(0 овоз, миёна 0 аз 5)

ДУШАНБЕ, 30.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргардонидани кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик дар назар аст. Ин иқдом маротибаи чандум аст, ки хуб ба роҳ монда шуда, то ба имрӯз чанд тан аз кӯдакони тоҷик аллакай ба Ватан баргаштаанд.  Дар ин росто  коршиноси масоили сиёсӣ, корманди масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ  ақидаҳои худро чунин иброз дошт.

— Назари шумо оид ба омилҳои дар кишварҳои ҷангзада қарор доштани кӯдакони тоҷик ва сарнавишти талхи онҳо чӣ гуна аст? Онҳо ба чӣ мушкилоте рӯ ба рӯ гаштаанд?

— Мушкили асосӣ он аст, ки ифротгароии динӣ ба рӯҳия ва ахлоқи шахсии инсон, ба муносибати ӯ ба муҳит ва ба робитаҳои ҷамъиятии шахс таъсири бисёр ҷиддӣ мегузорад. Ба хотири он ки падару модар, хоҳару бародар, хешу пайвандон, дӯстону ҳамкорон, устодон мисли ӯ ақида надоранд, онҳоро маҳкум карда ва ошкоро таҳдид мекунад. Барои ба дигарон таҳмил намудани фаҳмиши худ аз истифодаи зӯроварӣ ва хушунату бераҳмӣ худдорӣ намекунад. Бинобар ин ҳам дар бештари мавридҳо ифротгароён ҳамсарони худро бо роҳи хушунату таҳдид ба минтақаҳои ҷангзада бурда, онҳоро сарсону саргардон ва баъзеашонро аз ҳаёт маҳрум кардаанд.

Тасаввур кунед, ки ифротгароён зану фарзандонашонро ба кишварҳои ҷангзада бе ягон дурандешӣ мебаранд. Ҳодисаҳое буданд, ки ҳамсарони ҷанговарони ДИИШ дар ҳамон ҷо таваллуд мекунанд. Албатта ин кӯдакон дар ҳамон муҳиту шароти номусоид, яъне ҷангу ҷидол ва хунрезӣ ба воя мерасанд. Фарз кардем аз соли 2011 то ба имрӯз 8 сол мегузарад ва онҳо ба синни 8-солагӣ қадам монданд. Аммо он кӯдаконе, ки аз Тоҷикистон 3-солаю 5-сола ва ғайра буданд, аллакай ба балоғат расидаанд.

Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, терроризм имрӯз хусусияти пайванд додани хушунат ва даҳшатафканӣ тавассути расонаҳои иттилоотиро ба роҳ мондааст. Бештари расонаҳо низ дар навбати худ дар барҷаста сохтани таҳдидҳои террористҳо дар афкори омма зеҳниятсозӣ мекунанд, тарсу ваҳшатро дар дили одамон ҷо менамоянд ва ба террористҳо дар таблиғи мақсадҳояшон ёрӣ мерасонанд.

Аз баъзе расму наворҳо ба мо маълум аст, ки ифротгароёне, ки фирефтаи дурӯғҳои мубаллиғони ДИИШ гаштаанд, дар он ҷо ба кӯдакони худ, ки нав роҳгардиро меомӯзаду як-ду қадам мегузорад, дар гардани онҳо автомат бор мекунанд, то ба муҳит мутобиқ шавад ва дар оянда чун ҷангҷӯй обутоб ёбад.

Ба каме бузургтарҳояш  тавассути навор ва дар шакли зинда паррондан ва куштани одамро нишон медиҳанд. Ҳолатҳое буданд, ки ба дасти кӯдакон корд медоданд, то сари асиронро аз тан ҷудо созад. Аз ин тарзи тарбияи ҷангҷӯён ҳама тавассути васоити ахбори омма, Интернет ва дигар воситаҳо хабар доранд.

Вақте кӯдак дар ин гуна муҳит тарбия ёфт, гарчанде ақл ҳам надошта бошад, вале ба он одат мекунад. Барои ин кӯдак куштани инсон, тирпарронӣ, оташ задани хона ва ғайраҳо як амри маъмулӣ мегардад. Таъсири чунин мағзшӯиҳо буд, ки ҳодисаҳои нангини бо дасти фарзанд куштани модар ба вуқӯъ пайваст.

Кӯдак аз замони таваллуд бо аввалин муҳити иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуда, ҳанӯз тасаввури мушаххасе аз некию бадӣ надорад ва вақте бо чунин хушунатҳо рӯ ба рӯ мешавад, дар ӯ низ хислатҳои баду иртиҷоӣ пайдо мегардад.

— Яъне ин кӯдакон аз ҷиҳати равонӣ осебпазиранд ва мафкураи онҳо дар муҳити солим ташаккул наёфтааст. Барои барқарор кардани ин ноқисиҳо чӣ гуна имкониятҳо мавҷуд аст?

— Бубинед, ки мағзи кӯдак чи гуна табдил меёбад, мафкураи бегона ба он ҷой мегирад, самти ба ташкилотҳои террористӣ мувофиқро қабул мекунад. Он чизе, ки дар мафкура ҳаст, ба воситаи амал воқеӣ мешавад. Амали инсон вобаста ба мафкура, ҷаҳонбинӣ, маърифати ботинии он роҳандозӣ мегардад.

Хушбахтона, солҳои охир теъдоди ҷавононе, ки фирефтаи мубаллиғони ДИИШ мешаванд, хеле коста шудааст. Ин натиҷаи кори хуби назарраси дастгоҳҳои таблиғотии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз радиову телевизион ва матбуот сар карда, то дигар тадбирҳои таъсиррасон. Яъне тамоми ҷомеаи Тоҷикистон кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд, то ба натиҷаи дилхоҳ бирасанд.

Аммо баргардонидани кӯдакон мавзӯи дигар асту баргардонидани волидони онҳо, мавзӯи дигар. Калонсолон аз рӯи хости худашон, пайрави ДИИШ шуду ба он ҷо рафтаанд. Аммо кӯдаке, ки ақл надошт, ҳамроҳи падару модараш рафт ё дар ҳамон ҷо ба дунё омад. Дар ҳамон муҳит тарбия ёфт, дар мафкураи он кӯдаки бечора ба ғайр аз ҷангу куштору одамбадбинӣ ва гуруснагию дигар маҳрумиятҳо дигар чизе нест.

Муҳити имрӯзаи Тоҷикистон муҳити осоиштагӣ, серию пурӣ ва ваҳдати миллӣ аст. Дар он ҷо муҳит тамоман дигар аст – ҷанг, хунрезӣ, одам ба одам чун гург менигарад, умуман мафҳуми дӯстию рафоқат нест.

— Пас, чӣ бояд кард? Дар вақти кор бо ин кӯдакон кадом ҷиҳатҳо бояд ба назар гирифта шавад?

— Баъд аз овардани кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзада, бояд ҳатман ҳамроҳи онҳо равоншиносони кӯдак кор кунанд, то онҳоро аз вазъи таҳрифшудаи равонӣ бароранд. Бо майнаи сари инсон, бо мафкураи инсон кор кардан роҳи мушкил аст, вақт тақозо мекунад, ҳатто маҳорату донишу малакаро талаб мекунад. Барои ҳамин ҳам, вақте онҳоро баргардониданд, бояд бо калонсолон дар алоҳидагӣ ва бо кӯдаконе, ки дар урдугоҳҳо ва зиндонҳо буданд, дар алоҳидагӣ машғул шуд, зеро мафкураи онҳо аз мафкураи кӯдакони ин сарзамин тафовути зиёд дорад. Кӯдаконе, ки дар муҳити ҷангу хушунат тарбия ёфтаанд, эҳсоси хударзишмандиро низ аз даст додаанд.

Бо онҳо бояд мутахассисони варзида кор карда, ба мафкураашон идеяҳои инсондӯстӣ, сулҳу ваҳдат, ёрии ҳамдигарӣ ва меҳнатдӯстию ватандӯстиро талқин кунанд.

Хуб мешавад, агар заминаҳои фитрии кӯдаконро ба назар гирифта, арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ ва амалии онҳоро тақвият диҳанд. Албатта, ин раванд ҳам вақти зиёдеро тақозо мекунад. Итминони комил дорам, ки  ин иқдоми нек самараи зиёдеро ба бор хоҳад овард.

— Барои суҳбати ҷолибатон ташаккур!

Воқеан, баргардонидани кӯдаконе, ки бо амри тақдир вориди марзи Ироқ гардидаанд, амали солеҳ ва миллатдӯстона мебошад. Аммо барои ба рӯҳияи ватандӯстию миллатсолорӣ баргардонидани ақоиди ин насли қурбонӣ кори саҳлу сода нахоҳад буд. Умед дорем, ки дар ин самт низ муваффақ хоҳем буд. Дар масъалаи ҷавонони пушаймоншуда бошад, назари ҳамаи коршиносон он аст, ки назорат бурдан аз болои онҳо ва дар заминаи он таъмини амнияти ҷамъиятӣ кори танҳо мақомоти қудратӣ нахоҳад буд ва ҳар яки моро мебояд дар ин раванд фаъол бошем. Вагарна ин ҷавонон метавонанд заминаи ифротгароӣ дар ҷомеа гарданд.

Суғдмеҳри МАЪРУФЗОД,
АМИТ «Ховар»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз666
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2399
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта666
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта19872
mod_vvisit_counterҲамин моҳ76401
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта100548
mod_vvisit_counterҲамагӣ2124027