(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Дар муассисаҳои томактабии шаҳри Хуҷанд баҳри амалӣ намудани Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим ва яке аз самтҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

Дар кӯдакистонҳо ба машғулияти тарбияи ҷисмонӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда, ба воситаи он дар тинати кӯдакон тарбия намудани тарзи ҳаёти солим, ҷусту чолокӣ, далерӣ, ҳушёрӣ, зиракӣ, шуҷоат, пуртоқатӣ ва матонатро талқин менамоянд. Як моҳ инҷониб байни тарбиятгирандагони ширхоргоҳ-кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишии «Офарин» таҳти шиори «Мо кӯдакони хушбахтем» баргузор гардида истодааст.

Мусобиқаи навбатии варзишии «Офарин» дар МТТ№11-и шаҳри Хуҷанд бо тарбиятгирандагони ин муассисаи томактабӣ бо кӯдакистон-ширхоргоҳи №19-и шаҳр сурат гирифт.

Дастаи «Сулҳ»-и тарбиятгирандагони МТТ№11- бо тарбиятгирандагони ин муассисаи томактабӣ бо «Ваҳдат»-и тими кӯдакистон-ширхоргоҳи №19-и шаҳр бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Иштирокдорони мусобиқа аз рӯйи шартҳои давидан аз байни монеаҳо дар шакли морпеч, аз нақб гузаштан, ҳаво додани тӯб ба сабад, ҷаҳиш аз ҳалқа бар ҳалқа, ҳалқача нишон гирифтан, болои тӯпи калон нишаста, ҷастан, ҳалқаҳоро аз болои худ гузаронидан ва ғайраҳоро бо маҳорати баланд ва завқи кӯдакона иҷро намуданд.

Дар натиҷаи қувваозмоӣ байни дастаҳои «Сулҳ» ва «Ваҳдат» бо даст овардани холҳои ягона дӯстӣ ғалаба намуд.

Ба ғолибон ва иштирокдорони мусобиқа туҳфаҳо тақдим карда шуд. Ҷараёни мусобиқаи варзишии «Офарин»-ро намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Нозимова ва маъмурияту мураббиёни кӯдакистонҳои №11 ва №19 мушоҳида намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...