(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҷамъбастӣ аз рӯйи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи аввали соли равон таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, бо ҳузури Мирҳамудин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар рӯзномаи он ду масъала: натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2019 ва тадбирҳои нақша-чорабинии ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Сипас, Ҷамшед Абдуқаюмзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2019 маърӯза намуда, аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои амалӣ андешида ҷиҳати рушди бонизоми иқтисодии шаҳр ҳамчун қисми таркибии иқтисоди миллӣ дар давраи ҳисоботӣ ба нишондиҳандаҳо ва дастовардҳои назарраси соҳаҳои хоҷагии халқ ноил гардид. Бахусус дар давраи татбиқи ҳадафи чоруми Стратегии миллӣ, саноатикунонии кишварамон ва бо мақсади тавсеаи нуфузи шаҳр ҳамчун минтақаи саноатии вилоят ва таъмин намудани рушди босуръати соҳаи пешбарандаи иқтисодиёт, ҷиҳати вусъат бахшидан ба истеҳсолоти воридотивазкунанда ва афзунгардонии иқтидори содиротӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ шуда истодааст.

Боиси тазаккур аст, ки дар давраи ҳассоси ҷаҳонишавӣ, новобаста аз таъсири омилҳои беруна, ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 589,0 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,4 фоиз афзудааст. Дар ин раванд саҳми корхонаҳои истеҳсолӣ ба монанди ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Қоғази тоҷик”, “Арча-мебел”, “Кимё”, “Таҷпроф” ва “Ариана металлпласт” назаррас мебошад. Боиси қайд аст, ки баҳри рушди соҳаи саноати шаҳр ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардидааст. Дар ин давра номгўи намуди маҳсулотҳои истеҳсолшаванда низ зиёд шуда, аз ҷониби 11 адад корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 93,3 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои муштаракул-манофеъ содирот карда шудааст.

Ҷамшед Абдуқаюмзода таъкид дошт, ки дар раванди рушди иқтисоди миллӣ иҷроиши буҷет ва ислоҳоти андоз тақвият ёфта, дар натиҷа нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр дар ин давра 103,0 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 198,6 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқ гардида (192,8 миллион сомонӣ) 5,8 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 14,8 млн. сомонӣ барзиёд иҷро шудааст.

Ба буҷети маҳаллии шаҳр бошад, ба ҷои 86,3 миллион сомонии пешбинигардида, 91,8 миллион сомонӣ андозу пардохтҳо ворид гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 18,1 миллион сомонӣ ё 24,5 дар сад афзудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ яке аз рисолатҳои ниёгонамон маҳсуб ёфта, дар ин самт бо сафарбаркунии тамоми имкониятҳову захираҳо чораҳои судманд андешида шуда истодааст.

Ҳаҷми маблағгузории асосии ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 133,4 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 100,7 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта мутаносибан 40,1 дарсад ва 36,6 дарсад афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, корхонаҳои пудратӣ ҳаҷми корҳои ба сомон расонидашударо дар қиёс ба соли сипаригашта 9,8 фоиз зиёд намуда, ҳаҷми он ба 97,0 млн. сомонӣ расидааст.

Дар самти ободу зебо ва кабудизоркунӣ дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа 3108 адад дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз ба монанди ардач, санавбар, сарви аризонӣ ва сарвинози шарқӣ шинонида шуданд. Инчунин дар қадди кўчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳо ба миқдори 757,2 ҳазор дона гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ ба монанди буттагули садбарг, петуния, салвия, тагетс ва дигар шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад. Илова бар ин, аз тарафи корхонаву ташкилотҳо, мактабу донишкадаҳо ва соҳибкорон дар маъракаҳои шанбегӣ 2385 адад дарахтони сояафкан, 9038 дона гулҳои ороишӣ ва 12,1 ҳазор дона қаламчаи гули садбарг шинонида шуданд.

Ҷамшед Абдуқаюмзода дар самти рушди маънавӣ ва инкишофи корҳои мафкуравӣ гуфт, ки бо аҳолӣ ва инчунин бо ҷомеаҳои меҳнатӣ ҷиҳати сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, таъмини иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, тарғиби фарҳангу арзишҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, никоҳи хешутаборӣ, зўроварӣ дар оила ва дигар падидаҳои номатлуб зиёда аз 20 маротиба вохўриву мулоқотҳо доир гардиданд. Дар рушди маънавии ҷомеа соҳаи фарҳанг нақши муосиру назаррас мебозад. Дар ин давра 84 чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 87,0 ҳазор нафар тамошобинон иштирок карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки яке аз ҳадафҳои муҳим ин баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии шаҳрвандон тавассути дастгирии табақаи ниёзмандон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат ба ҳисоб рафта, дар арафаи иду ҷашнҳои давлатӣ 3,2 ҳазор оилаҳои камбизоат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбон, ятимони кулл, тарбиятгирандагони хона интернатҳо ва дигар ниёзмандон аёдат карда шуда, дархости 18 нафар шаҳрвандон вобаста ба кумаки моддӣ, молиявӣ ва таъминот бо аробачаҳои маъюбӣ пурра қонеъ карда шуд. Илова ба ин, дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ ва комендатураи ҳарбӣ аз тарафи саховатмандон ва соҳибкорон дастархони идона ороста шуда, барномаҳои консертӣ ташкил карда шуд.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз масъулини дахлдор бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, беҳтар ва рақобатпазиру намудани маҳсулоти истеҳсолшаванда, афзун намудани ҷойҳои нави корӣ, доир ба вазъи савдои чакана, назорати фаъолияти меҳмонхонаҳо, баҳисобгирии амиқи омор ва ғайраҳо пурсиш ба амал оварда, вазифагузориҳои мушаххас намуд.

Маъруф Муҳаммадзода дар ҷараёни кори ҷаласа ҳамчунин аз мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Мӯҳсин Миркамолов, директори генералии КВДК “Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ”-и шаҳр пурсиш ба амал оварда, шуд ва дар самти ҷоннок намудани корҳо дастуру супоришҳо дод.

Хайрулло Ғайбуллозода, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба рафти иҷрои нақшаи баҳоронаи даъвати хизмати ҳарбӣ маълумот ироа намуд. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз фаъолияти сусти Комисияи даъвати ҳарбӣ интиқод намуда, фаъолияти як қатор раисони кумитаҳои маҳаллаҳоро ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард. Дар ин самт кори сусти комиссариати ҳарбии шаҳр низ мавриди интиқод қарор гирифта, барои ислоҳи камбудиҳо муҳлатҳо гузошта шуд.

Аюб Раҳматзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд аз рӯйи масъалаи дуюми ҷаласа доир ба раванди иҷрои нақшаи тадбирҳои 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059, амри Раиси шаҳр аз 7 июни соли 2018, №109 нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ иборат аз 341 банд бо назардошти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ тасдиқ карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар асоси 16 банди нақшаи чорабинии мазкур бо харҷи 102,8 млн. сомонӣ корҳо амалӣ шуда, 133 иншоотҳои гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ бунёд шудааст. Аз ҷумла дар соҳаи маориф 4 иншоот, фарҳангию фароғатӣ 5 иншоот, 3 адад нуқтаҳои савдо ва хизаматрасонӣ, 8 адад бинои истиқоматии баландошёна ва 113 иншоотҳои ҳаётан муҳим сохта шудааст. Дар ин замина 164 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст. Илова бар ин, дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 1432 адад лампаҳо, фурўзонакҳои каммасраф, чароғакҳои ҳархела ва равшанкунакҳои светодиодӣ, 1050 метр ноқилҳои барқӣ насб карда шуда, 14 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, 14 адад даромадгоҳҳо ва 5 адад лифтхо, 2146 м2 боми биноҳо ва 329 метр қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз карда шуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо натиҷагузорӣ аз кори ҷаласа таъкид дошт, ки нишондиҳандаҳои назарраси иҷтимоию иқтисодии давраи ҳисоботӣ маҳсули азму ташаббускории фаъолон, соҳибкорон ва тамоми меҳнаткашони шаҳр мебошад, ки он ба рушди босуботи ҳамаи соҳаҳо мусоидат карда истодааст. Дар оянда низ бояд фаъолиятро ҷоннок намуда, соли ҷориро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намоем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз296
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3773
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта7749
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта27438
mod_vvisit_counterҲамин моҳ39127
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта108843
mod_vvisit_counterҲамагӣ2458188