(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Бо иқдоми шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар толори хурди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши ҷомеа дар пойдории оила» бо иштироки васеъи аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ мизи мудавварро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки оила асоси ҷомеа, муҳимтарин ячейкаи ҷамъияту давлат мебошад. Маҷмӯи оилаҳо ҷамъиятро ба вуҷуд оварда, устуворӣ ва ноустувории давлат ба он вобастагӣ дорад. Аз назари дигар ҷомеаро бе оила низ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Чӣ қадаре ки оила мустаҳкам бошад ва волидон фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсонгароӣ, хештаншиносӣ ва донишманд тарбия намоянд, ҷамъият низ худро устувор нигоҳ медорад ва дар оянда самараи дилхоҳ медиҳад.

Ободӣ ва солимию маърифатнокии ҷомеа, пешрафти иқтисоду иҷтимоиёти мамлакат ва бунёди зиндагии солим аз маърифати ҳар аъзои оила вобастагии қавӣ дорад. Агар оила ба фарзандон тарбияи дуруст дода, ҷомеаро қаноатманд намояд, албатта давлат ва ҷамъият ҳам ба мақсаду ҳадафҳои худ ноил мегардад.

Сипас, дар ҷараёни кори мизи мудаввар судяи суди шаҳри Хуҷанд А. Мирасилзода дар мавзӯи «Бекоршавии ақди никоҳ ва роҳҳои пешгирии он», Беҳруз Қурбонзода, намояндаи прокуратураи шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Нақши оила дар тарбияи фарзанд», устоди донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Фаридун Ҳодибоев дар мавзӯи «Рукнҳои пойдории оила» Ибодулло Калонзода, имомхатиби масҷиди ҷомеи «Нури Ислом»-и шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Пойдории оила аз нуқтаи назари Ислом», сардори хонаи ақди ниқоҳи шаҳри Хуҷанд Хуршеда Хоҷазода, намояндаи соҳаи тандурустӣ Наргис Ҳасанова дар мавзӯи «Аз модари солим тифли солим» ва дигарон баромад намуда, андешаҳои хешро дар мавриди пойдории оила ва оиладорӣ баён доштанд.

Таъкид гардид, ки Инсон, оила ва ҷамъият–ин се мафҳум муҳимтарин рукнҳои фалсафаи ҳаётанд. Ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносии миллӣ – ин ҳама натиҷаи тарбия дар оила аст, чунки маҳз дар оила фарзанд аввалин маротиба мафҳумҳои Ватан, озодӣ, падар, модар, дин, дӯст доштан, асолати мард ва занро дарк менамояд.

Тарбияи оилавӣ зуҳуроти ҳама гуна тарбият аст, зеро маҳз дар муҳити оила бо кӯшишҳои волидайн, пайвандон ва хешовандон насли наврас аз ҷиҳати ахлоқӣ, ҷисмонӣ, зебоишиносӣ, меҳнатдӯстӣ, рафоқат, дӯстӣ, озодипарастӣ, шинохти неку бад тарбият меёбад. Давлат ва ҷамъият аз оилаҳои устувори маърифатнок, соҳибкасб, ихтисосманд, ҷаҳондида ва ҳамаҷиҳата баркамол ташаккул ёфта бошад, манфиати бештар мегирад. Агар дар ҷомеа аксуламали ин тадбирҳо, яъне вайроншавии оилаҳо, зӯроварӣ нисбат ба зан, тарбияи нодурусти фарзандон, махсусан, писарон мушкилиҳои дигар дучор ояд, пас ба ҷомеа хатар таҳдид меоварад.

Интихоби дуруст дар бунёди оила омили муҳими мустаҳкамии ҷамъият ва ободии давлат мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...