боз даҳҳо адад иншоотҳои гуногуни иҷтимоию истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Боварии комил дорам, ки минбаъд низ мардуми сарбаланди Хуҷанди бостонӣ пуштибонии худро аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода идома бахшида, баҳри боз ҳам ободу зебо гардидонидани шаҳри азизамон саҳми босазои худро хоҳанд гузошт.

Бо таманнои амалишавии ин нияту орзуҳои нек, бори дигар, Шумо ҳамшаҳриёни азизро бо фарорасии Иди мубораки Қурбон табрик намуда, бароятон хушҳолии рўзгор, дастархони пур аз нозу неъмат, барори кору комёбиҳои беназир, сулҳу ваҳдат ва файзу баракати бепоёнро таманно менамоям.

Идатон муборак бод, ҳамдиёрони азиз!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...