(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Имрӯз бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баъди таъмиру азнавсозӣ зерстансияи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор дода шуд. 

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти кори зерстансияи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода назди кормандони соҳаи тандурустӣ ва фаъолони шаҳр баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки бо дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари бунёду азнавсозии иншооти таъиноташ гуногун, ҳамзамон беморхонаву марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар гӯшаву канори вилоят бомаром идома дорад. Соли ҷорӣ баҳри дастгирии соҳаи тандурустии вилоят 3 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Баистифодадиҳии зерстансияи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд баъди азнавсозӣ бо харҷи беш аз 1 миллиону 30 ҳазор сомонӣ дар доираи корҳои бунёдкорӣ дар шаҳри Хуҷанд амалӣ карда шуд. Ин имкон фароҳам меорад, ки барои беш аз 120 ҳазор аҳолии соҳили рости шаҳри Хуҷанд хизматрасонии аввалияи тиббӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз кормандони зерстансияи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд даъват ба амал овард, ки зимни адои вазифаи хизматӣ, бо амри дил, содиқона, поквиҷдона кори фаъолият намоянд, зимни даъвати корафтодагон дар баробари ёрии аввали тиббӣ расонидан, онҳоро ройгон бо доруворӣ таъмин ва ба беморхонаҳо таъҷилан интиқол диҳанд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода гуфт, ки азнавсозӣ гардидани зерстансияи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд имконот ва шароити арзандаро барои табибони ин муассисаи тандурустӣ фароҳам хоҳад овард. Ин имкон медиҳад, ки барои беморон ва корафтодагон хизматрасонии сифатан аъло ба роҳ монда шавад. Давлату Ҳукумат ҳамеша кӯшиш менамояд, ки иқтидорҳои пойгоҳи соҳаи тандурустиро тақвият бахшад ва табибони варзида тамоми амалиёту табобатҳоро дар дохили кишвар ба роҳ монанд.

Аҳли заҳмати зерстансияи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд аз ин таваҷҷуҳу ғамхории Давлату Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки зерстансияи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд ҳанӯз соли 1952 дар назди беморхонаи шаҳрӣ таъсис ёфта, аз соли 1985 чун сохтори алоҳида фаъолият менамояд. Хизматрасонии зерстансияи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд барои сокинони соҳили рости шаҳри Хуҷанд пешбинӣ гардида, алҳол дар ин муассисаи тиббӣ 11 бригадаи хизматрасонии ёрии аввалияи тиббӣ мавҷуд буда, дар мошини ёрии таъҷилӣ таҷҳизоти лозимӣ аз қабили: дастгоҳи барқароркунии кори бомароми дил, сабти барқии дил, дастгоҳи дастии нафаси сунъӣ, лӯлаи оксигеннигоҳдорӣ ва ғайраҳо мавҷуданд. Утоқҳои корӣ бо усули муосир бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби ширкати сохтмонии "Манзили Ориён" таъмиру азнавсозӣ гардидаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...