(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд мулоқоти сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд подполковники милитсия Олим Бурҳониён бо муҳассилини ин боргоҳи илму маърифат баргузор гардид.

Нахуст Усмонҷон Юсуфӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд доир роҳҳои пешгирии гаравидани ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ баромад намуда, аз ҷмла афзуд, ки дар замони муосир низ, давлатҳои абарқудрат аз ин фишангҳои эътиқодӣ сўистифода карда, дар мамолики араб ба монанди Сурия, Ироқ, Ливия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Афғонистон вазъро номўтадил ва ноором гардонида истодаанд.

Боиси ташвиш ва нигаронӣ аст, ки дар задухўрдҳои мусалаҳонаи кишварҳои боло номбаршуда шаҳрвандони Тоҷикистон низ иштирок доранд. Яке аз сабабҳои асосии шомил гардидани ҷавонони гумроҳ ба сафи созмону ташкилотҳои байнахалқии террористӣ-экстремистӣ, аз қабили «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат–ан-Нусра» ва ғайраҳо, маҳз дар сатҳи паст қарор доштани маърифату маълумоти динӣ, фарҳангӣ, дунявӣ ва сиёсӣ, суст ба роҳ монда шудани тарбияи онҳо аз ҷониби волидайн, фаъолони ҷомеа, зиёиён, намояндагони расмии дин ва руҳониёни барўманд мебошад. Омили дигари ифротишавии ҷавонони Тоҷикистон таҳсили ғайрирасмии онҳо дар муасиссаҳои динии давлатҳои исломӣ мебошад. Ҷавонони мо дар кишварҳои исломӣ, аз ҷумла мамолики араб дар муассисаҳои таълимии динӣ солҳои тулонӣ таҳсил намуда, пурра фарогири мазҳаби динӣ, фарҳанг, урфу одат ва ҳатто забони онҳо мегарданд ва баъди баргаштан ба ватан тибқи супоришҳои хоҷагони худ ба ташвиқу тарғиб ва паҳн намудани мазҳаб ва фарҳанги ба миллати тоҷик бегона машғул мешаванд.

Сипас, сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд подполковники милитсия Олим Бурҳониён баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки чорабинии имрӯза дар партави мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар сурат мегирад, ки он барои ҳар як шаҳрванд, бахусус барои мутахасисони оянда сабақ ва бардошти хубест.

Олим Бухониён гуфт, ки Роҳбари давлат дар мулоқот тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти молиёти кишварро таҳлил намуда, аз камбудиҳои ҷиддии масъулини соҳа ёдовари намуданд. Ҳамзамон ба сохторҳои зикршуда якҷо бо Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷиҳати бартараф намудани омилҳои ба содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ, ҳолатҳои ғайримақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, ҷиноятҳои иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ мусоидаткунанда ва паст намудани хавфи чунин қонунвайронкуниву ҷиноятҳо баҳри андешидани тадбирҳои иловагӣ супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки бо ин, дар самти баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон ва аз аттестатсия гузаронидани онҳо, татбиқи технологияҳои рақамӣ, ки таъсири омили инсониро бартараф месозад, чораҷӯӣ карда шавад. Роҳбарони Вазорати молия ва раёсату шуъбаҳои минтақавии он, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки ба масъалаҳои банақшагирии дурусти буҷетҳои маҳаллӣ, мутобиқати хароҷот ба меъёрҳои муқарраргардида ва арзёбии имкониятҳои воқеии манбаъҳои андоз эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Маҷмуъан таҳлили таъкидҳои Пешвои миллат аз он бозгӯйӣ менамояд, ки дар баробари пешравиҳо дар самти рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар то ба имрӯз дар фаъолияти соҳаҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо камбудиҳои зиёд низ ба назар мерасанд. Таъкид шуд, ки Ҳукумати кишварро зарур аст, ки барои сари вақт ислоҳ намудани камбудиҳои зикршуда тибқи нақшаи чорабиниҳои алоҳидаи ҳар яке аз мақомоти масъул ва расидан ба нишондиҳандаҳои стратегии кишвар ва барномаҳои соҳавӣ корҳои назоратиро ба таври қатъӣ ба роҳ монад. Таъмин намудани рушди дарозмуддати Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин самт ҳамаи мо масъул мебошем.

Сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд подполковники милитсия Олим Бурҳониён ҳамзамон доир ба қонуншикании ҷавонон андешаронӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки яке аз падидаҳои бисёр ҳам номатлуби ҷаҳони имрӯза- ин гаравиши бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ сабабу омилҳои ин раванди номатлуби иҷтимоиро ҳамеша мавриди баҳс қарор медиҳанд ва роҳҳои дур кардани ҷавонони кишварро аз ин гуна ҳизбҳо меҷӯянд. Яке аз роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро- баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ватандӯстии онҳо мебошад. Қабл аз он, ки мо дар бораи сабабҳои ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон сухан кунем, бояд омилҳои асосии пайваст шудани ҷавононро ба ҳамин гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мушаххас намоем. Омилҳо гуногунанд. Имрӯзҳо дар замони ҷаҳонишавӣ таваҷҷуҳ ба фарҳанги бегона ва бархӯрди андешаҳо хеле зиёд ба назар мерасад. Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза мо бояд ба ҳамин ҷараёнҳои манфии ҷаҳонишавӣ муқобилият карда тавонем. Дар ҳифзи ҳувияти миллии худ ва нигаҳдошти арзишҳои маънавии худ бояд ҳар шахс масъулият дошта бошад.

Мулоқот дар фазои озоду ошкоро сурат гирифт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1651
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3090
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта22767
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта27438
mod_vvisit_counterҲамин моҳ54145
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта108843
mod_vvisit_counterҲамагӣ2473206