(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба манзили чанде аз собиқадорони меҳнат рафта, онҳоро аёдат намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ин рӯз аз ҳоли собиқадорони арсаи меҳнат Ҳамроҳхон Тоирова, Биҳоҷал Раҳимова, Отаҷон Усмонов ва Ҳусейнбой Файёзов, ки солҳои дароз барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат заҳмат кашида, номбардори кору фаъолияти хеш гаштаанд, хабар гирифта, маводи ниёзи аввал ва маблағҳои пулӣ тақдим намуд.

Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат, Ҳамроҳхон Тоҳирова аз ин таваҷҷуҳу самимият фараҳманд гардида, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карда, шукронаи амнияту оромии давлатро намуд.

Бояд қайд намуд, ки соли 1965 Ҳамроҳ Тоҳирова вакили анҷумани ХХIII КПСС интихоб гардид, гирифтани унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, орденҳои Ленин ва «Ситораи Сурх» насибаш гашт. Ў вакили анҷумани ХХIV КПСС ва съездҳои ХIV, ХV, ХVI, ХVII, ХVIII Партияи коммунистии Тоҷикис-тон низ будааст. Ҳарчанд номи Ҳамроҳ Тоҳирова дар тамоми Иттиҳоди Шуравӣ машҳур шуд, ў савори аспи ғурур набуд, балки фурўтан монд.

Ҳамроҳхон Тоҳироваи 95 сола ба Раиси вилоят изҳор дошт, ки аз набзи кишвар, аз ҷумла шаҳру вилоят тариқи оинаи нилгун бохабар аст. Озодона бидуни кӯмаки пайвандон дар ҳавлӣ гаштугузор менамоянд. Ва ҳамеша дуогуйӣ мардуми заҳматқарини мамлакат аст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Ҳамроҳ Тоҳирова аз аввалин бонувони шаҳри Хуҷанд аст, ки соли 1974 ба муносибати 50-солагиаш ба унвони Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд шарафёб гардид ва ҳамон сол ба нафақа баромад. Чилу панҷ сол аст, ки нафақа мегирад, вале аз корҳои ҷамъиятӣ дар канор нест, дар ҷамъомад аз таҷрибаи зиндагии хеш ҳикоя мекунад, роҳҳои пешрафти худ ва пешбурди коргоҳро ба ҷавонони навкор нишон медиҳад.

Биҳоҷал Раҳимова, ки аз соли 1983 то соли 1989 Котиби кумитаи партиявии вилояти Ленинобод оид ба идеология буд, соли 1989 баъди депутати халқии собиқ ИҶШС интихоб шудан ба ҳайси муовини Раиси Кумитаи Шӯрои Олии ИҶШС оид ба корҳои занон, ҳифзи модарон ва кӯдакон фаъолият дошт. Баъдан дар соли 1990 вайро котиби КМ ПК Тоҷикистон интихоб карданд. Соли 1991 Биҳоҷал Раҳимоваро ба вазифаи хеле масъулиятнок - муовини сарвазири ИҶШС пешбарӣ намуданд. Пасон вай то соли 1992 мудири шӯъбаи барномаҳои иҷтимоии Кумитаи иқтисодии байниҳукуматии Иттифоқи Давлатҳои мустақил(СНГ) ва муовини вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Отаҷон Усмонови 76 сола, ки зиёда аз 55 соли умри худро сарфи таълиму тарбияи шогирдонаш намудааст, алҳол давлати пирӣ меронад. Мавсуф соҳиби 3 фарзанд буда, пайвандонаш дар пайравии ӯ омӯзгори фанни математика гардида, ба насли наврас онро таълим медиҳанд. Отаҷон Усмонов аз ободонии шаҳру вилоят тавсиф намуда, таъкид дошт, ки то ҷон дар рамақ дорад, барои тарбияи шогирдони риштаи илмҳои дақиқ азм хоҳад намуд.

Ҳусейнбой Фаёзов, ки мавсуф низ мавриди аёдати Раиси вилоят қарор гирифт, аз ин таваҷҷуҳ изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки солҳои зиёд дар соҳаи андозу тиҷорат фаъолият дошт ва имрӯз бо амри тақдир дар бистари беморист. Аёдати Роҳбарони шаҳру вилоят ба ӯ нерӯйи дигар ато намуд.

Мавсуф аз заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ гардида, шукронаи нозу неъмат ва амну осоиштагии кишварро намуд. Ва барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ миннатдорӣ баён кард. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки ҳаёту фаъолияти шахсони барӯманд, солдида, соҳибтаҷриба барои насли ҷавон намунаи ибрат аст ва эшон дар пайравӣ ба собиқадорон барои ободонии Ватани соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...